Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шуда аст ки фармуданд: “Баргузидаи Қуръон сураи Бақара ва баргузидаи Бақара, ояталкурси аст, дар он панҷоҳ калима аст ва дар ҳар калимае панҷоҳ баракат аст.” Ва низ фармуданд: “Баъд аз шунидани ин оят, шабе бар ман сипари нашуд, магар онки ояталкурсиро хонда бошам.”
اللَّهُ لا إِلهَ إِلاَّ هُوَ الْحَیُّ الْقَیُّومُ لا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَ لا نَوْمٌ لَهُ ما فِی السَّماواتِ وَ ما فِی الْأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِی یَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ یَعْلَمُ ما بَیْنَ أَیْدِیهِمْ وَ ما خَلْفَهُمْ وَ لا یُحِیطُونَ بِشَیْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلاَّ بِما شاءَ وَسِعَ كُرْسِیُّهُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضَ وَ لا یَۆُدُهُ حِفْظُهُما وَ هُوَ الْعَلِیُّ الْعَظِیمُ
“Аллоҳ, ки ҷуз ӯ маъбуде нест, зинда ва барподоранда аст. На хоби сабук ӯро фаро гирад ва на хоби сангин. Ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст, аз они ӯст. Кист онки ҷуз ба изни ӯ дар пешгоҳаш шафоат кунад. Гузашта ва ояндаи ононро медонад. Ва ба чизе аз илми ӯ иҳота намекунад магар ба миқдоре ки бихоҳад.”
Курси (илм ва қудрати) ӯ осмонҳо ва заминро бар гирифта аст ва нигаҳдори он ду бар ӯ сангин нест ва ӯ воло ва бузург аст. Ба муносибати вуҷуди калимаи курси дар оят, Расули Акрам(с) ин оятро “ояталкурси” номид. Дар ҳадисҳо омада аст ки ин оят ба манзилаи қуллаи Қуръон аст ва бузургтарин мақомро дар миёни оёт дорад.
Дар аҳамият ва фазилати он ҳамин бас ки аз Паёмбари Ислом(с) нақл шуда аст ки Убай ибни Каъд савол кард ва фармуд: Кадом оят бартарин ояти китобуллоҳ аст? Арз кард: اللَّهُ لا إِلهَ إِلَّا هُوَ الْحَیُّ الْقَیُّومُ, Паёмбари Ислом(с) даст бар синаи ӯ зад ва фармуд: Дониш бар ту гуворо бод, савганд ба касе ки ҷони Муҳаммад(с) дар дасти ӯст ин оят дорои ду забон ва ду лаб аст ки дар пояи арши илоҳӣ тасбеҳ ва тақдиси Худо мегуяд.
Ҳамчунин нисбат ба тиловати ин оят супориши бисёр шдуа аст, аз ҳазрати Алӣ(к) нақл кардаанд ки фармуд: “Баъд аз шунидани фазилати ин оят, шаберо сипари накардам, магар онки ояталкурсиро хонда бошам.”
Ҳар мавҷуди зиндае барои идомаи ҳаёт, ниёзманди манбаи файз аст. Ҳамчун чароғе ки барои идомаи равшани, ниёз ба васлшавии барқ дорад. Тамоми мавҷудот барои зинда шудан бояд аз “ҳай” энержи бигиранд ва барои идомаи зиндаги бояд аз “қайюм” моя бигиранд дар ин оят, шонздаҳ мартаба номи Худованд ва сифати ӯ матраҳ шуда аст. Ба ҳамин сабаб ояталкурсиро шиъор ва паёми тавҳид донистаанд. Ҳарчанд дар Қуръон борҳо шиъори тавҳид бо баёнҳои гуногун матраҳ шуда аст, монанди «لا إله الا الله» , لا إِلهَ إِلَّا هُوَ , «لا إِلهَ إِلَّا أَنْتَ» , «لا إِلهَ إِلَّا أَنَا» , вале дар ҳеҷ кадоми онҳо мисли ояталкурси дар канори шиъори тавҳид, сифатҳои Худованд матраҳ нашуда аст.
Маҷмуае аз сифатҳои ҷамолу ҷалоли ӯ
Ибтидо аз зоти ақдаси илоҳӣ ва масъалаи тавҳиди асмои ҳусно ва сифатҳои ӯ шуруъ мешавад, мефармояд: “Худованд ҳеҷ маъбуде ҷуз ӯ нест (اللَّهُ لا إِلهَ إِلَّا هُوَ”
Калимаи “илоҳ” дар бораи ҳар маъбуде ба кор меравад, хоҳ ҳаққ ва ё ботил, «أَ فَرَأَیْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلهَهُ هَواهُ» вале калимаи “Аллоҳ” номи зоти муқаддаси илоҳӣ аст. Маъбудони ғайр аз Худо, аз офаридани пашшае оҷизанд «لَنْ یَخْلُقُوا ذُباباً ва онон ки ба парастиши ғайри Худо мепардозанд, аз буландои тавҳид ба дарраҳои хавфнок суқут мекунанд. «وَ مَنْ یُشْرِكْ بِاللَّهِ فَكَأَنَّما خَرَّ مِنَ السَّماءِ فَتَخْطَفُهُ الطَّیْرُ» , «لا إِلهَ إِلَّا اللَّهُ» аввалин саҳифаи шиносномаи ҳар мусулмон аст. Аввалин шиъор ва даъвати Паёмбари Ислом(с) низ бо ҳамин ҷумла буд: «قولوا لا إله الا الله تفلحوا ҳам чунон ки фармуд :
«من قال لا إله الا الله مخلصا دخل الجنة و اخلاصه بها ان تحجزه لا إله الا الله عما حرم الله»
Ҳар кас холисона шиъори тавҳид сар диҳад, вориди биҳишт мешавад ва нишони ихлоси ӯ он аст ки гуфтани «لا إِلهَ إِلَّا اللَّهُ» вайро аз ҳаромҳои илоҳӣ дур соҳад.
Ҳамчунон ки имом Ризо(а) дар ҳадиси қудси нақл кардаанд:
«كلمة لا إله إلا الله حصنى»
“Калимаи тавҳид, дижи мустаҳками илоҳӣ аст.”
Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: «لا تكن عبد غیرك و قد جعلك الله حرا» “Бандаи дигаре мабош ки Худованд туро озод офарида аст.”
Лозим аст мусулмонон ҳар рӯз ва дар ҳар ҷо бо садои баланд, азон бигуянд ва гуши навзодони худро пеш аз ҳар садое, бо танини тавҳид «لا إِلهَ إِلَّا اللَّهُ» ошно созанд.
Дар идомаи оят мефармояд: Худованд ки зинда ва қоим ба зоти хеш аст ва мавҷудоти дигар, қоим ба ӯ ҳастанд. الْحَیُّ الْقَیُّومُ
Маънои ҳаёт дар бораи зоти Парвардигор бо дигарон фарқ мекунад ва монанди дигар сифатҳои илоҳӣ, аз зоти ӯ ҷудонопазир аст ва дар он фано роҳ надорад «وَ تَوَكَّلْ عَلَى الْحَیِّ الَّذِی لا یَمُوتُ» ӯ дар ҳаёти хеш ниёзманди хурок, тавлиди мисл, ҷазбу дафъ, ки лозимаи ҳаёти мавҷудоте чун инсон ва ҳайвон ва гиёҳ аст, нест. «یا حى الذى لیس كمثله حى»
“ал Қайюм” аз решаи “қиём” ба касе гуфта мешавад ки рӯи пои худ истода ва дигарон ба ӯ вобаста ҳастанд . Калимаи “ал қайюм” се мартаба дар Қуръон омада аст ва дар ҳар се мартаба дар канори калимаи “ал ҳай” қарор дорад. Қиёми ӯ аз худи ӯст, вале қиёмҳои дигари мавҷудот ба вуҷуди ӯст. Ва мурод аз қаймумияти Парвардигор, тасаллут ва ҳифозат ва тадбири комили ӯ нисбат ба махлуқот аст.
Қиёми ӯ доими ва ҳама ҷониба аст, меофаринад, рӯзи медиҳад, ҳидоят мекунад ва мемиронад ва лаҳзае ғофил нест.
Ҳар мавҷуди зиндае барои идомаи ҳаёт, ниёзманди манбаи файз аст. Ҳамчун чароғе ки барои идомаи равшании худ, ниёзманди муттасил шудан ба барқро дорад. Тамоми мавҷудот барои зинда шудан бояд аз “ал ҳай” тағзия шаванд ва барои идомаи зиндаги бояд аз “қайюм” моя бигиранд. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:
«كل شىء خاضع له و كل شىء قائم به» ҳар чизе таслими ӯ ва ҳар чизе вобаста ба ӯст.
Нақл кардаанд ки дар ҷанги Бадр Расули Худо(с) такроран дар саҷда мегуфтанд: «یا حى یا قیوم»
Паёмҳои оят
1. Ҳеҷ мавҷуде ҷуз ӯ, арзиши маъбуд шудан надорад. «لا إِلهَ إِلَّا هُوَ»
2. Ҳаёти воқеи ва абади ва ҳамаи ҳаётҳои дигар аз они ӯст. «الْحَیُّ»
3. Ҳама чиз доиман ба ӯ бастаги дорад ва лаҳзае аз тадбири ӯ хориҷ нест. «الْقَیُّومُ»
Қуллаи Қуръон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1606