quronn

Дар ин бора ривоятҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки ба баъзе аз онҳо дар инҷо  ишораи кутоҳ мекунем:

а- Аз байн рафтани алоқаи байни бародарони динӣ ва эҷоди душманӣ ва кинаварзӣ байни онҳо

قال رسول الله(ص): لاَ تَسُبُّوا النّاسَ فَتَكْتَسِبُوا الْعَدَاوَةَ بَیْنَهُمْ

Расули Худо(с) фармуданд: “Ба мардум дашном мадеҳ, зеро боис мешавад, ки аз онҳо касби адоват ва душманӣ кунед”.

Носазогӯ лаёқати дӯстӣ надорад

قال علی(ع): وَ لَا تَتَكَلَّمُوا بِالْفُحْشِ فَإِنَّهُ لَا یَلِیقُ بِنَا وَلَا بِشِیعَتِنَا وَإِنَّ الْفَاحِشَ لَا یَكُونُ صَدِیقاً

Ҳазрати Алӣ(а) “Дар суханатон аз ҳақорат истифода накунед чаро ки ҳақорат ва бадзабонӣ зебандаи мо хонадон ва пайравони мо нест ва инсони бадзабон шоиста ва лаёқати дӯстиро надорад”.

в- Бе баҳра мондан аз зиндагии хуб

قال علی(ع): مَن سَاءَ لَفْظُهُ سَاءَ حَظُّهُ

Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: “Касе, ки суханаш зишт ва накӯҳида бошад, баҳрааш аз зиндагӣ бад хоҳад буд”.

1.       Дур шудани афроди хуб аз атрофи бадзабон

قال علی(ع): إیّاکَ وَ ما یَستَهجَنُ مِنَ الکَلامِ فَإنَّهُ یَحبِسُ عَلَیکَ اللِّئامَ وَ یُنَفِّرُ عَنک الکِرامَ

Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: “Аз ба забон овардани суханони зишт барҳазар бошед, зеро фурумоягонро гирди ту ҷамъ ва гаронмоягонро аз ту гурезон мекунад”.

2. Бадзабонон бадтарин бандагони Худоянд

قال رسول الله(ص): اِنَّ مِن شَرِّ عِبادِ اللهِ مَن تُکرَهُ مجالستَهُ لِفُحشِهِ

Расули Худо(с) фармуданд: “Яке аз бадтарин бандагони Худо касе аст, ки ба сабаби бадзабонӣ ва дашномдоданаш, ҳамнишинӣ бо ӯ нохушоянд бошад”

قال رسول الله(ص): اِنَّ شَرَّ الناس مَنزِلَةً عِندَ اللهِ يَومَ القِيامَةِ مَن وَدَعَهُ أَو تَرَكَهُ الناس اِتِقاءَ فَحشِهِ.

Расули Худо(с) фармуданд: “Бадтарини мардумон дар рӯзи қиёмат аз назари ҷойгоҳ касе аст, ки мардум аз тарси носазогӯии ӯ, вайро тарк кунанд”.

Бо таваҷҷуҳ ба оёти Қуръон ва ривоёт ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки бадзабонӣ гуноҳи бузург ва як навъ бемории ахлоқӣ аст, ки бояд онро аз худ дур кунем.

Роҳҳои наҷот аз бадзабонӣ;

Бисёри вақт инсонҳо ба хотири ғафлат ва дурӣ аз ёди Худованд, саволу ҷавоби олами қабру ҳисобу китоби рӯзи қиёмат, дучори гуноҳ мешаванд. Аз ин рӯ ҳар мусалмоне бояд ба хотир дошта бошад, ки барои наҷот аз ин рафтори бад ва гуноҳи бузург, то ҷое, ки метавонад ба ёди Худо бошад ва ҳаргоҳ эҳсос кард, ки ба ин гуноҳ наздик шудааст, ба ёди натиҷа ва оқибати он бошад. Ба ёди он бошад, ки Худованди Ҳаким дар Қуръони Карим мефармояд ҳаргоҳ инсоне амалеро анҷом медиҳад, шоҳидоне дар атрофи ӯ назоракунандаи амали ӯ ҳастанд ва дар рӯзи қиёмат, ки рӯзи муҳим аст, ба корҳои инсон гувоҳид медиҳанд.

1- Шоҳидони аъмол

Бар асоси оятҳои Қуръони Карим ва баъзе аз ривоятҳо дар рӯзи қиёмат гувоҳоне ҳаст, ки ба корҳое, ки мо дар дунё анҷом додаем гувоҳӣ медиҳанд. Гувоҳони аъмоли мо иборатанд аз:

2- Худованди огоҳу тавоно:

إِنَّ الَّذِینَ آمَنُوا وَالَّذِینَ هَادُوا وَالصَّابِئِینَ وَالنَّصَارَى وَالْمَجُوسَ وَالَّذِینَ أَشْرَکُوا إِنَّ اللَّهَ یَفْصِلُ بَیْنَهُمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ إِنَّ اللَّهَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ شَهِیدٌ

“Ҳамоно касоне, ки имон овардаанд, ва яҳуду ситорапарастон ва насоро, ва маҷусу мушрикон, Худованд дар миёни онҳо дар рӯзи қиёмат доварӣ мекунад (ҳақро аз ботил ҷудо мекунад) ва Худованд бар ҳар чизе гувоҳ аст”

3- Паёмбари Акрам(с)

"فَکَیْفَ إِذَا جِئْنَا مِن کُلِّ أمَّةٍ بِشَهِیدٍ وَجِئْنَا بِکَ عَلَى هَـؤُلاء شَهِیدً"

“Ҳоли онҳо чигунааст он рӯзе, ки аз ҳар уммате шоҳиде ва гувоҳе меоварем, ва туро(хитоб ба Паёмбар(сав) низ бар онон гувоҳ хоҳем овард”

4- Фариштаҳо

1-    Фариштаҳо роҳнамо ҳастанд;

وَجَاءتْ کُلُّ نَفْسٍ مَّعَهَا سَائِقٌ وَشَهِیدٌ

“Ва ҳар шахсе меояд дар ҳоле, ки ҳамроҳи ӯ (фариштаи) ронанда ва гувоҳидиҳанда аст”.

2- Ӯ зоти пок нигоҳбони мост;

وَ إِنَّ عَلَيْكُمْ لحَفِظِينَ * كِرَامًا كَاتِبِينَ * يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ

“ва қатан барои шумо нигаҳбононе аст, ки арҷуманд, (ва) дар ҳоле, ки ончиро анҷом медиҳед медонанд.”

3- Аз раги гардан ба ӯ наздитрем;

*وَ لَقَدْ خَلَقْنَا الْانسَانَ وَ نَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَ نحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ * إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ الْيَمِينِ وَ عَنِ الشِّمَالِ قَعِيدٌ * مَّا يَلْفِظُ مِن قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ*

“Ва яқинан инсонро офаридем ва ончи нафсаш бар он васваса мекунад медонем, ва мо аз раги гардан ба ӯ наздиктарем. (Ёд кун) ҳангомеро, ки ду (фариштаи) дарёфкунандае, ки аз (тарафи) рост ва аз (тарафи) чап дар ҳоле, ки (дар камин) нишастаанд, (аъмоли инсонро) дарёфт медоранд (инсон) ҳеҷ сухане талафуз намекунад магар онки ӯ назди ӯ (фариштае) нигоҳбон омода (сабт) аст”.

5- Замин

یَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخْبَارَهَا

“Дар он рӯз замин ахбори худро бозгӯ мекунад”.

- Аъзои бадан

یَوْمَ تَشْهَدُ عَلَیْهِمْ أَلْسِنَتُهُمْ وَأَیْدِیهِمْ وَأَرْجُلُهُم بِمَا کَانُوا یَعْمَلُونَ

“Рӯзи қиёмат забон ва дасту по ба сухан омада ва бар зидди инсон гувоҳӣ медиҳанд”.

6- Номаи аъмол

وَوُضِعَ الْکِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِینَ مُشْفِقِینَ مِمَّا فِیهِ وَیَقُولُونَ یَا وَیْلَتَنَا مَالِ هَذَا الْکِتَابِ لَا یُغَادِرُ صَغِیرَةً وَلَا کَبِیرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا وَ وَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا وَلَا یَظْلِمُ رَبُّکَ أَحَدًا

“Ва китоб (китобе, ки номаи аъмоли инсон аст) дар онҷо гузорида мешавад, пас гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чи дар он аст, тарсон ва ҳаросонанд ва мегуянд: эй вой бар мо! ин чӣ китобест, ки ҳеҷ амали кӯчаку бузургеро фурӯ нагузоштааст, магар ин ки онро ҳисоб кардааст ва ҳамаи аъмоли худро ҳозир мебинанд ва Парвардигорат ба ҳеч кас ситам намекунад”.

Ҳол таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки худдорӣ аз ҳақорат кардану носазогуӣ осонтар аст ё шармандагӣ дар додгоҳи илоҳӣ бо ҳозир будани чунин шоҳидоне, ки бар аъмоли мо шаҳодат медиҳанд?. Агар инсони мусалмон андаке ба ин шоҳидон таваҷҷӯҳ дошта бошад, забон ба сухани бад намекушояд ва даст ба анҷоми корҳои бад намезанад.

Як мисоли содда: Агар дар рӯбарӯи мо як дурбини тасвирбардорӣ (камера) гузошта бошанд ва бо мо суҳбат кунанд, мо суханони бад намезанем ва болотар аз он, эҳтиёт мекунем, ки ҳаракатҳоямон низ дуруст ва зебо бошанд. Чаро? Зеро ки медонем он дурбин (камера) корҳои моро дар худ захира мекунад ва мумкин аст, як вақт касоне онро тамошо кунанд ва дар бораи мо назар бидиҳанд. Агар аҳёнан аз мо амали нодурустеро бигирад кушиш мекунем пеш аз он ки онро касе тамошо кунад онро пок карда аз байн бибарем. Пас биёем ин шоҳидонеро, ки Худованд онҳоро ном бурдааст ба андозаи як камераҳам бошад ба онҳо эътиқод ва бовар дошта бошем то дар наздашон аз мо коре сар назанад ва ё сухани баде набарояд, ки дар рузи қиёмат онро ба ҳама нишон диҳанд ва сабаби шармандагии мо гардад. Агар бар асари ғафлат ин амали хаторо анҷом додем, боят зуд ба фикри пок кардани он аз номаи амаламон бошем.

Ҳамон тавре, ки созандаи дурбин дукмаеро барои аз байн бурдани тасвири дурбин дар назар гирифтааст, Худованди бахшоянда низ барои аз байн бурдани гуноҳон, барои мо роҳеро нишон додааст, ки он тавба кардан ба даргоҳи Худованди Тавбапазир аст.

Худованд дар оёти нуронии Қуръони Карим бандагонро ба тавба фармон додааст ва худро тавбапазир муаррифӣ кардааст то бандагоне, ки аз анҷоми корҳои бад пушаймон шудаанд роҳи бозгаште дошта бошанд. Роҳе дошта бошанд, ки ин аъмоли нописандро аз номаи амалашон пок кунанд то ба назди он поки беҳамто Аллоҳ Субҳонаҳу бозгардад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст