Он чи имрӯзҳо нигароникунанда ба назар мерасад ин падидаи шуми забондарозӣ ва айбҷуӣ нисбат ба уламои раббонии ислом аз ҷониби иддае аз муддаиёни ислом ва толибилмони исломӣ аст.

Мутаассифона байни иддае аз ин қишри исломии кишвар ва ё ба ибораи дигар байни толибилмони шаръӣ қазоват ва доварӣ шуғлу касби онҳо гаштааст. Гуё рисолати Муҳаммад (с), ки инон худро вориси он медонанд танҳо дар ҳамин манҳаҷ ва равиш такомул меёбад. Ингор Худованд ба дасти эшон маҷмуае аз калидҳои ҷаннат ва дузахро вогузор карда бошад, ки мардумонро саф оростаанд ва ҳар якеро мувофиқ ба табъу завқи худ калиди ҷаннат ва ё дузах медиҳанд ва равонааш мекунанд.

Андеша кардам, ки инон оқибати ин забондарозӣ ва худбузургбинии худро чи гуна табрир мекарда бошанд? Шояд аз пушти забондарозӣ ба аҳли илм ва ҷустуҷу аз айбҳои уламо инҳо аҳдофи хидмат ба ислом ва гуё ҳимояи дин аз шавкату хорҳоро доштаанд ва ё шояд гумон мекунанд ин равиш сабаби густариш ва тақвияти бадани заифу нотавонгаштаи уммат мегардад. Худо раҳмат кунад уламои раббониро, ки дар тули таърих мавриди зарбаҳои номардона ҳам аз тарафи душманони бегона ва ҳам аз тарафи забондарозони дохилаш хурдаанд.

Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ҳамоно барои уламо тамоми мавҷудоти замину осмон истиғфор мекунанд ва ҳатто моҳиёни дарё. Ҳамоно олимон ворисони паёмбаронанд. Паёмбарон динор ва дирҳаме аз худ мерос намегузоранд, балки илмро мерос мегузоранд. (ривояти Тирмизӣ, Абудовуд, ва ибни Моҷа).

Ривоят аст, ки “Ҳаргоҳ олиме бимирад дар баданаи ислом шикофе пайдо мешавад, ки он шикоф ё сурохӣ то рузи қиёмат пушида намешавад”.

Худованди Таъоло фармуда: “Оё ононе, ки илм доранд ва ононе, ки беилманд баробаранд?!” (Зумар/9).

Паёмбари Худо (с) фармудааст: “Аз ҷумлаи мо нест он касе, ки бузургсолонро эҳтиром ва хурдсолонро раҳм намекунад ва ҳаққу ҳуқуқи уламои моро намешиносад” (ривояти Аҳмад ва Ҳоким).

Ин падидаи шуми забондарозӣ ва ҷарҳу таънаи уламо маншаъ аз якчанд омилҳо дорад, ки аз ҷумлаи онҳо ҳасад ва худбузургбинӣ аст. Ҷойгоҳе, ки уламои шинохта дар ҷомеа ба даст овардаанд ин самараи меҳнату заҳамот ва азхудгузаштанҳост ва дар як рузу ду руз ба даст намеояд. Мутаассифона ин рақобати носолими ҷавонони беандеша бо уламои шинохта ва аз ҳар хато ва лағжишҳои эшон дастак барои зарба задан сохтанд ба саҳнаи бокс шабоҳат дорад, ки дар он кушиши зиёд карда мешавад, ки ҳарчи бештар зарба ба ҳариф ворид карда шавад ба ин тариқ обруву эътибори уламои маъруфро мисли гирифтани камарбандӣ қаҳрамонӣ ситонад. Агар мунсифона ба решаҳову омилҳои ин падида бингарем буи ғурур ва худбузургбинӣ паси густариши ин падида нуҳуфтааст. Ҳатто иддае забондарозияшон ба андозае амиқ рафта, ки бар имомони бузурги аҳли суннат низ забондарозӣ мекунанд. Ин ғурур ва надоштани андешаи дур сабаб гардида, ки неруи айбҷуии худро ба ҷумлаи “ҳум риҷолун ва наҳну риҷол”-яъне онон низ мардон буданд ва мо низ мардон ҳастем- табрир кунанд. Оре, дуруст мегуянд, ки имомони бузургвор мардоне буданд ва ин оғоён низ мардоне ҳастанд, вале тафовут дар он аст, ки онон мардонагии худро пушти забондарозӣ ва ҷарҳу таънаи дигарон ба даст наовардаанд ва нишонаҳои руҷулияти онҳо садҳо муҷаллад китобҳову таҳқиқҳои илмӣ аст, ки имрузҳо мову шумо аз он истифода мебарем. Вале инон гуё микроскопе дар даст дунболи лағжиши уламо ҳастанд ва кучиктарин лағжишро зери микроскопҳои ғурур ва худбузургбинӣ чанд маротиба бузург ва захим нишон дода аз паи коста кардани эътибори бузургонанд.

Ногуфта намонад, ки иззат ва маъруф будан матое нест, ки дар бозори қадамҷои шаётин фурухта шавад. Иззат ва обру самараи заҳматҳову ранҷҳо ва умри худро сарфи китоб кардану аз худ гузаштанҳост. Чаро боре намеандешанд, ки бо чи сабаб ҳокимону сардамдорони имруза дунболи бастани забону даҳони уламои раббониянд? Ҳокимоне, ки бо иғрои пулу сарватҳои миллиардии худ гуруҳе аз уламоро фиреб дода дуогуӣ худ гардониданд, вале дар мавриди иддаи дигари аз уламои росих дармонданд. Чаро намеандешанд, ки ҳамсангарияшон душ ба души исломситезону атеистон дар набард алайҳи уламои раббонӣ маънои неруи изофӣ бар қудрати исломситезии душманони дин аст?

Магар уммат умури муҳимтар аз ҷарҳу таънаи уламо надорад? Магар уммат соҳиби изату фахру манол гаштааст, ки бояд имруз даст ба покизакорӣ ва декоратсиони дохили бинои исломӣ занед? Ба гумонатон бино ва таҳдевори сохтмони ҷомеаи исломиро осмонбусаш кардаед, ки дунболи ороиш ва декоратсиони дохили он мегардед?

Ҳамаи инсонҳои руи дунё ба ҷуз паёмбарон бехато ва иштибоҳ нестанд. Банда гуфтанӣ ҳам нестам, ки уламои бузургвори кишвари мо бехатоянд ҳатто худи шумо ҷанобони мағрури дониши худ. Вале ончи матлуб аст ин ваҳдати суфуф дар баробари душмани ҳамагии шумо ва пешгирии фурурезии бинои ахлоқу одоби исломӣ аст. Инсоф нест, ки ба хотири хато ва ё иштибоҳе тамоми хадамоти уламо пушти по зада шавад ва бо насби тамғаҳои дуруғин ҷарҳу таънасор карда шаванд.

Бешак забондарозӣ бар уламои раббонӣ ҷурмест набахшиданӣ, ки самари хабиси онро умуми уммат мекашад. Салафи ин уммат мартабаи уламоро бузург медонистанд ва ҳамвора назди уламо виқору тавозуъ доштанд бо вуҷуди ихтилофи назарҳо.

Агар қарор бошад олим ва донишманди исломие ба хотири хато ва ё гуноҳе мавриди таъна қарор гирад пас бояд бинобар эътиқодоти шумо бузургтарин шахсиятҳои ислом ва родмардони ислом амсоли имом Нававӣ ва ибни Ҳаҷар бо тамоми муаллафоту навиштаҳояшон ба гушаи фаромушӣ супурда шаванд. Шумо ҷанобон хуб медонед, ки ин ду бузургмарди ислом, ки ҳамтое надоранд аҳли таъвил ва ашъарӣ буданд, ки ба назари шумо ҷанобон хилофи ислом аст. Шуморо мебояд одоби муошират ва муомила аз худи бузургони ҳамақидаи муосиратон биомузед. Ҳоло мехоҳам ҷавоби аллома ибни Усайминро дар мавриди ин ду бузурмарди ислом Нававӣ ва ибни Ҳаҷар бо ихтисор зикр кунам:

“Ман ҳеҷ шаке надорам, ки имом Нававӣ ва ибни Ҳаҷар (Худованд раҳматашон кунад) хидматҳои беҳамтое дар ислом намудаанд ва дар курраи дунё масҷиде нест, ки онҷо китоби “Чиҳил ҳадиси Нававӣ” набошад. Ҳеҷ шаке нест, ки у марди насиҳатгаре буд ва локин Худованд раҳматаш кунад дар мавзуъи таъвил ба хатоҳое роҳ додааст ва ҳаргиз намегуям, ки у аҳли бидъат аст. Аз руи инсоф нест мардеро, ки умрашро фидои ислом кардааст ба хотири лағжише бидъаткор гуфта шавад ва сабабгори дилсардии мардум аз у шавем. Гоҳо мешавад, ки инсон калимаи куфрро мегуяд, вале кофир намешавад. Оё қиссаи мардеро, ки шутурашро гум мекунад медонед? Он мард баъд аз кофтукоби зиёд дар биёбон ноумед шуда зери дарахте такя мекунад ва мунтазири марг мешавад. Ногаҳон шутураш болои сараш пайдо мешавад. Аз хурсандӣ ва шодӣ шутурашро дошта дар ҳолати ҳаяҷон чунин мегуяд; “Парвардигоро! ту бандаи ман ҳастӣ ва ман парвардигори ту!”. Чуноне, ки медонем ин калимаи куфр аст, вале он мард ба гуфтани он кофир нагардид. Чунки вақте ҳодисаро ба Паёмбар (с) нақл карданд гуфт: “Аз хурсандии зиёд дар ҳолати ҳаяҷон хато кардааст”. Паёмбари Худо (с) дарҳол ҳукм ба куфраш накард... сухани ибни Усаймон тамом шуд.

Ҳоло чаро ин ҷавонони мағрур ба хотири Худо ва ба хотири иззати ислом аз гуфтори ибни Усаймин дарси ибрат намегиранд? Марди Худо бо вуҷуде, ки мухолифи ақидаи таъвил аст, вале ба хотири он, ки набояд ин ду имоми бузург дар назди мардум мавриди таъна ва ҷарҳ қарор гиранд ва ба ин васила фаромуш шаванд аз онҳо дифоъ мекунад ва ҳаргиз аҳли бидъаташон намехонад. Вале дар муқобил инон чӣ?

Салафи солеҳ ва гузаштагони ислом одат доштанд, ки ҳаргиз ба шахсе қабл аз қоим гардидани ҳуҷҷат иттиҳоме намезаданд. Аммо мо чӣ ҳуҷҷат он тараф истад кучиктарин далели сареҳ барои иттиҳоми задаамон надорем, вале исрори бар ҷарҳу таънаи уламо дорем. Бе хабар аз он, ки таъна ва ҷарҳи уламои маъруф маънои коста кардани мартабаи онҳост, ки бе ин ҳам кишвари мо адади ангуштшуморе аз уламои раббонӣ ва росих дорад, ки дар гуфтани ҳақ аз маломат ҳеҷ маломаткунандае ҳарос надоранд. Худованд сафи уламои росих ва ҳақгуро зиёд гардонад ва ба якояки мо шогирдони ин уламои бузургвор тавфиқи идомаи роҳи даъват ва бедории сартосарии миллати мусалмони меҳанамонро насиб бигардонад.

Тақдим ба ҳама пешвоёни кишварамон, ки дар солҳои вазнин ин амонатро ба мо расинидаанд мисли Домуло Муҳаммади ҳиндустони, Эшони Абдураҳмонҷон Эшони Тураҷон (раҳимуҳумуллоҳ) ва писарони Эшони Тураҷон Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон, Ва тақдими хос бар устоди бузургворам ҳазрати Эшони Нуриддинҷон,,, оне, ки фаҳми дурустам аз китоби илоҳӣ самараи заҳамоти уст, фарде, ки тиловати саҳеҳам аз китоби Худо ва мутуни исломи натиҷаи ҷасорати у дар таълим солҳое, ки шуравӣ динро афюн медонист ва ҳар таълими исломиро ҷазои сангин интизораш буд, худамро ҳамеша мадюни заҳамоти ин бузургвор ва амсоли ин марди Худо меҳисобам.

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст