Дар Қуръони Карим Худованд ингуна муаррифи шуда аст:

هُوَ الْأَوَّلُ وَ الاَخِرُ وَ الظَّاهِرُ وَ الْبَاطِنُ وَ هُوَ بِکلُ‏ شىَ‏ءٍ عَلِیمٌ

Имом Содиқ(а) дар маъно аввал фармуда аст: Худованд нахсутин мавҷуде аст ки пеш аз ӯ аввале набуда ва оғозе бар ӯ муқаддам нест ва охир яъне ҳар чиз ҷуз Парвардигори ҷаҳониён нобуд мешавад ва дигаргун гардад, танҳо ӯст ки ҳамеша ба як ҳолат буда ва бошад.

Дар равшан шудани маънои зоҳир ва ботин гуфта шуда аст: Зоҳир яъне ҳуҷҷати равшан ва бурҳони нурони ва нишонаи мухталиф, ки далолат бар рубубият ва сиҳҳати якто буданаш дорад ва ботин яъне касе аст ки аз дидагон пинҳо наст; яъне зоташ аз авҳом ва хиёлоти башар махфи мебошад ва инсон наметавонад бо ҳавосаш ӯро дарк кунад ва ё ба зоташ даст ёбад.

Тафсири «هُوَ الاوّل و الآخر و الظاهر و الباطن»

Худованд дар Қуръон барои равшан шудани тавҳид назди мухотабон мефармояд: «هُوَ الاوّل و الآخر و الظاهر و الباطن»

Тавсиф ба аввал ва охир будан таъбири латифе аст аз азалият ва абадияти ӯ, зеро медонем ӯ вуҷуде аст беинтиҳо ва воҷибал вуҷуд, яъне ҳастиаш аз даруни зоти ӯст на берун, то поён гирад ё оғозе дошта бошад, бинобар ин аз азал буда ва то абад хоҳад буд.

Ӯ сароғоз ва ибтидои олами ҳасти аст ва ӯст ки баъд аз фанои ҷаҳон низ хоҳад буд.

Бинобар ин таъбир ба аввал ва охир ҳаргиз замони хоссеро адр бар надорад ва ишора ба муддати муайяне надорад.

Тавсиф ба зоҳир ва ботин низ таъбири дигаре аз иҳотаи вуҷуди ӯ нисбат ба ҳамаи чиз аст, аз ҳамаи чиз зоҳиртар аст чаро ки осораш ҳама ҷоро гирифта ва аз ҳамаи чиз махфитар аст чун ки зоташ бар касе равшан нест.

Баъзе аз муфассирон дар инҷо чунин таъбир кардаанд: Аввале аст ки оғоз надорад ва охире аст ки поён надорад, зоҳире аст ки наздик нест, ботине аст ки пушида намебошад.

Ва баъзе дигар таъбири латифи дигаре доранд: Ӯ оғозгаре аст дар некиҳо ва поёнгаре аст ба афв ва бахшиш, ҳангоме ки итоаташ куни бо эҳсон ва тавфиқаш бар ту зоҳир мешавад ва ҳангоме ки маъсияташ куни бо сатр ва пушиш пинҳон мегардад.

Кутоҳ сухан инки ӯ ба ҳамаи чиз иҳота дорад ва анҷому зоҳиру ботини ҷаҳони ҳасти ӯ аст.

Баъзе аз муфассирон зоҳирро дар инҷо ба маънии ғолиб тафсир кардаанд (аз зуҳар ба маънии ғалаба) ва дар баъзе хутбаи Наҳҷулбалоға низ қаринае бар ин маъно дида мешавад. Онҷо ки дар бораи офариниши замин мефармояд:

هو الظاهر علیها بسلطانه و عظمته، و هو الباطن لها بعلمه و معرفته

Ӯ бо султа ва азаматаш бар он ғалаба дорад ва бо илм ва маърифаташ дар ботини он роҳ дорад.[1]

Ҷамъ миёни ду тафсир низ бемонеъ аст.

Ба ҳар ҳол яке аз натиҷаҳои умур ҳамон аст ки дар поёни оят омада аст: وَ هُوَ بِکُلِّ شَیْ‌ءٍ عَلِیمٌ

Зеро касе ки дар оғоз буда ва то поён боқи аст ва дар зоҳиру ботини ҷаҳона ст чунин касе қатъан аз ҳама чиз огоҳ мебошад.

Ин таъбир фақат як бор дар Қуръон:

Чунин тавсеф ва таъбире дар як оят ва бо ин калимаҳо, танҳо як бор дар Қуръон омада аст. ривоятҳои мухталифе низ пиромуни ин сифатҳо ба баҳс пардохта аст.

Рови мегуяд: Аз имом Содиқ(а) шунидам дар ҷавоби касе ки тафсири ояти هُوَ الْأَوَّلُ وَ الْآخِرُ пурисд, фармуд: Худованд нахустин мавҷуд аст ки пеш аз ӯаввале набуда ва оғозе бар ӯ муқаддам набуда аст (аз чизе пеш аз худ ба вуҷуд наёмада) поёне аст ки интиҳо буданаш аз ҷиҳати хатм ва поён нест, онгуна ки аз сифати махлуқҳо ба назар меояд (чунончи ки гуянд: Фалони охирин фарзанди қалон кас аст аз ҳайси инки дигар баъд аз ӯ фарзанде надошта аст) ва лекин Худо қадими аввал (деринае аст ки ҳеҷ чиз пеш аз ӯ набуда ва ҳеҷ чиз бар ӯ пешин нагирифта буд) ва охре аст ҷовидона ва завол нопазир ки ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд, бидуи ибтидо ва интиҳо, падид омадан бар ӯ ворид нест, аз ҳоле ба ҳоли дигар нагардад ва офаринандаи ҳама чиз аст.

Одар ҳадиси дигаре, имом калимаи ботинро бо тафсили бештар, чунин мефармояд: Ибни аби Яъфур мегуяд: Аз ҳазрати Содиқ(а) дар робита қавли Худо هُوَ الْأَوَّلُ وَ الْآخِرُ»  пурсидам ва гуфтам: Маънои аввалро фаҳмидам ва аммо маънои калимаи ихирро шумо бароям баён кунед.

Имом фармуд: Ҳар чиз ҷуз Парвардигори ҷаҳониён нобуд шавад ва дигаргун гардад. Ҳол ин нобуди ва дигаргуни ё аз хориҷ ба ӯ роҳ ёбад ё рангу шакли васфаш аваз шавад ва аз зиёди ба ками ва аз ками ба зиёди гарояд, танҳо ӯст ки ҳамеша ба як ҳолат буда ва хоҳад буд.

Ӯст аввал ва пеш аз ҳар чиз ва ӯст охир барои ҳамеша, сифату асмои гуногун бар ӯ ворид нашавад, чунонки бар ғайри ӯ ворид шавад, монанди инсон ки гоҳе хоку гиёҳе гушту хун ва гоҳе устухони пусида ва нарм шуда аст ва ....

Ҳамчунин уламо дар равшан шудани маънои зоҳир ва ботин овардаанд: Зоҳир, яъне ҳуҷҷати равшан ва бурҳони нурони ва нишонаи мухталиф, далолат бар рубубият ва сиҳҳати якто буданаш дорад ва ҳамчунин далолат дорад ки ҳеҷ мавҷуде нест магар онки шаҳодат ба ҳастии ӯ медиҳад ва ҳеҷ махлуқе нест магар онки парда аз тавҳидаш бармедорад.

Ботин яъне касе аст ки аз дидагони дигарон, пинҳон аст, пас ӯ ҳам зоҳир аст ва ҳам махфи, зоҳир аст аз тариқи далоил ва нишонаҳо, вале зоташ аз авҳом ва хиёлот башар махфи мебошад; зоташ маҳҷуб ва пушида ва дар айни ҳол аз тариқи нишонаҳо ошкор аст. Муфассирони дигаре низ тафсири наздик ба ин маъно зиркр кардаанд. Албатта маонии дигаре низ барои ин сифатҳо зикр шуда аст.

Ончи зикр шуд мухтасаре аз тафсири ояти мавриди баҳс буда аст, вале ин сифатҳои Худованд табиатан баҳси муфассалеро дар улуми ақлия ба хусу калом ва фалсафа ба худ ихтисос додаанд ва ҳатто бархе аз муфассирон низ бадон пардохта; шояд ба ҳамин ҷиҳат имом Саҷҷод (а) пиромуни ин навъ аз оёт фармудаанд: Худои азза ва ҷалл донист ки дар охируззамон мардуме муҳаққиқ ва мушикоф оянд. Аз ин рӯ сураи قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ» ва оёти сураи Ҳадидро ки охираш وَ هُوَ عَلِیمٌ‏ بِذاتِ الصُّدُورِ аст нозил фармуд, пас ҳар ки барои худошиноси ғайр аз ин ҷуяд ҳалок аст.

 

 

 

[1] Наҳҷулбалоға,хутбаи 186.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст