Qurania

Қуръон ва оини Пайғамбари Акрам(с) ҷаҳони аст ва ба қавм ва минтақаи хоссе ихтисос надорад.

Оёти Қуръон

Беҳтарин далели ин сухан, Қуръони Карим аст, ки фармуд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِیرًا وَنَذِیرًا

”Мо туро башорат диҳанда ва тарсонанда, барои умуми мардум фиристодем.” Сураи Сабаъ, ояти 28.

Ва низ мефармояд: و ما أرسلناک الا رحمةً للعالمین

“Мо туро ҷуз барои раҳмати ҷаҳониён нафиристодем.” Сураи Анбиё, ояти 107.

Аз ин рӯ мебинем Қуръон дар даъватҳои худ аз лафзи “нос” истифода карда аст ва мегӯяд: یا أیّها النّاس قدجائکم الرّسول بالحقّ من ربّکم فآمنوا خیراً لکم

“Эй мардум, расуле аз ҷониби Парвардигори шумо ба ҳақ назди шумо омада аст. Пас ба ӯ эмон биёваред, ки барои шумо беҳтар аст.” Сураи Нисо, ояти 170.

Қуръон барои расондани инсон ба саодати ҳамешаги нозил гардида аст ва дар ин росто кулиёти ҳар ончи барои расидан ба ин ҳадаф лозим буда аст, баён намуда аст.

Қуръон мисли офтоб аст, ки ҳар рӯз ки мебарояд тоза ва нав аст ва ҳеҷ вақт такрори нест.

Оёте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ислом ва фармонҳои Қуръонро ҷовидона муаррифаи мекунанд; монанди:

«تَبَارَکَ الَّذِى نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلىَ‏ عَبْدِهِ لِیَکُونَ لِلْعَلَمِینَ نَذِیرًا»

“Заволнопазир ва пурбаракат аст касе, ки Қуръонро бар бандааш нозил кард то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад”. Сураи Фурқон, ояти 1.

 

Қуръон барои тамоми асрҳо

Далелҳои беруни динӣ ва дарун динӣ зиёде бар ин нукта гувоҳи медиҳанд, ки дар поён ба онҳо ишора мешавад:

1.   Кофи набудани ақл барои бартараф кардани ниёзи башар ба ҳидоят

Башар барои ин халқ шуда аст, ки бо расидан ба Худо ба камол бирасад; пас бояд ба ин самту сӯ ҳидоят шавад.

Абзорҳои мавҷуди башар аз бароварадани тамоми ниёзҳои ҳидояти ӯ оҷиз аст.

Ин ниёз ба гунае аст, ки дар тули замон ва тамоми асрҳо по барҷост. Аз онҷое, ки дину Қуръон барои бароварда сохтани ниёзҳои ҳидояти башар омада аст, бояд посухгӯи ниёзҳои ҳидояти башар то рӯзи қиёмат бошад ва ихтисосе ба замони Пайғамбар(с) надошта аст.

2.   Оёте ки далолат бар ҷомеияти Қуръон мекунад.

Оёте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки баён мекунад Қуръон китоби ҷомеъ аст, ки ниёзҳои ҳидояти инсонҳоро посухгӯ аст.

Ин оятҳо, ки дар поин ба онҳо ишора мегардад, умумият доранд ва шомили ниёзҳои ҳидояти ҳамаи инсонҳо дар ҳамаи замонҳо мешаванд:

مَّا فَرَّطْنَا فِی الكِتَابِ مِن شَیْءٍ»[

“Мо дар китоб, баёни ҳеҷ чизро фуругузор накардем.” Сураи Анъом, ояти 38.

Мақсуд аз инки Қуръон китобе барои ҳамаи замонҳо ва ҳамаи давраҳост, ин аст, ки қоидаҳо ва қонунҳо ва аҳком ва арзишҳои ахлоқӣ ва маорифӣ, ки дар он баён шуда аст, ихтисос ба замон ва макон ва давраи хоссе аз зиндаги башарият надорад, балки онҳо ҷовидона буда ва барои миллати хосс ё давра ва замоне ба хусус намебошад.

وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ یَابِسٍ إِلاَّ فِی كِتَابٍ مُّبِینٍ »

“Ва ҳеҷ тар ва хушке нест, магар инки дар китоби равшан сабт аст.” Сураи Анъом, ояти 59.

أَفَغَیْرَ اللّهِ أَبْتَغِی حَكَمًا وَهُوَ الَّذِی أَنَزَلَ إِلَیْكُمُ الْكِتَابَ مُفَصَّلًا»

“Пас доваре ҷуз Худо ҷуем, бо инки ӯст ки ин китобро ба тафсил ба сӯи шумо нозил карда аст?” Сураи Анъом, ояти 114.

مَا كَانَ حَدِیثًا یُفْتَرَى وَلَكِن تَصْدِیقَ الَّذِی بَیْنَ یَدَیْهِ وَتَفْصِیلَ كُلَّ شَیْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ یُوْمِنُونَ»

“Сухане нест, ки ба дуруғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи ончи (аз китобҳое) аст, ки пеш аз он буда ва равшангари ҳар чизе аст ва барои мардуме, ки эмон меоваранд, раҳнамуд ва раҳмат аст”. Сураи Юсуф, ояти 111.

وَنَزَّلْنَا عَلَیْكَ الْكِتَابَ تِبْیَانًا لِّكُلِّ شَیْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً وَبُشْرَى لِلْمُسْلِمِینَ»

“Ва мо бар ту ин Қуръонро фиристодем то ҳақиқати ҳар чизро равшан кунад ва барои мусулмонон ҳидоят ва раҳмат ва башорат бошад”. Сураи Наҳл, ояти 89.

Гуфтани аст, ки агар чи зоҳири ин оёт тамоми ниёзҳои башар аст аммо бештари муфассирон бар ин боваранд, ки мурод аз ин оёт, ҷомеияти Қуръон дар баёни умур марбут ба ҳидоят аст.

Ин гуруҳ аз донишмандон бо таваҷҷуҳ ба қаламрави дин ва ҳадаф аз нузули Қуръони Карим, ки онро марбут ба умури ҳидояти ва динӣ медонанд, омм будани оёт ва ҷомеиятро қайд мезананд. Тафсири Намуна, ҷ 11, саҳ 361.

 

Ҷовидон будани дини Ислом

Оёте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ислом ва фармонҳои Қуръонро ҷовидона муаррифи мекунанд; монанди: «تَبَارَکَ الَّذِى نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلىَ‏ عَبْدِهِ لِیَکُونَ لِلْعَلَمِینَ نَذِیرًا»؛ “Завоннопазир ва пурбаракат аст касе, ки Қуръонро бар бандааш нозил кард то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад.” Сураи Фурқон, ояти 1.

Бетардид чизе, ки то абад идома дорад, бояд дар тамоми асрҳо ба тамоми ниёзҳои инсон дар зиндаги фардӣ ва иҷтимоӣ, барои таҳақуқи ҳидоят ва саодат, посух диҳад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст