Яке аз зеботарин омӯзаҳои фарҳанги исломи таваҷҷуҳ ба амотандори ва ҳифзи амвол ва дороиҳои дигарон аст ки дар ихтиёри афрод қарор дода шуда аст.
Худованди Мутаол дар Қуръони Маҷид мефармояд:
انَّ اللَّهَ یَأْمُرُكُمْ انْ تُۆَدُّوالْاماناتِ الى اهْلِه
“Ҳамоно Худованд ба шумо фармон медиҳад ки амонатҳоро ба аҳли он бидиҳед.”
Имом Содиқ(а) фармуд:
انَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَمْ یَبْعَثْ نَبِیّاً الَّا بِصِدْقِ الحدیثِ وَاداءِ الْامانَةِ الَى الْبِرِّ وَالْفاجِر
“Худованд ҳеҷ паёмбареро барнаянгехта, ҷуз бар ростгӯи ва адои амонат ба некукор ва бадкор.”
Имом Боқир(а) фармуд:
:« ثَلاثٌ لَمْ یَجْعَلِ اللَّهُ عَزَّ وجَلَّ لِاحَدٍ فیهِنَّ رُخْصَةً: اداءُ الْامانَةِ الَى الْبِرِّ وَالْفاجِرِ ...
“Худованд иҷозаи тарки се чизро ба ҳеҷ кас надода: яке радди амонат (ба соҳибаш) мебошад чи некукор бошад ва чи бадкор ..”
Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Савганд мехурам ки лаҳзае пеш аз вафоти Паёмбар(с) се бор аз ӯ шунидам ки фармуд:
یا ابَاالْحَسَنِ ادِّ الْامانَةَ الَى الْبَرِّوَالْفاجِرِ فیما قَلَّ وَجَلَّ حَتَّى فِى الْخَیْطِ وَالْمَخیطِ
“Эй Алӣ! Амонатро ба некукор ва бадкор пас бидеҳ, кам бошад ё зиёд, ҳатто наху сузане.”
Ҳамчнуин он ҳазрат дар яке аз васиятҳояш фармуд:
ادُّوا الْاماناتِ وَلَوْ الى قَتَلَةِ الْانْبِیاءِ
“Амонатҳоро рад кунед, агарчи ба қотилони паёмбарон бошад.”
Анвои амонат:
Дар фарҳанги ислом амонат ба ду чиз гуфта мешавад:
1.Амонати илоҳӣ
2. Супурдани мол назди дигарон.
1.Амонати илоҳӣ:
Худованди Мутаол дар сураи муборакаи Аҳзоб ояти 72 мефармояд:
إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمانَةَ عَلَى السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ الْجِبالِ فَأَبَیْنَ أَنْ یَحْمِلْنَها وَ أَشْفَقْنَ مِنْها وَ حَمَلَهَا الْإِنْسانُ إِنَّهُ كانَ ظَلُوماً جَهُولاً
“Мо амонати (илоҳӣ ва бори таклиф) ро бар осмонҳо ва замин ва куҳҳо арза кардем, пас, аз бардоштани он сар боз заданд ва аз он ҳароснок шуданд вале инсон онро бардошт рости ӯ ситамгаре нодон буд.”
Уламои улуми Қуръон ва тафсир дар хусуси ин ояти шарифа назарҳои гуногуне доранд ва мақсуд аз амонатро дар оят мисдоқҳои гуногуне баён кардаанд. Ба гуфтаи тафсири Намуна метавон амонати илоҳи ҳамон “тааҳҳуд ва қабули масъулият” аст.
Бинобар ин онҳо ки амонатро сифати ихтиёр ва озоди ироа донистанд ба гушае аз ин амонати бузург ишора карданд, ҳамонгуна онҳо ки онро тафсир ба ақл ё аъзои пайкар, фароиз ва воҷибот ва ё таклиф ба таври кулли тафсир намуданд ҳар кадом даст ба сӯи шохае аз ин дарахти бузурги пурбор дароз карда ва мевае чиддаанд.
2.Моли супурда шуда:
Манзур аз моли супурда шуда амволу дороиҳо ва эҳёнан ашёе аст ки ба инсон амонат дода мешаванд ва ӯ бояд аз ин амонатҳ ба наҳви аҳсан нигаҳдори кунад ба чанд намуна аз анвои амонат аз навъи мол супурда шуда ишора мешавад. 1.Номаҳо ва паёмҳо 2. Ҷинсҳо ва колоҳо 3. Байтул моли мардум 4. Ҳайвонот 5. Замин.
Намунаҳое аз амонат дар Қуръон
Худованди Мутаол ки худ беҳтарин ва бузургтарин амину нигаҳбон аст, аз ҳаргуна дағалбози ва хиёнати поку мубарро мебошад. Дар ин ҷо ба намунаҳое аз оёти қуръони ва ривоятҳо маъсумин (а) ки дар бораи амонат ворид шуда аст, ишора мекунем.
Худованд дар Қуръон нисбат ба ҳифзи амонат ва супурдани он ба дасти соҳибонаш мефармояд: ان الله یامرکم ان تودوا الامانات الی اهـلـهـا...(
“Худованд ба шумо фармон медиҳад ки амонатҳоро ба соҳибонаш бидиҳад.”
Дар ҷои дигар дар бораи хиёнат накардан дар амонат мефармояд:
فان امـن بـعضکم بعضا فلیود الذی اوتمن امانته ولیتق الله ربه...(
“Ва агар касе аз шумо дигареро амин донист, он кас ки амин дониста шуда амонатро боз диҳад ва бояд аз Худо битарсад.”
Худованд дар ояти дигар дар бораи қабулу радди амонат аз аҳли китоб (насоро ва яҳуд) сухан мегуяд ва мефармояд:
(ومن اهل الکتاب من ان تـامـنـه بـقنطار یوده الیک ومنهم من ان تامنه بدینار لایوده الـیـک الا مـادمت علیه قائما...(
“Баъзе аҳли китоб (аз насоро) то ба он ҳадд дуруст коранд ки агар моли бисёре ба онон амонат диҳи, радди амонат кунанд ва бархе дигар аз аҳли китоб (яҳуд) он андоза нодир ҳастанд ки агар ба онон як динор амонат диҳи рад накунанд, ҷуз он ки бар мутолибаи он сахгири куни...”
Ояти дигар ба амонатдори дар тули зиндаги ва подоши азиме ки ба шахси амин тааллуқ мегирад, ишора мекунад ва мефармояд:
والذین لامـانـاتهم وعهدهم، راعون* والذین هم بشهاداتهم قائمون* والذین هم علی صلاتهم یحافظون* اولئک فی جنات مکرمون
“Ва онон ки амонат ва ҳаду паймонашонро риоят мекунанд ва онон ки барои шаҳодати ба ноҳақ қиём мекунанд ва онон ки бар намозашон мувозибат доранд, инон дар боғҳои биҳишти боиззат ва эҳтироми мутанаиманд.”
Ҳазрати Алӣ(к) дар бораи амонатдори мефармояд:
الامانه والوفاء صـدق الافـعـال والـکـذب والافـتراء خیانه الاقوال
“Амонатдори ва вафодори, рости афъол (аъмол) аст ва дуруғ ва буҳтон, хиёнати ақвол (гуфтаҳо)”
Он ҳазрат дар ҳадиси дигар, дар бораи арзиши маънави амонатдори мефармоянд: (الزم الصدق والامانه فانهما سجیه الابرار
“Пайваста мулозими ростгӯи ва амонатдори бош ки он ду шеваи некон аст.”
Имом Содиқ(а) низ мефармоянд: اتقوا الله وعلیکم باداء الامانه الـی من ائتمنکم
“Аз Худо битарсед ва ҳар кас ки шуморо амин дониста ва амонате ба шумо сипурда, амонаташро боз гардонед.”
Ва низ дар бораи амри хатир ва муҳимми рисолати паёмбарон, имом Содиқ(а) мефармоянд: Худои азза ва ҷалл паёмбареро мабъус накард магар ба амонатдори ва ростгӯи нисбат ба некукори ва бадкор.
Фоидаҳо ва осори амонатдори дар зиндаги
Амонатдори осор ва фоидаҳои фарди ва иҷтимои бешуморе дорад ки ба чанд маврид аз онҳо ишора мешавад:
1.Хушнудии Худованд:
Инки Худованди Мутаол дар ояти руҳбахши Қуръон авлиёи худро дар дунё ва охират бо ин вижаги муаррифи менамояд гуёи ризояти Худованд аз ин сифати ахлоқи ва мурооткунандагони он аст камо инки Худованди Мутаол мефармояд:
وَ الَّذینَ هُمْ لِأَماناتِهِمْ وَ عَهْدِهِمْ راعُونَ وَ الَّذینَ هُمْ بِشَهاداتِهِمْ قائِمُونَ وَ الَّذینَ هُمْ عَلى صَلاتِهِمْ یُحافِظُونَ أُولئِكَ فی جَنَّاتٍ مُكْرَمُونَ
“Ва касоне ки амонатҳо ва паймонҳои худро муроот мекунанд ва онон ки бар шаҳодатҳои худ истодаанд ва касоне ки бар намозашон мудовимат меварзанд. Онҳо ҳастанд ки дар боғҳое (аз биҳишт) гироми хоҳанд буд.”
Дар ҳадисе аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шуда аст ки фармуданд:
إذا أحَبَّ اللّه ُ عَبدا حَبَّبَ إلَیهِ الأمانَةَ
“Ҳаргоҳ Худованд бандеро дуст бидорад, амонатдориро дар назараш маҳбуб гардонад.”
2.Ҷалби эътимод ва итминони мардум:
Яке аз вижагиҳои машҳури Расули Акрам(с) хусусан амонатдори ишон буд ба тавре ки мушрикони Макка ба воситаи ин хусусияти ахлоқи ба ишон эътимод мекарданд ва дар сафарҳое ки доштанд амволи худро назди ишон ба амонат мегузоштанд илова бар ин таври таҷриби ва ақлони низ навъан мардум касоне ки ба амонатдори шуҳрат доранд дуст медоранд ва ба онҳо эътимод менамоянд.
Дар ҳадисе нақл шуда аст ки имом Содиқ(а) ба Абдурраҳмон ибни Сиёба фармуд:
عَلَیک بِصِدْقِ الْحَدیثِ وَ اَداءِ الاَمانَةِ تَشْرِک النَّاسَ فی اَمْوالِهِمْ هکذا؛
“Оё ба ту суфориши арзанда дошта бошам ? Ӯ гуфт: Оре ябна Расулаллоҳ (с) ! Имом фармуд: Бар ту бод ростгӯӣ ва адои амонат, ки дар ин сурат шарики моли мардум хоҳи буд. (пас имом ду ангушти худро ба ҳам часпонда ва фармуд: мисли ин.”
3.Вусъати рӯзи
Аз имом Алӣ(к) дар ин хусус нақл шуда аст ки мефармоянд:
لامانَةُ تَجُرُّ الرِّزقَ، و َالخیانَةُ تَجُرُّ الفَقرَ
“Амонатдори рӯзи меоварад ва хиёнат дар амонат фақр”
4. Амният ва осоиши иҷтимоӣ
Расули Акрам(с) дар мавриди ин роҳоварди иҷтимои амонатдори дар ҷомеа мефармоянд:
«لا تَزالُ اُمَّتی بِخَیرٍ ما لَمْ یتَخاوَنُوا وَاَدُّوا الاَمانَةَ؛(
“Пайваста уммати ман дар хуши ва роҳати хоҳад буд, модоме ки ба ҳамдигар хиёнат наварзанд ва амонатҳоро адо кунанд.”
Амонатдори дар Қуръон ва ҳадис
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 3310