Корҳои холис, ҳамчун мазраъае дар нуқтаҳое баланд аст, ки аз хароби сел маҳфуз аст. Инфоқи холис низ, ҳамонанди мазраъае дар домани куҳ ва замини баланд аст, ки ҳамаи мардум онро мебинанд ва аз он лаззат мебаранд ва миннат ва озор баъд аз инфоқ, ҳамчун боди сузоне аст бар боғе сарсабз ва оташе бар бустони хуррам.
Худованд дар сураи Бақара, ояти 265 мефармояд:
وَ مَثَلُ الَّذِینَ یُنْفِقُونَ أَمْوالَهُمُ ابْتِغاءَ مَرْضاتِ اللَّهِ وَ تَثْبِیتاً مِنْ أَنْفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍ بِرَبْوَةٍ أَصابَها وابِلٌ فَآتَتْ أُكُلَها ضِعْفَیْنِ فَإِنْ لَمْ یُصِبْها وابِلٌ فَطَلٌّ وَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ بَصِیرٌ
“Ва масали касоне ки амволи худро дар талаби ризои Худованд ва уствори руҳи худ инфоқ мекунанд, ҳамчун масали боғе аст ки дар нуқтаи баланд бошад (ва аз ҳавои озод ба ҳадди кофи баҳра бигирад) ва боронҳои дурушт ба он бирасад ва меваи худро ду чандон бидиҳад ва агар борон дуруште наборад, боронҳои рез ва шабнам (биборад то ҳамеш ин боғ, шодоб ва пур тароват бошад.) ва Худованд ба ончи анҷом медиҳед биност.”
Нукоти оят
1.Ҷумлаи " ابْتِغاءَ مَرْضاتِ اللَّهِ وَ تَثْبِیتاً مِنْ أَنْفُسِهِمْ" ангезаҳои инфоқи саҳеҳ ва илоҳиро баён мекунад ва он ду чиз аст:Талаби хушнуди Худо ва тақвияти руҳи имон ва иҷоди оромиш дар дилу ҷон.
Ин ҷумла мегуяд : Инфоқкунандагони воқеи касоне ҳастанд, ки танҳо ба хотири хушнуди Худо ва парвариши фазоили инсони ва тасбити ин сифатҳо дар даруни ҷони худ ва ҳамчунин поён додан ба изтироб ва нороҳатиҳое бар асари эҳсоси масъулият дар баробари маҳрумон дар виҷдони онҳо пайдо мешавад, иқдом ба инфоқ мекунанд.
2.Ҷумлаи وَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ بَصِیرٌ" ки дар охири оят зикр шуда, ҳушдоре аст ба ҳамаи касоне ки мехоҳанд амали нек анҷом диҳанд ки муроқиб бошанд кучактарин олудаги аз назари ният ё тарзи кор пайдо накунанд; зеро Худованд комилан муроқиби аъмоли онҳо аст.
Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Ҳар кас «لا اله الا الله» бигуяд ба воситаи он кор, дарахте дар биҳишт барои ӯ кошта мешавад ва ҳамчунин аст ҳар кас «الله اكبر» бигуяд.
Шахсе ба Паёмбар(с) гуфт: Пас дарахтони мо дар биҳишт бисёр аст! Ҳазрат фармуданд: Бале, ба шарти онки оташе ба дунболи он нафиристед ва онро насузонед.
Паёмҳои ин оят
1.Агар ҳадаф, таҳсили ризои Худованд ва рушду камоли руҳи бошад, корҳо борвар мешавад.
2.Ихлос, сода ба даст намеояд, бояд ба суроғи он рафт.
3.Корҳои холис, ҳамчун мазраъае дар нуқтаи болои куҳ аст ки аз хароби сел маҳфуз аст.
4.Агар ҳадаф Худо бошад, аз ҷилваҳо ва ҷамолҳо ҳам маҳрум намешавем.
5. Муҳимтар аз имконот, баҳрагири аз имконот аст. Борони рез ё дурушт муҳим нест, муҳим он аст ки замин битавонад онро ҷазб кунад.
Як мисоли ҷолиби дигар барои инфоқҳои олуда ба риё ва миннат
Худованд дар сураи Бақара ояти 266 мефармояд:
أَ یَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَنْ تَكُونَ لَهُ جَنَّةٌ مِنْ نَخِیلٍ وَ أَعْنابٍ تَجْرِی مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهارُ لَهُ فِیها مِنْ كُلِّ الثَّمَراتِ وَ أَصابَهُ الْكِبَرُ وَ لَهُ ذُرِّیَّةٌ ضُعَفاءُ فَأَصابَها إِعْصارٌ فِیهِ نارٌ فَاحْتَرَقَتْ كَذلِكَ یُبَیِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآیاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ
“Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад ки аз зер дарахтони он наҳрҳо дар ҷараён ва барои ӯ дар он (боғ) аз ҳар гуна мевае вуҷуд дота бошад ва дар ҳоле ки ба синни пири расида ва фарзандоне (хурдсол ва) заъиф дорад, гирдободе ҳамроҳ бо оташи сузон ба он боғ бивазад ва боғро яксара бисузонад. Ин чунин Худованд оётро барои шумо баён мекунад то шояд андеша кунед.”
Дар ин оят мисоли гуёи дигаре, барои масъалаи инфоқи омехта бо риёкори ва миннату озор ва инки чигуна ин корҳои накуҳида осори онро аз байн мебарад, баён шуда аст.
Нуктаҳо
1.Ин мисолҳои пай дар пай ҳар кадом аз дигае гуётар ва зирифтар аст, ҳама дар иртибот бо масоили зирои аст, чаро ки на танҳо барои мардуми Мадина ки ин оёт дар онҷо нозил шуд ва мардуме зироатпеша буданд, балки барои тамоми мардуми дунё ки ба ҳар ҳол бахше аз зиндаги ононро масоили зирои ташкил медиҳад, омузанда буда ва ҳаст.
2.Аз ҷумлаи " وَ أَصابَهُ الْكِبَرُ وَ لَهُ ذُرِّیَّةٌ ضُعَفاءُ" Соҳиби он боғ, пир ва солхурда бошад ва фарзандоне майда ва нотавон дошта бошад. Истифода мешавд ки; инфоқ ва бахшиш дар роҳи Худо ва кумак ба ниёзмандон, ҳамчун боғи хурраме аст ки ҳам худи инсон аз самароти он баҳарманд мешавад ҳар фарзандони ӯ, дар ҳоле ки риёкори ва миннат ва озор, ҳам сабаби маҳрумияти худи ӯ мешавад ва ҳам наслҳои оянда ки бояд аз самарот ва баракоти аъмоли неки ӯ баҳраманд гарданд, маҳрум хоҳад шуд ва ин худ далел бар он аст, ки наслҳои оянда дар натоиҷи амъоли неки наслҳои гузашта саҳим ҳастанд.
Аз назари иҷтимои низ чунин аст; зеро маҳбубият ва эътимоде ки падарон дар асари кори нек дар афкори умуми пайдо мекунанд, сармояи бузурге барои фарзандони онҳо хоҳад шуд.
3.Ҷумлаи إِعْصارٌ فِیهِ نارٌ гирдбоде ки дар он оташе бошад. Мумкин аст ишора ба гирдбодҳое ноши аз бодҳои самум ва сузон ва хушккунанда бошад ва ё гирдбоде ки аз рӯи хирман оташе бигузорад ва тибқи маъмул ки гирдбод ҳарчиро бар сари роҳи худ биёбад бо худ ҳамроҳ мебарад, онро аз замин бардошта ва ба нуқтаи дигаре бипошад.
Мумкин аст ишора ба гирдбоде оташ ки ба ҳамроҳи соиқа ба нуқтае исобат кунад ва ҳама чизро табдил ба хокистар намояд.
Дар ҳар ҳол ишора ба нобуди сареъ ва мутлақ аст.
Як масъалаи қобили таваҷҷуҳ дар ин оят
Инсон ҳангоме ки пир ва фарзанддор шуд, тавони қуаати ӯ аз байн меравад, вале ниёзу харҷаш шадид мешавад. Ҳол агар манбаъи даромадаш низ нобуд шавад, ба зиллат кашида мешавад.
Инсон дар қиёмат, аз як сӯ амали солҳе надорад ва аз сӯи диагр ниёзаш шадид аст. Дар ин ҳол агар корҳои солеҳаш бо миннат ва риё нобуд шуда бошад, ба чи зиллате мерасад?!
Паёмҳои ин оят
1.Худатро ба ҷои дигарон бигузор то масоилро хуб дарк куни.
2.Аз мисолҳои табии ки замону макон ва асру насл дар он асар намегузорад, истифода кунем.
3.Миннат ва озор баъд аз инфоқ, ҳамчун боди сузоне аст бар боғе сарсабз ва оташе бар бустони хуррам.
4.Рушд ёфтан, тадриҷи аст, вале тахриб ва ҳабти амал дар як лаҳза аст.
5.Мисолҳои Қуръон, барои фикр кардан аст.