quron02

Тавба чист? “Тавба” дар асл ба маънои “бозгашт” аст ва дар Қуръон ҳаргоҳ дар мавриди инсон ба кор бурда шавад, ба маънои бозгашт аз гуноҳ аст.

Дар Қуръони Карим аятҳои фаровоне дар бораи тавба омадааст, ки баъзе аз онҳоро дар инҷо зикр мекунем.

а- Амр ба тавба:

وَ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ إِنَّ رَبىِّ رَحِيمٌ وَدُود

“Аз парвардигоратон омурзиш бихоҳед онгоҳ ба сӯи ӯ тавба кунед. Ҳамоно Парвардигори ман меҳрубон ва дӯстдор(-и бандагон) аст”

в- Пазириши тавба:

وَ هُوَ الَّذي يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبادِهِ وَ يَعْفُوا عَنِ السَّيِّئاتِ وَ يَعْلَمُ ما تَفْعَلُونَ

“Худованд тавбаи бандагонро мепазирад ва гуноҳонашонро мебахшад”

г- Воҷиб кардани бахшишу раҳмати бандагон бар худ:

وَ إِذا جاءَكَ الَّذينَ يُؤْمِنُونَ بِآياتِنا فَقُلْ سَلامٌ عَلَيْكُمْ كَتَبَ رَبُّكُمْ عَلى‏ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ أَنَّهُ مَنْ عَمِلَ مِنْكُمْ سُوءاً بِجَهالَةٍ ثُمَّ تابَ مِنْ بَعْدِهِ وَ أَصْلَحَ فَأَنَّهُ غَفُورٌ رَحيمٌ

“Ва ҳар гоҳ касоне, ки ба нишонаҳои мо имон меоваранд назди ту оянд, пас бигӯ: салом бар шумо бод! Парвардигоратон, раҳматро бар хештан муқаррар кардааст, ки ҳар кас аз шумо кори баде аз рӯи нодонӣ анҷом диҳад, сипас баъд аз он тавба карда ва худро ислоҳ намояд, пас ҳатман Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрварз аст”

д- Бахшида шудани гуноҳе, ки аз руи нодонӣ ва ғафлат сар мезанад

إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلىَ اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٍ فَأُوْلَئكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيهِْمْ وَ كاَنَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمً

«Тавба назди Худованд, танҳо барои касоне аст, ки аз рӯи нодонӣ муртакиби гуноҳ мешаванд, сипас ба зудӣ тавба мекунанд, инонанд ки Худо тавбаашонро мепазирад, ва Худованд донои Ҳаким аст 

е- Тавбаи фаврӣ баъд аз гуноҳ сабаби бахшиш аст:

وَ مَن يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللَّهَ يَجِدِ اللَّهَ غَفُورًا رَّحِيمً

“Касе, ки кори баде анҷом диҳад ё бар худ ситам кунад ва сипас аз Худо омурзиш бихоҳад, Худовандро омурзанда ва меҳрубон меёбад “

ё- Эъломи дустии Худованд бо тавбакунандагон ва покон

Илова бар ин ки Худованд тавбапазир аст, тавбакунандагонро ҳам дӯст дорад.

إِنَّ اللَّهَ يُحُبُّ التَّوَّابِينَ وَ يحِبُّ الْمُتَطَهِّرِي

“Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад “

Бешак тавбаи ҳақиқӣ ва дорои шароит, сабаби бахшиши гуноҳон мегардад. Далели ин сухан оятҳо ва ривоятҳои зиёде аст, ки дар ин бора омадааст.

3- Тавбаи воқеӣ ва шароити он

Ҳамон тавре ки медонем ҳар коре, ки бо аҳамият ва дорои фоидаи фаровон бошад, ҳатман шароите дорад, ки бояд он шароит муҳаё шавад то кори мо натиҷабахш бошад. Тавба ҳам ҳамин тавр аст ва бояд шароиташро муҳайё кунем то тавбаи мо қабул гардад. Дар ривоятҳо барои тавбаи ҳақиқӣ шароитҳое номбар шудааст:

1. Пушаймонӣ аз таҳти дил,

2. Талаби бахшиш бо забон,

3. Рафтори нек ва тарки гуноҳ,

4. Қасди барнагаштан ба суи гуноҳ.

Агар инсони мусулмон ин шароитро риоят кунад, Худованд илова бар ин ки гуноҳони ӯро мебахшад, онҳоро табдил ба ҳасана мекунад. Ҳамонтавре ки Худованд мефармояд:

“... مَن تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا

“ ... касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад пас Худованд бадиҳояшонро ба некӣ табдил мекунад ва Худо ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст”.

4- Ноумеди аз бахшида шудан, худ гуноҳи бузург аст

Гоҳе инсонҳоеро мебинем, аз бахшидашудан дар даргоҳи илоҳӣ ноумеданд ва мегӯянд мо дигар бахшида намешавем, зеро, ки гуноҳи бисёр анҷом додаем. Ин гуруҳ бояд бидонанд, ки ноумед шудан аз даргоҳи Худованд худаш гуноҳи кабира аст, бинобар ин набояд инсон аз даргоҳи Худованди меҳрубон ноумед шавад, зеро ки Худованд мефармояд:

“... َلاَ تَيْأَسُواْ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِنَّهُ لاَ يَيْأَسُ مِن رَّوْحِ اللّهِ إِلاَّ الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ

“ ... аз раҳмати Худо ноумед нашавед, ки ҷуз гуруҳи кофирон аз раҳмати Худо ноумед намешванд”.

Пас агар кори хатое муртакиб шудем чи кор кунем? Куҷо равем?

Шоир аз забони Қуръон мегуяд:

Боз ой, боз ой, ҳарон ки ҳасти боз ой,

Гар кофиру габру бутпарастӣ боз ой.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ боз ой.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст