Ба номи Худо
Шахсе пас аз шаҳодати имом Ҷавод(а) дар маҷлисе ҳазрати имом Ҳодӣ(а) ро мулоқот кард ва саволот ва ончи ки намедонист аз имом пурсид.
Саволи аввал: дар мавриди ояти шарифа:
وَ قالَ الَّذی عِنْدَهُ عِلْمٌ مِنَ الكتابِ أنا آتیكَ بِهِ قَبْلَ أنْ یَرْتَدَّ الیكَ طَرْفُكَ[1]
Пурсид: Сулаймон тахти Билқисро хост ва Осиф ибни Бархиё, тахтро пеш аз онки Сулаймон чашм бар ҳам занад ҳозир кард, чигуна Сулаймон(а) ки пайғамбар буд, бар улуми Осиф ибни Бархиё беиттилоъ буд ва худ натавонист тахтро ҳозир кунад?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Сулаймон(а) пайғамбар дар анҷоми ин амал худ қодир буд, лекин хост азамати Осиф ибни Бархиёро бар мардум равшан созад ва халифа ва ҷонишини пас аз худро ки аз назари илми афзалият бар дигар мардум дошта муаррифи кунад. Осиф ибни Бархиё халифа ва ҷонишини Сулаймон(а) буда ва ҳар чи илм ва дониш дошт аз мактаби нубуввати Сулаймон гирифта буд ва ин суннати пайғамбарон буда ки ҷонишинони худро ба илм ва афзалият муаррифи кунанд.
Саволи дуввум: Дар мавриди ояти шарифа
«وَ رَفَعَ أبَوَیْهِ عَلَی الْعَرْشِ وَ خَرَّوا لَهُ سُجَّداً»[2]
Марбут ба ҳазрати Яъқуб(а) ва рафтани ӯ ба Канъон назди Юсуф(а) ва шинохтани фарзанд ва саҷда кардани ӯ бо фарзандаш барои Юсуф(а) аст, “чаро Яъқуб(а) бо инки пайғамбар буд ба Юсуф(а) саҷда кард дар ҳоле ки саҷда ва хузуъ ва хушуъ махсуси Парвардигор аст?”.
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Саҷдаи Яъқуб(а) барои Юсуф(а) набуда, балки ба шукронаи мулоқот бо фарзанд гум кардаи худ, Худои офаринандаро саҷда кард чаро ки пас аз солиёни дарозе чашм падаре ки хабари марги фарзандро шунида буд ба дидори ӯ равшан шуд ва ин саҷда монанди саҷдаи малоика барои ҳазрати Одам(а) аст. Малоика дар ҳақиқат бар Одам саҷда накарданд балки ба манзури итоат ва шукргузори дар баробари бузургтарин хилқати ҳақ саҷда намуданд.
Саволи севвум: Дар ояти шарифа
وَ اِنْ كُنْتَ فی شَكَّ ممّا أنْزَلنْا اِلَیكَ فَاسْئَلِ الّذینَ یقْرَؤونَ الكتابَ[3]
Агар дар ончи бар ту нозил кардем шак дори пас бипурс аз касоне ки мехонанд китобро; мухотаби ин оят кист?
Оё мухотаб Паёмбар(с) аст ва ӯ дар ончи ки бар ӯ нозил мешуд шак карда буд ё мухотаб каси дигаре аст? Ва аз чи касе бояд савол кунад?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Ин оят хитоб ба шахси Пайғамбар(с) аст; албатта он ҳазрат дар ҳеч як аз оёти Қуръон шак ва тардид надошта аст вале чун бархе мегуфтанд: Чаро Худованд касе аз фариштагонро ба унвони пайғамбар мабъус накард; ин оят хитоб ба Пайғамбар(с) ва барои онҳост ки аз касоне ки аз китобҳои осмони иттилоъ доранд бипурс ва хоҳи донист ки тамоми пайғамбароне ки пеш аз ту фиристодем ҳама аз навъу ҷинси худи он уммат буданд ва монанди мардум зиндаги мекарданд ва дар иҷтимоиёт ширкат доштанд ва бо мардум муошират доштанд ва бо вуқуф бар кутуби гузаштаи осмони ин шак ва тардид аз дил соилин бар тараф мешуд.
Чун Худованди Мутаол бо Одам(а) паймон баст ки пиромуни ҳасад нагардад ва наздики дарахти гандум наравад вале чун Одам таҳти таъсири Ҳавво қарор гирифт ва аз гандум хурд, ба ҷурми адами итоат аз фармони Худо аз биҳишт ронда шуд ва аммо манзур аз лаззати нафс ва илтизози чашм, хурдану хуфтану дафъ кардан (ба мустароҳ рафтан) монанди дунё нест балки мурод, лаззати маънави ва руҳони аст.
Саволи чаҳорум: Дар мавриди ояти шарифа:
وَ لَوْ أنَّ ما فِی الأرضِ مِنْ شَجَرَهٍ أقلامٌ وَ الْبَحْرُ یَمُدُّهُ مِنْ بَعْدِهِ سَبْعهُ أبحُرٍ ما نَفِدَتْ كَلِماتُ اللهِ[4]
Он ҳафт дарё ки агар об онро барои шарҳи калимоти Худо ба кор баранд хукш мешавад дар ҳоле ки ҳануз калимот ва осори ӯ баён нашуда кадом аст?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Дарёҳои ҳафтгона иборатанд аз:
1.Дарёи кибрит
2.Дарёи Медитарона
3.Дарёи Табрия дар Фаластин
4.Дарёи Ҳума ва он дарёе аст, ки хокаш сиёҳ ва обаш гарм аст ва мурод дарёчаи Алберт ё Виктория аст ки зери хати усувор воқеъ шуда аст.
5.Дарёи Морсидон ё Морседун ки дар Судон ва Ҳабаша аст
6.Дарёи африқия
7.Дарёи Сиҷрун
Саволи панҷум: Дар мавриди ояти шарифа
و فیها ما تَشْتَهیهِ الأنْفُسُ وَ تَلَذُّ الأعْیُنُ[5]
Агар дар биҳишт ҳарчи хурдани ва ҳарчи дидани аст барои лаззат аст, чаро дар онҷо Худованд Одамро аз дарахти гандум наҳй ва ба ҷурми он муоқиб гардонид ва ӯро аз биҳишт ронда ва ба дунё фиристод?
Имом(а) фармуд: Чун Худованди Мутаол бо Одам(а) паймон баст ки пиромуни ҳасад нагардад ва наздики дарахти гандум наравад вале чун Одам таҳти таъсири Ҳавво қарор гирифт ва аз гандум хурд, ба ҷурми адами итоат аз фармони Худо аз биҳишт ронда шуд ва аммо манзур аз лаззати нафс ва илтизози чашм, хурдан ва хуфтан ва дафъ кардан (монанди дунё нест) монанди дунё нест балки мурод, лаззати маънави ва руҳони аст.
Саволи шашум: Дар ояти шарифа «أو یُرَوِّجُهُمْ ذُكراناً وَ إناثاً»[6]
Тазвиҷ мард ба мард ҷоиз дониста шуда ва агар чунин аст чаро қавми Лутро ба сабаби ҳамин амали зишт мавриди иқоб ва итоби сахти Худо воқеъ шуда аст?
Имом(а) фармуд: Тамоми ин оят чунин аст.
. «لِلّهِ مُلْكُ السَّمواتِ و الأرضِ. یَخْلُقُ ما یَشاءُ، وَ یَهَبُ لِمَنْ یَشاءُ اناثاً وَ یَهَبُ لِمَنْ یَشاءُ الذُّكورَ أوْ یُزَوِّجُهُمْ ذُكْراناً و اناثاً وَ یجْعَلُ مَنْ یَشاءُ عَقیماً، انَّه علیمٌ قدیرٌ».
Яъне: Осмон ва замин аз они Парвардигор аст, ӯст ки ба ҳар ки бихоҳад мебахшад ва ҳаркиро бихоҳад халқ мекунад, ба ҳар ки бихоҳад духтар медиҳад ва ба ҳар ки ирода кунад писар иноят мефармояд то бо якдигар издивоҷ кунанд ва дар тазвиҷи ҳар ки ӯро хост ақим ва ноз ва ё вулуд ва касирул авлод месозад. Лекин но бахирадон бархе аз оётро сару таҳ мехонанд ва мардумро ба инҳироф мекашонанд.
Саволи ҳафтум: Дар ояти шарифа وَ اَشْهِدُوا ذَوَیْ عَدْلٍ مِنْكُم[7]
Дар чи сурате шаҳодати як зан ба танҳои пазируфта мешавад, дар ҳоле ки аз шароити шаҳодати раҷулият, адолат аст?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Ягон зане ки шаҳодати ӯ ба танҳои пазируфта мегардад, ҳамон шахс қобила аст ки дар умури занонаги шаҳодати ӯ мавриди қабул аст, он ҳам бо шарти тарози тарафайн, вале дар сурате адами ризоят, бояд ду зан шаҳодат диҳанд ва агар он ҳам кифоят накунад бояд табақае аз занон шаҳодат диҳанд.
Саволи ҳаштум: Аз гусфанд мавте ва муштабаҳ савол кард ки таклифи мо бо он чист?
Ҳазрат фармуд: Агар гусфанд мавте шинохта шавад ӯро зебҳ кунанд ва дар оташ андозанд ва агар роҳе барои ташхиси он пайдо накарданд метавонанд бо қайду қуръаи гусфанди муштабаҳро аз гала хориҷ намоянд, онгоҳ зебҳ карда ва дар оташ бисузонанд то соири гуспандон аз осеби сухтан масун монанд.
Саволи нуҳум: Иллати ошкоро хондани қироат дар фаризаи субҳ ва оҳиста хондани он дар намози зуҳр ва аср чист бо инки ҳар ду ҷузи салавоти явмия ҳастанд?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Аз онҷо ки мавқеи намози субҳ ҳаво торик аст ва касе намозгузорро намебинад ҳукм шуд ки баланд бихонад ва намози зуҳрайнро ки ҳама мебинанд.
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Аз онҷо ки мавқеи намози субҳ ҳаво торик аст ва касе намозгузорро намебинад ҳукм шуд ки баланд бихонад ва намози зуҳрайнро ки ҳама мебинанд оҳиста хондани он роҷеҳ аст.
Саволи даҳум: Чаро ҳазрати Алӣ(к) қотили Зубайрро ба оташи ҷаҳаннам башорат дод ва чаро дар ҷанги Ҷамал худи он ҳазрат ӯро ба қатл нарасонид бо онки халифаи вақт ва имом муқтадир буд?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Чун Расули Худо(с) фармуд: Қотили Сафия (яъне Зубайр) дар ҷанги Наҳравон хуруҷ хоҳад кард ва кушта хоҳад шуд ва лизо Алӣ(к) ӯро дар ҷанги Басра озод гузошт, зеро яқин дошт ки ӯ ҷузъи хавориҷи Наҳравон ба қатл хоҳад расид ва қавли Пайғамбар(с) дуруғ нест.
Саволи ёздаҳум: Ҳазрати Алӣ(к) дар ҷанги Сиффин фармон дод шомиёнро дар ҳар ҳол бошанд солим ё маҷруҳ пиёда ё савора мусаллаҳ ё бидуни силоҳ ҳар киро ҳар куҷо ёфтанд аз дами теғ бигузаронанд дар сурате ки дар ҷанги Ҷамал чунин фармон надод балки фармуд: Фақат ҷангҷуёнро дунбол кунед. Ин тафовути ҳукм барои чист?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Ҳар фармоне дар ҷои худ бачост ва ҳар ҳукме дар қазияти махсус писандида аст ки ҷои дигар нописанд аст ва агар инод ва лаҷоҷ ва хусумати шомиёнро бо мардуми хавориҷ дар назар бигирем ва авзоъ ва аҳволи ҷангро аз замон ва макон ва масолеҳи рузгор бингарем, ҳукм бар асоси маслиҳат буда аст.
Саволи давоздаҳум: Марде ки ба ливот иқрор кунад оё ҳадде бар ӯ ҳаст ё хайр?
Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Агар иқрори ӯ ба ливот бо байина ва шоҳиди таид нашавад, имом метавонат ӯро муҷозот накунад ба далели ояти шарифа «هذا عَطاؤُنا، فَامْنُنْ أوْ أمسِكْ»[8]
Дар инҷо масоили Яҳё ибни Аксам хотима ёфт ва ба ҷавоби онҳо ноил шуд ва эътироф ба азамати илми ҳазрати имом Ҳоди(а) кард.
[1] Сураи Намл, ояти 4.
[2] Сураи Юсуф, ояти 100.
[3] Сураи Юнус, ояти 94.
[4] Сураи Луқмон, ояти 27.
[5] Сураи Зухруф, ояти 71.
[6] Сураи Шуро, ояти 50.
[7] Сураи Талоқ, ояти 2.
[8] Сураи Сод, ояти 39.