Ба номи Худо

Худованд дар Қуръон мефармояд:

فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا

“Пас ҳаргоҳ дар чизе низоъ ва ихтилоф доштед онро ба Худо ва Паёмбар бозгардонед (ва аз онҳо доварӣ биталабед) агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. (Кор) барои шумо беҳтар ва оқибату поёнаш некутар аст”. (сураи Нисо, ояти 59)

Яъне агар дар ҳар масъалае, ки ихтилоф кардем бояд муроҷиа ба Худо, ки каломаш Қуръон дар дасти мост ва Паёмбар(c), ки агар ҳам ишон дар байни мо нест, вале аҳодисаш ва аҳодиси ҷонишинон ва асҳоби муфаззалаш дар дасти мо аст.

Ҳалли мушкиламон ва саодатмандиамонро танҳо аз ин тариқ метавонем дурусту саҳеҳ пайдо ва ҳал кунем.

Яке аз мушкилот, ки баъзе аз инсонҳо дар рӯзи қиёмат рӯ ба рӯ мешаванд он ин аст.

وَيَوْمَ يَعَضُّ الظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيْهِ يَقُولُ يَا لَيْتَنِي اتَّخَذْتُ مَعَ الرَّسُولِ سَبِيلًا

“Ва (хотир овар) рӯзеро, ки ситамкор дасти худро (аз шиддати ҳасрат) ба дандон мегазад ва мегӯяд: “Эй кош бо Расули (Худо) роҳро интихоб карда будам!”

Баъзе инсонҳо дар рӯзи қиёмат ба сабаби корҳое, ки дар дунё кардаанд ангушти ҳасрат мегазанд. Худованд дар ояти баъди амали онон, ки сабаби ҳасрати онон шударо зикр мекунад.

يَا وَيْلَتَىٰ لَيْتَنِي لَمْ أَتَّخِذْ فُلَانًا خَلِيلًا

“Эй вой бар ман кош фулонӣ (шахси гумроҳ)ро дӯсти худ интихоб накарда будам!”

Чаро он дӯст бо ту чи кор кард?

لَّقَدْ أَضَلَّنِي عَنِ الذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جَاءَنِي ۗ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِلْإِنسَانِ خَذُولًا

“Ӯ маро аз ёд оварии (ҳақ) гумроҳ сохт баъд аз он, ки (ёди ҳақ) ба суроғам омада буд! Ва шайтон ҳамеша хоркунандаи инсон буда аст!”

Он ёди ҳақ чи буд, ки туро аз роҳи Паёмбар ҷудо кард?

وَقَالَ الرَّسُولُ يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَٰذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا

Ва Паёмбар гуфт: “Парвардигоро! Қавми ман Қуръонро раҳо карданд”.

Дуруст гуфт Худо ва Паёмбараш ҳар кас агар Қуръонро раҳо кунад гумроҳ мешавад. Чуноне, ки дар боло гуфтем саодатманди дар ҳамон каломи Худост ва Паёмбар(с), ки он ҳазрат ҳам ба Қуръон тавсия кардааст.

Саволи дигар ин, ки оё бо сирфи хондани оёти Қуръон саодатманд мешавем?

Ҷавоб ин аст, ки не саодатманд намешавем.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَتْلُونَهُ حَقَّ تِلَاوَتِهِ أُولَٰئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۗ وَمَن يَكْفُرْ بِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

Касоне, ки китоби осмони ба онҳо додаем онро чунон, ки шоистаи он аст мехонанд, онҳо ба Паёмбар имон меоваранд.” (сураи Бақара, ояти 121)

Пас тиловати танҳо инсонро саодатманд намекунад, балки тиловат бояд ҳаққаш адо шавад, то натиҷаи хуб дошта бошад. Баъзеҳо коре анҷом медиҳанд, бедуни дар назар гирифтани дуруст будан ва риояти ҳаққи он дар хиёл биҳиштҳои хушгузаронро барои худ тарсим мекунанд, вале онҷо , ки мераванд мебинанд чизи дигар аст.

Онҳо дар рӯзи қиёмат мебинанд, ки кур маҳшур шудаанд ва аз Худо шикоят мекунанд:

قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَىٰ وَقَدْ كُنتُ بَصِيرًا

Мегӯяд: “Парвардигор! Чаро нобино маҳшурам кардӣ?! Ман, ки бино будам!”

Дар даргоҳи илоҳӣ шикоят мекунад, ки ман каломи туро тиловат мекардам.

قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتْكَ آيَاتُنَا فَنَسِيتَهَا ۖ وَكَذَٰلِكَ الْيَوْمَ تُنسَىٰ

Худо мефармояд: “Он гуна, ки оёти ман барои ту омад ва ту онҳоро фаромуш кардӣ. Имрӯз низ ту фаромӯш хоҳи шуд!”

Агар ҳам тиловат мекардӣ тиловатат мисли тиловате набуд, ки ҳаққашро адо карда бошӣ, фақат алфозро дар забонат мечархондӣ ва аз амал ба онҳо ғофил будӣ.

Пас бояд инсон ба Қуръон ва аҳодиси Расули Аъзам(с) чанг занад. Аъмоле, ки фард анҷом медиҳад бояд бо дар назар гирифтани шароити он ва ихлос на барои мардум, худнишондиҳи бошад. Пазириши аъмол муқаддамоте дорад, ки яке аз онҳо тақвост. Худованд мефармояд:

إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ

Худованд (амалҳоро) фақат аз муттақин мепазирад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст