Ҳама ҳамду санову сипосу ситоиш хоссаи Парвардигорест, ки Қуръони Каримро муъҷизаву роҳнамои ҷовидон барои одамӣ фиристод.
Дуруду саломи бепоён бар фиристодаи Илоҳӣ, ифтихори олами ҳастӣ, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва бар хонадони азизу ёрони гиромиву пайравонаш бод.
Қуръони Карим ганҷинаест, ки ҳар ташнаеро фарохҳолу сероб ва ҳар ҷӯяндаеро комёб мегардонад. Қуръони Карим бузургтарин неъмати Илоҳӣ барои тамоми инсоният аст, ки бузургтарин сармояву сарватҳои дунё наметавонад бо он баробарӣ кунад. Қуръон нусхаи шифобахшест, ки хондану тиловат намудан, шунидану шунавонидан, омӯхтану омӯзиш додан, чоп кардану нашр намудан, нигоҳ кардан, аз ҳама муҳим амал кардан ба гуфтаҳояш ва ҳар гуна хидмат бар он, бузургтарин саодати дунёву охиратро дар бар дорад. Ҳар гоҳ қалби одамӣ ба Қуръон ошноӣ пайдо кунад аз рӯи итминон ба ин ҳақиқат пай мебарад, ки пирӯзиву наҷоту саодаташ дар хондану амал намудани ба Қуръон аст. Чуноне ки Худованд мефармояд:
إنّ هذا القرآن یهدی للّتی هِی أقومویبشّر المومنین الّذین یعملون الصّالحات انّ لهم اجرا کبیرا
“(Эй мардум! огоҳ бошед ва бидонед, чун) дар ҳақиқат ин Қуръон (китобест, ки шуморо) ба устувортарини роҳ (ба пойдортарин оин барои дастёфтан ба саодати дунёву охират) роҳнамой менамояд ва ба мӯъминоне, ки (баробари дастуроти он) корҳои шоиставу писандида анҷом медиҳанд, мужда медиҳад, ки барои онон (дар сарои дигар) подоши бузурге (ба номи биҳишт) аст”. (Сураи Исро ояи: 9)
و قال رسول الله (صلوات ربّی و سلامه علیه ) إقرؤوا القرآن فإنّه یأتي یوم القیامة شفیعا لأصحابه
Дар мавриди фазилати хонданаш ҳазрати расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) иршод фармудаанд: “Бихонед Қуръонро (ай уммати ман ҳамвора бо майлу рағбат аз рӯӣ ишқу алоқа Қуръон бихонед) чун Қуръон фардои қиёмат ба сурати шафоаткунандае пеши соҳибаш меояд”. Дар ҷойи дигар барои шинохтани қадру манзалат, дарк намудани арзиш ва аҳамияти ин сармояи азим, ҷиҳати баёни зарур будани чанг задани бар он мутобиқи суннати муборакаи хеш чунин фармудаанд:
لقد ترکت فیکم ما إن تمسّکتم به لن تضلّوا بعدی ابدا : کتاب الله و سنّتی
“Батаҳқиқ (бидонед, ки мерос) гузоштаам (дар миёни шумо) бароятон он чизеро, ки агар ба он чанг бизанед (онро сармашқи зиндагии худ қарор дода бар асоси он амал намоед), ҳаргиз баъд аз (рафтани) Ман гумроҳ нахоҳед шуд: (Он чиз) китоби Илоҳӣ Қуръон асту суннати Ман”. Яъне: Амал кардану зиндаги намудан бар асоси Қуръон аст мутобиқи суннати муборакаи ҳазрати расули мукаррам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам).
Ҳамчунин дар баёни бениҳоят лозиму зарури будани омӯхтани маонии оёти Қуръон чунин фармудаанд :
إنّی لأعجب لمن یقرأ القرآن کیف یلتذّ بقراء تـه و لم یفهم معنآه
“Дар воқеъ тааҷҷуб мекунам Ман ба ҳоли касе, ки Қуръонро мехонад (вале) чигуна лаззат мебарад аз хонданаш дар ҳоле, ки намефаҳмад маънояшро”.
Умед аст ки бо улфати бештар бо ин китоби илоҳӣ дастуроти зиндагиро аз ин китоби инсонсоз гирифта ва ба роҳи саодат роҳнамо шавем.