Муҳимтарин масъалае, ки дар сураи Нур дунбол шуда аст масъалаи иффати умуми ва мубориза бо ҳаргуна олудагии ҷинси аст ки дар буъдҳои мухталифе мавриди барраси қарор гирифта, оёти мавриди баҳс низ ба яке аз мавориде ки бо ин масъала иртибот дорад пардохта ва хусусиёти онро ташреҳ мекунад ва он масъала иҷоза гирифтани кудакони болиғ ва ноболиғ ба ҳангоми вуруд ба хонаҳое аст ки мардон ва ҳамсаронашон мумкин аст дар он хилват карда бошанд.
Худованд дар сураи Нур ояти 58 чунин мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ لِيَسْتَْذِنكُمُ الَّذِينَ مَلَكَتْ أَيْمَانُكمُْ وَ الَّذِينَ لَمْ يَبْلُغُواْ الحُْلُمَ مِنكمُْ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ مِّن قَبْلِ صَلَوةِ الْفَجْرِ وَ حِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُم مِّنَ الظَّهِيرَةِ وَ مِن بَعْدِ صَلَوةِ الْعِشَاءِ ثَلَاثُ عَوْرَاتٍ لَّكُمْ لَيْسَ عَلَيْكمُْ وَ لَا عَلَيْهِمْ جُنَاحُ بَعْدَهُنَّ طَوَّافُونَ عَلَيْكمُ بَعْضُكُمْ عَلىَ بَعْضٍ كَذَالِكَ يُبَينُِّ اللَّهُ لَكُمُ الاَْيَاتِ وَ اللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيم
“Эй касоне ки имон овардаед! Бардагони шумо ва ҳамчунин кудаконатон ки ба ҳадди булуғ нарасидаанд, дар се вақт бояд аз шумо иҷоза бигиранд: Пеш аз намози субҳ ва нимрӯз ҳангоме ки либосҳои (маъмулии) худро берун меоваред ва баъд аз намози ишо (хуфтан) ин се вақти хусуси барои шумост аммо баъд аз ин се вақт, гуноҳе бар шумо ва бар онон нест (ки бидуни иҷоза ворид шаванд) ва бар гирди якдигар бигардед (ва бо сафо ва самимият ба якдигар хидмат намоед.) Ингуна Худованд оётро барои шумо баён мекунад ва Худованд доно ва ҳаким аст.”
Аввал мегуяд:
يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِيَسْتَأْذِنْكُمُ الَّذِينَ مَلَكَتْ أَيْمانُكُمْ وَ الَّذِينَ لَمْ يَبْلُغُوا الْحُلُمَ مِنْكُمْ ثَلاثَ مَرَّاتٍ
“Эй касоне ки имон овардаед бояд бардагони шумо ва ҳамчунин кудаконатон ки ба ҳадди булуғ нарасидаанд дар се вақт аз шумо иҷоза бигиранд.”
Ва баъд мегуяд:
مِنْ قَبْلِ صَلاةِ الْفَجْرِ وَ حِينَ تَضَعُونَ ثِيابَكُمْ مِنَ الظَّهِيرَةِ وَ مِنْ بَعْدِ صَلاةِ الْعِشاءِ
“Пеш аз намози фаҷр (субҳ) ва дар нимрӯзи ҳангоме ки либосҳои (маъмулии) худро берун меоваред ва баъд аз ишо (хуфтан).”
ثَلاثُ عَوْراتٍ لَكُمْ
“Ин се вақт, се вақти пинҳони ва хусуси барои шумост.”
“Авра” дар асл аз моддаи “ор” ба маънои “айб” аст ва аз онҷо ки ошкор шудани олати ҷинси мояи айб ва ор аст дар луғати араб ба он аврат гуфта шуда аст.
Калимаи аврат гоҳ ба маънои шикофи дари девор ва либос ва монанди он низ омада аст ва гоҳ ба маънии мутлақи айб мебошад ва ба ҳар ҳол итлоқи калимаи аврат бар ин вақтҳои се гона ба хотири он аст ки мардум дар ин вақтҳо худро зиёд ба пушондан бадани хеш монанди дигар вақтҳо намекунанд ва як ҳолати хусуси доранд.
Ошкор аст ин дасутр мутаваҷҷеҳи авлиёи тифлҳо аст ки онҳоро водор ба анҷоми ин барнома кунанд, чаро ки онҳо ҳануз ба ҳадди булуғ нарасидаанд то шомили таклифи илоҳӣ бошанд ва ба ҳамин далел хитоб дар инҷо авлиё ҳастанд.
Кулли гуфтани оят ҳам шомили кудакони писар ва ҳам кудакони духтар мешавад ва калимаи “аллазина” ки барои ҷамъи музаккар аст монеъ аз умумияти мафҳуми оят нест, зеро дар бисёре аз маворид ин таъбир ба унвони ғолиби бар маҷмуъ иттилоқ мегардад ҳамонгуна ки дар ояти вуҷуби рӯза таъбир ба “аллазина” шуда ва манзур ҳамаи мусулмонон аст.
Зикри ин нукта лозим аст ки оят аз кудаконе сухан мегуяд ки ба ҳадди тамиз ва тахшис додан расидаанд ва масъалаҳои ҷинси ва аврат ва ғайри онро ташхис медиҳанд, зеро дастури изн гирифтан худ далел бар ин аст ки ин андоза мефаҳманд ки изн гирифтан яъне чи? Ва таъбир ба “салоса аврот” шоҳиди дигар бар ин маъно аст.
Аммо инки ин ҳукм дар мавриди бардагон махсус ба бардагони мард аст ё канизонро низ шомил мешавад ҳадисҳои гуногуне нақл шуда аст ҳарчанд зоҳир омм аст ва ҳар ду гуруҳро шомил мешавад.
Дар поёни оят мефармояд:
لَيْسَ عَلَيْكُمْ وَ لا عَلَيْهِمْ جُناحٌ بَعْدَهُنَّ طَوَّافُونَ عَلَيْكُمْ بَعْضُكُمْ عَلى بَعْضٍ
“Бар шумо ва бар онҳо гуноҳе нест ки баъд аз ин се вақт бидуни изн ворид шаванд ва баъзе ба дигаре хидмат кунанд ва гирди ҳам (бо сафо ва самимият) бигарданд.”
Ба ҳар ҳол аз ояти боло чунин истифода мешавад ки агар падар ва модар хона ё ҳуҷраи махсусе барои истироҳат кардан дошта бошанд бояд иҷоза гирифт ва агар дар хонаи умумие бошад ки дигарон ҳам дар онҷо ҳозиранд ва ҳеҷ гуна монее дар кор нест иҷоза гирифтан лузуме надорад.