Ваҳй дар луғат ба маънои ишора кардан, навиштан, илҳом, каломи пинҳони ва ҳар чизе аст ки ба дигаре илқо мешавад.
Дар китоби Муфрадот чунин омада аст: Решаи ваҳй ба маънои ишораи тунд ва сареъ аст, аз ин рӯ ҳар коре ки ба суръат анҷом гирад ваҳй ном дорад ва ин мумкин аст дар каломе рамзи ва кинояи бошад.
Дар истилоҳ, илҳомоти ғайби Худои Субҳон ба фиристодагони хушро ваҳй мегуянд.
Ваҳй ба маънои ваҳйи рисоли шохаи нубувват аст ва беш аз ҳафтод бор дар Қуръон ба кор рафта аст. Худованд ваҳйро бар паёмбарони худ ки омодаги дарёфти ваҳйро дар худ иҷод намуда буданд мефиристод.
Дар ин бора имом Ҳасани Аскарӣ(а) мефармоянд:
ان الله وجد قلب محمد افضل القلوب و اوعاها فاختاره"(
Худованд қалб ва равони паёмбарро беҳтарин ва пазиротарини қалбҳо ёфт ва онгоҳ ӯро барои нубувват баргузид.
Дар ҳадиси дигаре Зурора яке аз асҳоби имом Содиқ(а) аз он ҳазрат мепурсад: Чигуна Паёмбар(с) мутмаин шуд ончи ба ӯ мерасад ваҳйи илоҳӣ аст, не васвасаҳои шайтони?
Имом(а) фармуд: Ҳаргоҳ Худованд бандеро барои рисолат баргузинад, ба ӯ оромиш ва виқори вижае арзони медорад, ба гунае ки ончи аз ҷониби ҳаққ ба ӯ мерасад, ҳамонанди чизе хоҳад буд ки бо чашми боз мебинад.
Ақсоми ваҳйи рисоли
Дар яке аз оёти сураи Шуро ояти 51 Худованд ақсоми ваҳйи рисолиро баён мекунад:
"وَ ما كانَ لِبَشَرٍ أَنْ یُكَلِّمَهُ اللَّهُ إِلاَّ وَحْیاً أَوْ مِنْ وَراءِ حِجابٍ أَوْ یُرْسِلَ رَسُولاً فَیُوحِیَ بِإِذْنِهِ ما یَشاءُ إِنَّهُ عَلِیٌّ حَكِیمٌ
“Шоистаи ҳеҷ инсоне нест ки Худо бо ӯ сухан бигуяд, магар аз тариқи ваҳй, ё аз варои ҳиҷоб, ё расуле бифиристад ва ба фармони ӯ ончиро бихоҳад ваҳй мекунад, чаро ки ӯ баланд мақом ва ҳаким аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ояти карима, ақсоми сухан гуфтани Худованд бо башар дар се сурат мунҳасир шуда аст:
Гунаҳои ваҳй ба шакли омм ва кулли ин се даста аст. Аммо дар мавриди Паёмабари Ислом(с), гоҳ ваҳй дар олами хоб назди ҳазрат меомад, ки бештар дар оғози нубуввати ҳазрат буд, гоҳ ваҳйи мустақим аз сӯи Худованд ва бидуни воситаи фаришта буд ва дигар гоҳ бо воситаи Ҷабраил. Бо ин ҳол, ваҳйи қуръони сирфан ба ду шакли охир яъне ба сурати мустақим ё ба дасти фаришта буд.
1.Ваҳйи мустақим
Гуфтори илоҳӣ ки ҳеҷ воситае миёни Худо ва паёмбар набошад. Ин илҳом, навъе илқои дар ботин аст ки шахси ваҳй шуда, онро эҳсос мекунад, ба гунае ки гуё бар сафҳаи равшан дар даруни ӯ навишта шуда аст.
Гуфта шуда бештарин нузули ваҳй, ба сурати мустақим ва бидуни воситаи фаришта буда аст.
Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Сураи Моида бар Паёмбар(с) нозил шуд дар ҳоле ки савор ба асари худ мавсум ба “шаҳбо” буд. Пас ваҳй бар ӯ сангин омад то ин ки астари мутаваққиф шуд ва шиками он поин омад, ба гунае ки дидеам нофаш наздик аст аб замин расад. Расули Худо(с) беҳуш шуд ва дасти худро бар мӯи пеши сари Шайба ибни Ваҳаб ниҳод.
Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам(с) дар бораи чигунагии нузули ваҳй омада аст ки Ҳорис ибни Ҳишом аз он ҳазрат пурсид: Ваҳй чигуна бар шумо нозил мешавад? Фармуданд: Гоҳе монанди садои занг меояд ва ин шадидтарин ҳолати ваҳй бар ман аст ки маро куфта ва хаста менамояд ва дар айни ҳол ҳамаи гуфтаҳоро ҳифз мекунам ва гоҳ фариштае ба сурати марде мутамассил шуда, очи мегуяд ҳифз мекунам.
Дар сураи Муззамил омада аст: إِنَّا سَنُلْقِی عَلَیْكَ قَوْلًا ثَقِیلاً “Дар ҳақиқат мо ба зуди бар ту гуфторе сангин илқо мекунем.”
Имом Содиқ(а) фармуд: Ин замоне буд ки ба ӯ ваҳй мешуд дар ҳоле ки байни ӯ ва Худованд, фариштае набуд. Пас ба сабаби сангини ваҳй бар ӯ, ҳолате ҷунон беҳуши ба ӯ мерасид ва фаро мегирифт ӯро ончи фаро мегирифт. Вале ҳангоме ки Ҷабраил ваҳйро меовард, мефармуд: Ин Ҷабраил аст ва ё Ҷабраил ба ман гуфт ....
2.Ваҳй аз варои ҳиҷоб
Гуфтори илоҳӣ ки аз паси парда шунида шавад. Яъне ба гунае бо ӯ сухан гуяд ки садояшро бишнавад вале ӯро набинад. Монанди сухан гуфтани Худвоанд бо Мусо(а) ба шакле иҷоди савт дар фазо, ба гунае ки ба гуши ӯ мерасид ва аз ҳар сӯ, назди ӯ меомад ва чунон ки дар шаби меъроҷ, бо Паёмбар(с) низ такаллум фармуд.
3.Илқои ваҳй ба воситаи нузули фаришта
Гуфтори илоҳӣ ки малаке онро ҳалл намуд ва ба башар бирасонад. Фариштае ки ваҳйро бар Паёмбар(с) нозил мекард, Ҷабраил буд.
وَ إِنَّهُ لَتَنْزِیلُ رَبِّ الْعالَمِینَ. نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِینُ. عَلى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنْذِرِینَ
“Ва ин (Қуръон) аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён нозил шуда аст. Рӯҳул амин онро нозил карда аст... бар қалби (поки) ту, то (мардумро) инзор куни.
Гунаҳои ваҳй ба шакли омм ва кулли ин се даста аст. Аммо дар мавриди Паёмабари Ислом(с), гоҳ ваҳй дар олами хоб назди ҳазрат меомад, ки бештар дар оғози нубуввати ҳазрат буд, гоҳ ваҳйи мустақим аз сӯи Худованд ва бидуни воситаи фаришта буд ва дигар гоҳ бо воситаи Ҷабраил. Бо ин ҳол, ваҳйи қуръони сирфан ба ду шакли охир яъне ба сурати мустақим ё ба дасти фаришта буд.