Асосан тадабубур ва андешаварзӣ ва хирадварзӣ мавриди таъкиди дин аст чаро, ки инсонро ба сӯи Худо ва илоҳӣ шудан ва ободони ҳаёти дуняви ва ухравиаш савқ медиҳад ва дар ин сурат аст, ки бунёди усули ақидати низ дар одами мустаҳкам мегардад ва инсон метавонад ақоиди саҳеҳи исломиро дар арсаи андешаи хеш фароҳам оварад.
Аҳмаияти тафаккур ва тадаббур
Қуръони Карим ва аҳодиси гироми исломӣ инсонҳоро ба тафаккур фаро хондаанд. Қуръони Маҷид тафаккур ва андешиданро аз авсофи хирадмандон ба шумор оварда аст ва мефармояд:
انّ فی خلق السموات و الارض و اختلاف اللّیل و النّهار لآیات لاولی الألباب
“Ҳамонодархалқиосмонҳовазаминваихтилофишабурӯзнишонаҳоеастбароисоҳибонитафаккур.” (сураи Оли Имрон, ояти 190.)
Дар Қуръони Маҷид барои хирадмандон авсофи бисёр зикр шуда аст ва аз онҳо бо иборатҳои мухталифе ёд шуда аст назири улул албоб. Илова бар Қуръони Карим, ҳадисҳо ва ривоёти бисёре дар аҳамияти тафаккур ва тадаббур вуҷуд дорад. Аз он ҷумла ҳадисе аз Расули Худо(с) аст, ки ба Ибни Масъуд фармуданд: Эй Ибни Масъуд! Ҳаргоҳ хости коре куни аз рӯи дониш ва хирад бошад, аз кори бидуни тадаббур ва дониш бипарҳез чаро ки Худои ҷалил мефармояд:
و لا تکونواکالّتی نقضت غزل ها من بعد قوه اُ نکاثا “Монанди он зан набошед, ки бофтаашро пас аз онки муҳкам мекард аз ҳам мегусаст ва ришта ришта мекард.” (Сураи Наҳл, ояти 92.)
Ҳамчунин мефармояд: Ду ракъат намози сабуки бо тадаббур аз намоз дар тамоми шаб беҳтар аст ва боз мефармояд: Нишонаи хирадманд ин аст, ки ҳаргоҳ хост сухан бигуяд тадаббур мекунад, агар муфид буд сухан мегуяд ва суд мебарад ва агар зиёнбор буд хомуш мешавад ва дар амон ва саломат мемонад.
Тавсияҳои Пайғамбар(с)
Ҳазрати Содиқ(а) фармуданд: Шахсе назди Расули Худо(с) омад ва арз кард: Эй Расули Худо! Тавсия ва суфорише ба ман кунед. Он ҳазрат то се бор аз ӯ пурсиданд: агар супорише кунам анҷом медиҳи? Он шахс дар ҳар се бор ҷавоб дод. Бале, эй Расули Худо! Ҳазрати Расули Акрам(с) фармуданд: Ба ту супориш мекунам, ки ҳаргоҳ хости коре анҷом диҳи дар бораи саранҷоми он тадаббур кун, агар мояи рушду ҳидоят буд анҷом бидеҳ ва агар мояи гумроҳи буд аз он бипарҳез. Бар асоси фармоиши Расули Акрам(с) дар ростои омузаҳои қуръонӣ, тадаббур ва тафаккур дар умуру оқибати корҳо мавриди супориши асоси ислом аст ва бидуни он, хирад ва андешаи одами бефоида ва дар роҳи носаҳеҳ хоҳад буд.
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: قوام العیش حسن التّقدیر و ملاکه حسن التّدبیر
“Устувори зиндагӣ ба барномарези некӯ ва санҷиши он ба дурандеши некӯст.”
Вижагии ислом!
Шахсе аз ҳазрати Алӣ(к) дар бораи вижагиҳои ислом пурсид. Он ҳазрат фармуданд: Худои Таоло исломро ташреъ кард ва онро пушише барои оқибат андешон ва (сабаби) фаҳми тезбинон қарор дод ва низ фармуданд: Бартарин ибодат андешидани мудовим дар бораи Худо ва қудрати ӯст.
Ҳазрати Алӣ(к) дар васият ба Муҳаммад ибни Ҳанафия фармуданд: Ҳар кас дар корҳо бидуни таваҷҷуҳ ба фарҷоми он ворид шавад худро дар маърази рухдодҳои бисёр зишт ва нописанд қарор медиҳад ва тадбир пеш аз амал туро аз пушаймони имани мебахшад.
Ҳамчунин фармуданд: Огоҳ бошед! Ибодате, ки дар он тафаккур набошад суде надорад ва низ мефармоянд: Огоҳ бошед! Агар дар қироати Қуръон тадаббур набошад суде надорад.
Ибодат ва тафаккур
Ҳазрати Содиқ(а) дар ҳамин замина фармуданд: Ибодат ба фаровони намоз ва рӯза нест. Ибодати воқеи тафаккур дар кори Худои ҷалил аст. Бар ин асос, пояи ибодат ва соири барномаҳои исломӣ дар ҳамаи арсаҳо аз зиндагӣ фарди то хонаводагӣ ва иҷтимоӣ ва кулан ҳаёти дуняви ва ухрави одами бар пояи андеша ва тааммул ва тадаббур аст.
Мавзӯи тадаббури исломӣ
Ҳамонтавр, ки андеша ва тааммул мавриди таъйид ва таъкиди ислом аст мавзуоти тафаккур ва тадаббур низ тавассути омузаҳои исломӣ мушаххас ва маълум шуда аст, ки ба онҳо ишора шуд. Бар ин асос беҳтарин мавзеи тафаккур андешидан мудовим дар бораи Худои Таоло ва қудрати ӯст. Чаро ки ин навъи андешидан бартарин ибодат хонда шуда аст, ки аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шуда аст
أفضل العبادة ادمان التّفکر فی الله و فی قدرته
Аз дигар мавзӯоти андеша, тадбир дар оқибати умур ва анҷоми корҳост. Расули Худо(с) ба шахсе фармуданд: Супориш мекунам ҳаргоҳ хости коре анҷом диҳи ба саранҷоми он бияндеш, агар мояи рушд буд онро анҷом бидеҳ ва агар мояи фасод ва табоҳи буд онро раҳо кун. Ҳамчунин он ҳазрат мефармояд: Худои Мутаол дуст дорад ҳар як аз шумо вақт коре мекунед он корро муҳкам ва устувор созад. Ин амр то ҷое аҳамият дорад, ки устувори зиндагӣ ва милоки он вобаста ба ҳамин тадаббур аст. Чунончи ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:
قوام العیش حسن التّقدیر و ملاکه حسن التّدبیر“Устувори зиндагӣ ба барномарези некӯ ва санҷиши он ба дур андеши некӯст. ” Бар ин асос дар ҳамаи умур ва ибодот боисти тадаббур ва андеша намуд. Андеша ва тадаббур дар ибодот ва қироати Қуръон ва ҳамаи ибодоти фарди ва иҷтимоӣ дигар аз мавзуоти мавриди тавсияи ислом аст.
Бар асоси фармоиши Расули Акрам(с) дар ростои омузаҳои қуръонӣ, тадаббур ва тафаккур дар умур ва оқибати корҳо мавриди суфориши асоси ислом аст ва бидуни он, хирад ва андешаи одами бефоида ва дар роҳи носаҳеҳ хоҳад буд.
Сухани поёни
Бар асоси ончи гузашт асосан тадаббур ва андешаварзӣ ва хирадварзи мавриди таъкиди дин аст чаро, ки инсонро ба сӯи Худо ва илоҳӣ шудан ва ободони ҳаёти дуняви ва ухравиаш савқ медиҳад ва дар ин сурат аст, ки бунёди усули ақидати низ дар одами мустаҳкам мегардад ва инсон метавонад ақоиди саҳеҳи исломиро дар арсаи андешаи хеш фароҳам оварад.