Мизони эҳтиромгузории як навҷавон, ҷавон ва бузургсол ба Қуръон бояд дар чӣ ҳадде бошад? Оё дар ин маврид ба хусус, ривояте мавҷуд аст?

Эҳтиром ба Қуръон аз шартҳои иртибот, тамос бо Қуръон ва баҳрабардори аз маорифи баланди он аст. Дар сураи Воқеа ояти 79 мехонем:

لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ

“Ҷуз покон даст бар он назананд”.

Ояти зикр шуда бар асоси тафсирҳои пешкаш шуда, ба шарти таҳорат ва покӣ дар масҳи зоҳирӣ ва истифодаи маънавӣ ва мафоҳими Қуръон тафсир шуда аст. Дар мавриди тафсири аввал ( тамоси зоҳирӣ ) дар ривояте аз ҳазрати имом Мўсо ибни Ҷаъфар (а) аз Пайғамбар (с) мехонем:

“Қуръонро бидуни вузў ва таҳорат масҳ накун ва на дар ҳоли ҷанобат ва даст бар хатти он дар ин ҳол нагузор ва онро ба гардан наафкан. Зеро ки Худованд фармуда аст: Ҷуз покон онро масҳ намекунанд”.

Ҳамин маъно дар ҳадиси дигаре аз имом Боқир (а) бо тафовути каме, нақл шудааст.

Дар бораи масҳи маънавӣ низ аз ибни Аббос аз Пайғамбари Худо (с) ривоят шуда аст, ки дар бораи ояти  78 – 77  сураи Воқеа

إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ  فِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍ 

аст. Лозимаи таҳорат барои тамоси зоҳирӣ ва маънавӣ бо оятҳои Қуръон, худ беҳтарин далел бар азамат ва вуҷуби такрими он аст. Дар оятҳои дигаре монанди сураи Аъроф ояти 204 дар бораи зарурати тарки корҳо ва гўш фаро додан ба Қуръон мехонем:

وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

“Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд шомили раҳмати Худо шавед!”

Ин оят ба ҳамагон, олим ва ҷоҳил, марду зан, хурду калон дастур медиҳад. Дар баробари Қуръон эҳтиром гузошта мешавад, ба ҳангоми тиловати оёти он аз сухан гуфтан ва машғул шудан ба корҳои дигар худдорӣ кунанд, то шомили раҳмати Парвардигор шаванд ва ин ба сабаби азамати Қуръон аст.

Аҳодиси фаровон дар бораи фазилат ва одоби қироати Қуръон ва эҳтимом ва руҷўъ ба он нақл шуда омада, ки аз азамат ва шаъни маънавии ин китоби Илоҳӣ ҳикоят дорад ва дар ин ривоятҳое, ки теъдоди онҳо низ бисёр аст, ҳеҷ гоҳ байни мухотабон фарқ гузошта нашуда аст. Барои намуна ривоятеро аз Пайғамбари Худо (с) зикр менамоем:

الْقُرْآنُ أَفْضَلُ كُلِّ شَيْ‏ءٍ دُونَ اللَّهِ فَمَنْ وَقَّرَ الْقُرْآنَ فَقَدْ وَقَّرَ اللَّهَ وَ مَنْ لَمْ يُوَقِّرِ الْقُرْآنَ فَقَدِ اسْتَخَفَّ بِحُرْمَةِ اللَّهِ

“Қуръон,  бо фазилаттар ва бартар аз ҳамаи чиз ҳаст ва ғайр аз Худованд. Пас ҳар кас Қуръонро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром кардааст ва ҳар касе, ки ҳурмати Қуръонро нигаҳ надорад, ҳурмати Илоҳиро сабук шурдааст”. (Мустадракул-васоил, ҷ 4, с 236.)

Равшан аст, ки матлабҳои зикр шуда чигуна буданро ба мо таълим медиҳад, вале амалан касоне, ки маърифаташон нисбат ба Қуръон зиёдтар аст ва аз анвори Илоҳӣ он баҳраи бештаре бурдаанд, нисбат ба Қуръон эҳтироми фаровонтаре қоиланд. Бинобар ин лозимаи адои ҳаққи Қуръон, фаҳмидани мақоми он аст ва ин ҷуз бо тафаккур дар оятҳои он ва огоҳӣ аз маорифи Илоҳӣ муяссар нахоҳад буд.

Ghalamlib.com

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст