Дар ин мавзуъ ривоятҳои зиёд мебошад, вале бо овардани андаке аз онҳо дар ин навиштр басанда мекунем.
а- Бадзабонӣ ва дашном аз гуноҳони кабира аст
Дар ривоят аст, ки Расули Худо(с) фармуданд: “Аз бузургтарин гуноҳони кабира дашном додани мард ба падару модари худ аст, ба Паёмбар(с) гуфтанд: Эй расули Худо, раҳмату дуруди Худо бар шумо бод, чигуна мешавад, ки мард ба падару модари худ дашном диҳад? Ҳазрат фармуданд: касе ки ба дигарӣ дашном медиҳад, пас ӯ (дар муқобил) падару модари вайро дашном диҳад”.
б- Бадзабонӣ сабаби бебаракатии рӯзӣ
Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Ҳар кас ба бародари мусулмони худ дашном диҳад, Худованд баракатро аз рӯзии ӯ мебардорад, ва ӯро ба худаш раҳо мекунад ва зиндагияшро табоҳ месозад”.
в- Дашномдиҳанда дуртарини мардум ба Расули Худо(с);
Расули Худо(с) фамуданд: “Оё шуморо ба дуртарини шумо дар шабоҳат ба худам хабар бидиҳам? Гуфтанд: Оре эй расули Худо! Паёмбар(с) фармуданд: Ӯ касе аст, ки аз дашном додан ва шунидани дашному ҳақорат парвое надорад”. Пас касонеро, ки дашномдиҳанд ба суннати расул амал накарданд ва пайрави у ба ҳисоб намоянд.
г- Ҳаром будани биҳишт бар дашномдиҳанда ва бадзабонон;
قال رسول الله(ص): الْجنَّةُ حرامٌ علی كُلِّ فاحِشٍ اَنْ یَدخُلَها
Расули Худо(с) фармуданд: “Даромадан дар биҳишт бар ҳақоратчӣ ҳаром аст"
قال رسول الله(ص): إِنَّ اللَّهَ حَرَّمَ الْجـَنَّةَ عَلَی كُلِّ فَحَّاشٍ بَذِیٍّ قَلِیلِ الْحَیاءِ لَا یُبَالِی مَا قَالَ وَلَا مَا قِیلَ لَهُ...
Расули Худо(с) фармуданд: “Худованд бар ҳар носазогӯи беобрӯ ва камшарме, ки боке надорад аз он чи гӯяд ва он чи ба ӯ гуянд биҳиштро ҳаром кардааст “.
д- Бадзабонӣ нишонаи пастӣ;
قال على(ع): ما أَفحَشَ کرِیمٌ قَطُّ
Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Инсони бузургвор ҳаргиз дашном намедиҳад”.
قال علی (ع) :سُنَّةُ اللِّئامِ قُبْحُ الْكَلامِ
Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: “Равишу маниши инсонҳои паст бадгуӣ ва бадзабонӣ аст”.
е- Бадзабонӣ душманӣ бо Худо
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ(ص): إِنَّ اللَّهَ یُحِبُّ الْحَیِیَّ الْحَلِیم ... أَلَا وَإِنَّ اللَّهَ یُبْغِضُ الْفَاحِشَ الْبَذِیَّ
Расули худо(с) фармуданд: “Худованд бандаи боҳаёи бурдборро дуст дорад ва бар дашномдиҳандаи бешам хашм мекунад”.
з- Дур будани дашномдиҳанда ва носазогӯ аз муҳаббати Худо
قال رسول الله(ص):اِیَّاكُمْ وَالْفُحْشَ فَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَا یُحِبُّ الْفَاحِشَ الْمُتَفَحِّشَ
Расули Худо(с) фармуданд: “Аз носазогӯӣ ва фаҳш барҳазар бошед, зеро Худои Таоло носазо ва носазогӯро дӯст надорад”.