quranzebh

Қуръон, аз қурбони ҳаҷ, ба унвони шаоири илоҳӣ ёд карда аст, ки бояд мавриди такрим ва эҳтиром қарор гирад:

یا ایها الذین آمنوا لاتحلوا شعائر الله ولا اشهر الحرام ولا الهدى ولا القلائد ولاامین بیت الحرام.1

“Эй касоне, ки эмон овардаед, шаоири Худо ва моҳи ҳаром ва қурбониро, чи бидуни нишона ва чи бо нишона, ҳурмат машканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзи ва хушнуди парвардигорашон, оҳанги байтуллоҳил ҳаром кардаанд, раво мадоред.” Сураи Моида, ояти2.

والبدن جعلناها لكم من شعائر الله لكم فیها خیر فاذكروا اسم الله علیها صواف فاذا وجبت جنوبها فكلوا منها و اطعموا القانع والمعتر.2

Шутурони қурбониро барои шумо аз шаоири Худо қарор додем. Шуморо дар он хайре аст. Ва ҳамчунон, ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯи онҳо бар замин расид, аз онҳо бихуред ва фақирони қонеъ ва гадоёнро таъом бидиҳед.

Дар ин ояти шарифа, сухан аз хайр ва баракат аст: لكم فیها хайр, ки хурдан ва хурондан ва баҳраманд шудан аз гушти он, яке аз хайрҳо ва баракатҳост, лекин баракатҳо ва хайрҳои қурбонӣ, дар хурдан ва хурондан, хулоса намешавад ва асрори дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба порае аз онҳо Расули Худо(с) ишора фармудаанд.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

سمعت رسول الله صلی الله علیه وآله نخطب یوم النحر و هو یقول:... ما تهریقون فیه من الدماء فمن صدقت نیته كان اول قطرة له كفارة لكل ذنبه.

“Шунидам, ки Расули Худо(с) бар мардум хутба мехонд ва мефармуд: Касе, ки нияти холис ва ноб қурбони кунад, нахустин қатраи хуни қурбонӣ, каффораи гуноҳони вай аст.”

Ҳазрати Мусои Козим(а) мефармоянд:

قال رسول الله صلی الله علیه وآله استفرهوا ضحایاكم فانها مطایاكم على الصراط.

“Қурбониҳои худро фарбеҳ баргузинед, зеро онҳо макабҳояи шумоянд дар пули сирот.”

Қурбони аз шаоири илоҳӣ аст ва бояд ҳар чи бо шукуҳтар дар мавсими ҳаҷ, анҷом гирад ва дар ривоятҳо ба ин нукта, бисёр аҳамият дода шуда аст.

Ҳазрати Содиқ(а) мефармоянд:

ذبح رسول الله صلی الله علیه وآله عن امهات المؤمنین بقرة بقرة ونحر هو ستا و ستین بدنه و نحر على علیه السلام اربعا و ثلاثین بدنه.

Дар воқеъ таъзими шаоири илоҳӣ дар назар буда аст, ки бояд ба гунаи ҷамъи анҷом шавад: ҳама ҳамзамон дар як макон гирд оянд, хонаи Худоро тавоф кунанд, саъйи Сафо ва Марваро анҷом диҳанд, бо ҳам ба сӯи мавоқиф ҳаракат кунанд, бо ҳам вуқуф дошта бошанд ва бо ҳам рамйи ҷамарот кунанд, сайъи Сафо ва Марваро анҷом диҳанд, бо ҳам ба сӯи мавоқиф ҳаракат кунанд, бо ҳам вуқуф дошта бошанд ва бо ҳам рамйи ҷамарот кунанд, бо ҳам дар як замон ва дар як макон, саҳнаи бо шукуҳ қурбониро биёфаринанд.

Инки дар оёт ва ривоёт таъкиди бисёр шуда аст бар таъзими шаоир дар қуронӣ, далел бар ин аст, ки дар анҷоми қурбонӣ, як хоста ҳадаф набуда аст, ки бар овардани ниёзи бенавоён бошад ва хоста ва нохостаҳои дигаре низ дар назар буда аст, ки муҳимтарини онҳо бузургдошти шаоири илоҳӣ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст