Дар ривоёт омада аст,ки барои анҷоми ҳар коре «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» бигӯед. Масалан дар ҳадиси шарифе,ки аз ҳазрати Паёмбар(с) ривоят шуда,ки фармуданд:
«كل أمر ذي بال لم يبدأ ببسم الله فهو أبتر»
«Ҳар кори муҳиме,ки ба номи Худои Мутаол оғоз нашавад, он кор бе хайру бе баракат аст».
Яъне коре ки қасди анҷоми онро доред бояд ба гунае бошад, ки дар оғози вуруд ба он кор битавон гуфт: «Худоё ба номи ту».
Бинобарин мо ҳеҷ, кореро бидуни мутолиа, тафаккур ва оқибатсанҷӣ анҷом намедиҳем ва алова бар ин корҳоеро анҷом медиҳем, ки битавонем дар ибтидои он бигӯем: «Худоё бо номи ту оғоз мекунам». Чунин коре ё воҷиб аст ва ё мустаҳаб чун кори ҳаром ва макруҳро наметавон бо номи Худо оғоз кард ва анҷом дод. Бо ин амал метавонем ҳамеша Шайтон дар асорати худ нигаҳ дорем.
Пас гуфтани «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» ду фоида дорад
1- диққат ва оқибат андеши пеш аз анҷоми кор.
2-даст задан ба коре ки шоистагии анҷом доданро дорад.