Вақте дар оёт, ривоятҳо ва ҳаминтавр зиндагиҳоро барраси мекунем ба ин натиҷа мерасем, ки чандин омил барои афзоиши ризқу рӯзи вуҷуд доранд ки чунд намунаи онро дар инҷо меоварем:

Истиғфор, омили резиши ризқ

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: Худованд истиғфорро сабаби пайваста доштани ризқ бар ризқхорон ва мавҷиби раҳмат абр офаридагор қарор дода аст.

Ҳазрат дар ин фароз аз хутба мехоҳанд, ин нуктаро мутазаккир шаванд ки яке аз авомили танг шудани ризқ гароишҳои манфи инсон ва афтодан дар доми гуноҳон аст. Мо дар пайрави аз фарҳангҳои бегона, бидуни фирор аз гуноҳ ва бо ғафлат аз истиғфор, ба дунболи рифоҳ ва зарқу барқи дунё рафтем дар натиҷа ризқамон танг шуд ва ба хуби мушаххас шуд решаи танги ризқ дар замон муосир ва ҳол баргашт аз Худо ва руҷуъ ба дунё аст.

Садақа, омили наздикии ризқ

Ҳазрати Алӣ(к) дар калимоти қисори Наҷҳулбалоға мефармоянд: « اِستَنزِلوا الرِّزقَ بِالصَّدَقه » Ризқи худро бо садақа фуруд оваред. Яъне метавонед коре бикунед ки ризқ бароятон сахт ва дер дастрас набошад балки ба роҳати дар дастраси шумо қарор гирад ва он аз тариқи садақа додан мумкин мешавад. Инсонҳо умуман фикр мекунанд бо бухл ва нигоҳдошти моли ки дар ихтиёр доранд молу ризқи худро ҳифз мекунанд вале ҳазрати Алӣ(к) қоидаи дигареро пешниҳод мекунад ва мефармояд аз тариқаи садақа додан шароите дар низоми олам фароҳам мешавад ки ризқатро осон ба даст меовари, чун бухл инсонро дунёӣ мекунад ва роҳҳои маънави иҷоди ризқро бар рӯи у мебандад ва бо садақа додан омли маънави мавҷиб мешавад ки ризқ осонтар ба даст ояд ҳамчунон ки бо гуноҳ умуман ризқ аз дастраси инсонҳо дур мешавад. Расули Худо(с) фармуд:

« اِنَّ الرَّجُلَ لَیُحرَمُ الرِّزقَ بِالذَّنبِ یُصِیبُهُ ... »

Инсон бо гуноҳоне ки анҷом медиҳад аз ризқаш маҳрум мегардад. Албатта зоҳиран ба маъно ин нест, ки мо аз асли ризқи худ маҳрум мешавем балки ба ин маъност ки мо гирифтори ризқи худ мешавем ва тамоми умрамон сарфи таъмини ризқи дунё мешавад. Бино бар фармоиши бузургони дини агар аз ризқи дунё як луқма ҳанӯз барои инсон монда бошад умраш он қадар тулони мешавад ки он луқмаро бихурад ва баъд бимирад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст ки ончи барои инсон навиштаанд ва барои ӯ тақдир кардаанд, онро  ба даст меоварад вале як қут ба сахти ва бо гуноҳ ба даст меоварад ва як қут ба роҳтаи ва бо анҷоми аъмоли илоҳӣ ба даст меоварад.

Ҳеҷ кас намемирад то инки ризқи муқаддарашро бихурад аммо гоҳе инсонҳо сабр надоранд ва мехоҳанд бо гуноҳ, ризқашонро ба даст оваранд ва аз ин қоидаи муҳимми илоҳӣ ғафлат мекунанд ки шитоби онҳо мавҷиби падид омадани ризқашон намешавад балки мавҷиби гирифтор шуданашон ба ризқи ҳаром хоҳад гашт.

Мушкил ин аст ки одамҳо сабр дар бандагиашон кам аст ва лизо ончиро барояшон ба сурати ҳалол муқаддар шуда аст аз тариқи ҳаром ба даст меоваранд яъне таҳарруки ғайри муътадил шумо ризқи шуморо афзун намекунад балки ризқи шуморо ҳаром мекунад.

Талаби ризқи бештар аз Худо

Ҳазрати Алӣ(к) густардаги дар ризқро аз Худованди Мутаол дархост карда ва арза медорад:

«اللَّهُمَّ انْشُرْ عَلَیْنَا غَیْثَک وَ بَرَکتَک وَ رِزْقَک وَ رَحْمَتَک»

Худовандо, суфраи борон ва баракату ризқу раҳмататро бар мо бигустарон ва моро сероб кун ба борони судманд ва сероб кунанда ва руёнандаи гиёҳон, ки ба сабаби он бируёни ончиро аз даст рафта ва зинда куни ончиро мурда; борон бо манфиате ки ташнаги заминро бартараф кунад ва маҳсуле ки аз он ба даст меояд фаровон бошад, бороне ки заминҳои ҳамворро бадон сероб куни ва водиҳо ва дарёҳоро ҷори сози ва дарахтонро пур барг ва қиматҳоро арзон намоӣ ки ту бар ҳар чиз тавоноӣ

Инфоқ

Омили таъсиргузори дигар дар афзоиши ризқу рӯзи дар Наҳҷулбалоға омада аст инфоқ аст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

«اسْتَنْزِلُوا الرِّزْقَ بِالصَّدَقَةِ »

Фуруд омадани рӯзиро бо садақа бихоҳед.

Ҳарчанд бо муҳосибаҳои дунёи, инфоқ яъне бахшидани бахше аз дорои худ ба дигарон, боиси кам шудани он сарват ва дорои мешавад; аммо дар фарҳанги дин ки ҳастиро маҳдуд ба маҳсусот намедонад инфоқ сабаби афзоиши сарват ва дорои инсон муаррифи шуда аст. Ҳақиқате ки ба таҷриба собит шуда аст ва метавон онро дар зиндаги аҳли инфоқ ва бахшиш ҳам ба роҳати мушоҳида кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст