Қуръон гоҳе аз дастуроти лозимул иҷро бо ҷумлаи “кутиба алайкум”: бар шумо навишта шуда таъбир мекунад, аз ҷумла дар ояти 178 Бақара ва ҳамчунин оёти оянда ки дар мавриди васият ва рӯза сухан мегуяд, ҳамин таъбир дида мешавад.
Ба ҳар ҳол ин таъбир аҳамият ва таъкиди матолибро равшан мекунад, зеро ҳамеша масоилро менависанд ки аз ҳар назар қатият пайдо карда ва ҷидди аст.
یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَیْكُمُ الْقِصاصُ فِی الْقَتْلى‏ الْحُرُّ بِالْحُرِّ وَ الْعَبْدُ بِالْعَبْدِ وَ الْأُنْثى‏ بِالْأُنْثى‏ فَمَنْ عُفِیَ لَهُ مِنْ أَخِیهِ شَیْ‏ءٌ فَاتِّباعٌ بِالْمَعْرُوفِ وَ أَداءٌ إِلَیْهِ بِإِحْسانٍ ذلِكَ تَخْفِیفٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَ رَحْمَةٌ فَمَنِ اعْتَدى‏ بَعْدَ ذلِكَ فَلَهُ عَذابٌ أَلِیمٌ
“Эй касоне ки имон овардаед! (Қонун) қисос дар мавриди куштагон, бар шумо (чунин муқаррар гардида аст: озод дар баробари озоди ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан, пас агар касе аз ноҳияи бародар (дини) худ (яъне соҳиби хуну вали мақтул (мавриди афв қарор гирад.). (Ё қисоси ӯ ба хунбаҳо табдил шавад) бояд шеваи писандида пеш гирад ва ба неки (дияро ба вали мақтул) бипардозад, ин ҳукм тахфиф ва раҳмате аст аз ноҳияи Парвардигоратон, пас барои касе ки баъд аз ин (аз ҳукми Худо) таҷовуз кунад азоби дардноке дорад.”
Оят аз масъалаи ҳифзи эҳтироми хунбаҳо ки масъалаи фавқул одда муҳимме дар робитаҳои иҷтимои аст оғоз мекунад ва хатти бутлон бар одоб ва сунани ҷоҳили мекашад, муъминонро мухотаб қарор доад чунин мегуяд: “Эй касоне ки имон овардаед ҳукми қисос дар мавриди кушташудагон бар шумо навишта шуда аст.”
یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَیْكُمُ الْقِصاصُ فِی الْقَتْلى‏).


Шаъни нузул:
Одати араби ҷоҳили бар он буд ки агар касе аз қабилаи онҳо кушта мешуд тасмими мегирифтанд то онҷо ки қудрта доранд аз қабили қотиб бикушанд ва ин фикр то онҷо пеш рафта буд ки ҳозир буданд ба хотири кушта шудани як фард тамоми тоифаи қотилро нобуд кунанд. Дар ин шароит буд ки ояти боло нозил шуд ва ҳукми одилонаи қисосро баён кард.
Қатли зану мард, аз назари илоҳӣ ва инсони ва кайфари охирати яксон аст, лекин дар кайфари дуняви фарқ дорад ва ин ба хотири он аст ки маъмулан мард ноновари хона ва қатли ӯ сабаби зарбаи иқтисоди ба хонавода аст ва қонун бар асоси навъ аст, на мавриди нодир ки мумкин аст зане ноновар бошад.
Ин ҳукми исломи, дар воқеъ ҳадди миёнае буд миёни ду ҳукми мухталиф ки дар он замон вуҷуд дошт; баъзе қисосро лозим медонистанд ва чизе ҷуз онро муҷоз намешумурданд ва баъзе танҳо дояро лозим мешуморанд, ислом қисосро дар сурати адами ризояти аввалияи мақтул ва диякро ба ҳангоми ризояти тарафайн қарор дод.


Нуктаҳо ин оят:
“Алқисос” аз решаи “қасса” ба маънои пайгири аст. Лизо ба достони дунболадор ва пай дар пай қисса мегуянд пайгири қатл то муҷозоти қотилро қисос гуянд.
Дар ҳар иҷтимое гоҳу бегоҳ қатле сурат мегирад, як дини ҷомеъ ва комил ҳамонанди ислом, дар қиболи чунин ҳодисаҳо бояд тарҳу барномаи одилона ва мантиқи ироа диҳад ки битавонад пешгири зиёд шудан ва такрор чунин ҳодисаҳо ва ҳамчунин пешгири аз интиқомҳои нобаҷо ва эҳёнан суистифодаҳоро бигирад, то қотилон, ҷасур нашаванд ва хуни музлуме ба ҳадар наравад.
Ислом бо тарҳе ки дар ин оят матраҳ шуда, ҳам ҳифозати хуни мардум ва ҳам ризояти тарафайн ва риояти ҳудуд ва андозаро дар назар гирифта аст.

Ҷавоб ба як савол:
Савол: Чаро дар қонуни қисос, ҷинсият матраҳ аст? Агар қотил мард ва мақтул зан бошад, мардро қисос намекунанд?
Ҷавоб: Қатли зану мард, аз назари илоҳӣ ва инсони ва кайфари охирати яксон аст, лекин дар кайфари дуняви фарқ дорад ва ин ба хотири он аст ки маъмулан мард ноновари хона ва қатли ӯ сабаби зарбаи иқтисоди ба хонавода аст ва қонун бар асоси навъ аст, на мавриди нодир ки мумкин аст зане ноновар бошад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст