Вориди ҳар хонае ки мешавед дар мезанед ва иҷоза мегиред, зеро барои ворид шудан ба ҳар ҳариме адаб ҳукм мекунад иҷоза бигиред. Дар ин олам ҳам барои ҳар кору амале ниёз ба изн ва иҷозаи Худованд дорем зеро тамоми олам ҳариму маҳзари Худованд аст.

فَلَا تَدْخُلُوهَا حَتَّى یُۆْذَنَ لَكُمْ

“Пас дохили он мешавед то ба шумо иҷоза дода шавад.”

Худованд молику соҳиби ҳақиқи ва асли ин ҷаҳон аст. Ҳар ончи дар осмон ва замину каҳкашонҳо вуҷуд дорад дар дасти қудрати ӯ аст ва мо барои оғози ҳар коре чи бузург бошад ва чи майда ба маънои вориди ҳарими Худованд мешавем ва ниёз ба изн ва иҷозаи ва кумак аз Парвардигори мутлақ аст.


Изн ва иҷоза аз соҳиби хона

Калимаи изн дар Қуръон ба маънои имкони тадовуми таъсир бар тибқи машияи илоҳӣ ва иродаи хосси вай ба кор рафта аст. Яъне тадовуми ва идома доштани файзи худро дар он замон қатъ намекунад вагарна ҳеҷ неруе омиле наметавонад андак таъсире бигузорад.

وَمَا تَشَاۆُونَ إِلَّا أَن یَشَاء اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِینَ

“Ва то Худо Парвардигори ҷаҳонҳо нахоҳад (шумо низ) нахоҳед хост.”

Ин ирода, иродаи ҳодиса аст ки имкони таъсири ва таассур дар олами табиатро барои ашё фароҳам месозад ва бидуни он, ҳеҷ омили табии наметавонад дар ҷаҳони ҳасти таъсир бигузорад. Мақсуд аз тадовуми файзи илоҳӣ дар олами таквин ба ҳамин маъност.

وَ مَا هُم بِضَآرِّینَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلاَّ بِإِذْنِ اللّهِ

“Ҳарчанд бидуни фармони Худо наметавонистед ба василаи он ба аҳадде зиён бирасонед.”

Агар изни Худованд яъне файзи илоҳӣ имкони таъсир аз ҷониби Худо набошад, имкон надорад сеҳри онон таъсире бигузорад. Чун омили таъсир дар олами ҳасти мутаассир аз таъсири зоти Ҳақ Таоло аст зеро; لا موثر فی الوجود الا الله ва ҷумлаи мумкинот дар зоти худ ниёзманданд ва ҳамонгуна ки мумкинот зотан муҳтоҷи файзи илоҳианд, асари онҳо дар олами табиат ки аз мумкинот аст, муҳтоҷи файзи илоҳӣ аст.

Расули Худо(с) фармуданд: “Чун рӯзи қиёмат шавад ба бандаи Худо амр мешавад ки вориди оташи дузах шавад, чун наздики дузах мешавад мегуяд Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим ва по дар дузах мениҳад. Оташи дузах ҳафтод ҳазор сол роҳ аз ӯ дур мешавад.”

Гиёз низ иҷоза мегирад:

وَالْبَلَدُ الطَّیِّبُ یَخْرُجُ نَبَاتُهُ بِإِذْنِ رَبِّهِ

“Ва замини пок (ва омода) гиёҳаш ба изни Парвардигораш бармеояд.”

Гиёҳ ба файзи илоҳӣ имкони тасири ҳосил аз тарафи Парвардигор меруяд ба истилоҳи Қуръон, ин ҳамон маънои изн дар таквин аст ки аз ояти муборакаи Нисо ояти 30 истифода мешавад.

و َمَا تَشَاۆُونَ إِلَّا أَن یَشَاء اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِیمًا حَكِیمًا

“Ва то Худо нахоҳад (шумо) нахоҳед хост. Яқинан Худо донои ҳаким аст. Танҳо муассир дар таҳаққуқи феълҳо ҳарчи бошад аам аз ихтиёри ва ғайри ихтиёри, Худост.”

Ӯст ки ба омилҳои муассир тавони асаргузори ва тавони идома додани онро арзони дошта аст.

وَنُقَلِّبُ أَفْئِدَتَهُمْ وَأَبْصَارَهُمْ كَمَا لَمْ یُۆْمِنُواْ بِهِ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَنَذَرُهُمْ فِی طُغْیَانِهِمْ یَعْمَهُونَ

“Ва дилҳо ва дидагонашро бармегардонем (дар натиҷа ба оёти мо имон меоваранд) чунонки аввалин бор ба он имон наёварданд ва ононро раҳо мекунем то дар туғёнашон саргардон бимонанд.”

Яъне кашишҳо, майлҳо ва дидагони онон дигаргун шуд ва ҳамонҳо буданд ки мавҷиби ин дигаргуни гардиданд. Пас ҳол ки ҳар чизе дар ин олам тааллуқ ба Худои воҳид, аҳад, самад дорад. Гуфтани Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим, изн ва иҷоза аз Худованд ва истионат аз зоти ло язоли ӯ сарчашма мегирад ва онро фаромуш накунем.


Адаб дар шуруи ҳар кор

Худованди Мутаол барои инки ба инсонҳо биёмузад ки корро ба номи Худо оғоз кунанд, ҳам сураҳои Қуръон ва ҳам ибтидои Қуръонро бо Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим оғоз карда ва уламо аз Расули Худо(с) нақл кардаанд ки:

کل امر ذی بال لم یبدا فیه به بسم الله فهو ابتر

“Ҳар коре ки ба номи Худо оғоз нашавад абтар аст. (Яъне ба поён намерасад.)”

Бинобар ин агар инсон кореро бо номи Худо шуруъ накунад ҳаргиз ба мақсад намерасад зеро; ба баён изн ва иҷоза кор аз соҳиби олам гирифта нашуда аст.

Худои Субҳон бо оғози сураи Фотиҳатул Китоб ба Бисмиллоҳ ба мо омухт ки ин ҳамд ва ибодати Худоро низ ба номи Худо оғоз кунед то ба мақсад бирасед. Маълум мешавад агар ибодат ҳам ба номи Худо набошад, абтар аст чун ҳусни феъли дорад вале иртиботро инсон ҳифз накарда аст.

Ҳарчанд ба номи Худо набошад ӯ ҳолик аст зеро чизе ки ба номи Худо набошад, Ло шай аст ба сурати шай бақои фақат аз Худост ва коре ки барои ваҷҳуллоҳ набошад пойдор нест.

كُلُّ مَنْ عَلَیْهَا فَانٍ*وَیَبْقَى وَجْهُ رَبِّكَ ذُو الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ

“Ҳар чизе бар (замин) аст фони шаванда аст ва зоти бошукуҳ ва арҷманди Парвардигорат боқи хоҳад монд.”

Агар инсон кореро бо номи Худо оғоз накунад ҳаргиз ба мақсад намерасад зеро ба баёни изн ва иҷозаи кор аз соҳиби олам гирифта нашуда аст.


Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Гуфтани Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим яъне ҳам бо номи Худо оғоз мекунам ҳам ба зоти покаш истимдод металабам ҳам изн ва иҷоза аз соҳиби олам мегирам.

Ҳангоме ки корҳоро бо такя бар қудрати Худованд оғоз мекунем, Худованде ки қудраташ болои ҳамаи қудратҳост сабаб мешавад ки аз назари равони неру ва тавони бештаре дар худ эҳсос кунем, мутмаинтар бошем бештар мекушем, аз азамати мушкилот натарсем ва маъюс нашавем ва ният ва амали худро поктар ва холистар кунем.

Дар ҳадисҳо омада аст чун бандаи Худо пойи мизони ҳисоб ҳозир мекунанд ва номаи аъмоли ӯро дар ҳоле ки пур аз корҳои бад ва зишт аст ба дасти ӯ медиҳанд, дар ҳини гирифтани номаи аъмол бинобар одате ки дар дунё ба гуфтани Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим дошта ин зикрро ба забон ҷори мекунад ва номаи аъмолро ба даст мегиранд.

Чун номаи аъмолро мегушоянд онро сафед мебинанд дар ҳоле ки ҳеҷ навишта ва амали баде дар ӯ намебинанд. Бандаи гунаҳкор ба фариштагоне ки ҳозиранд мегуяд: Дар ин номаи амал чизе навишта нашуда аст ки бихонам. Фариштагон мегуянд: Дар ҳамин нома тамоми аъмоли бади ту навишта буд аммо ба баракат ва азамати Бисмиллоҳ ҳамаи онҳо маҳв шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст