Гуфтам: Издивоҷ чи фоидае дорад?
Гуфт: “وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ”
Ва аз нишонаҳои ӯ ин ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онон оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод. Дар ин нишонаҳоест барои гуруҳе, ки тафаккур мекунанд. (Сураи Рум, ояти 21)
Гуфтам: Мушкилоти зиёде дар ин роҳ вуҷуд дорад. Яке аз онон фақри молист.
Гуфт: “وَأَنكِحُوا الْأَيَامَى مِنكُمْ وَالصَّالِحِينَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَإِمَائِكُمْ إِن يَكُونُوا فُقَرَاء يُغْنِهِمُ اللَّهُ مِن فَضْلِهِ وَاللَّهُ”
Мардону занони беҳамсари худро ҳамсар диҳед. Ҳамчунин ғуломон ва канизони солеҳу дурусткоратонро. Агар фақиру тангдаст бошанд Худованд аз фазли худ ононро бениёз месозад. (Сураи Нур, ояти 32)
Гуфтам: Ҷавони муъмин чи ҳамсаре барои худ интихоб кунад?
Гуфт: “وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ”
Ва занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони поканд. (Сураи Нур, ояти 26)
Гуфтам: Сифоти ҳамсари шоиста чист?
Гуфт: “إِنَّ الْمُسْلِمِينَ وَالْمُسْلِمَاتِ وَالْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْقَانِتِينَ وَالْقَانِتَاتِ وَالصَّادِقِينَ وَالصَّادِقَاتِ وَالصَّابِرِينَ وَالصَّابِرَاتِ وَالْخَاشِعِينَ وَالْخَاشِعَاتِ وَالْمُتَصَدِّقِينَ وَالْمُتَصَدِّقَاتِ وَالصَّائِمِينَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاكِرِينَ اللَّهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتِ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا”
Ба яқин мардони мусулмон ва занони мусулмон, мардони боимон ва занони боимон, мардони мутиъи фармони Худо ва занони мутиъи фармони Худо, мардони ростгӯ ва занони ростгӯ, мардони сабркунанда ва занони сабркунанда, мардони бохушуъ ва занони бохушуъ, мардони инфоқкунанда ва занони инфоқкунанда, мардони рӯзагир ва занони рӯзагир, мардони покдоман ва занони покдоман ва мардоне, ки бисёр ба ёди Худо ҳастанд ва заноне, ки бисёр ёди Худо мекунанд, Худованд барои ҳамаи онон мағфирату подоши бузурге фароҳам сохта аст. (Сураи Аҳзоб, ояти 35)
Гуфтам: Мехоҳам пиллаҳои камолро тай кунам, бо ҳамсарам чигуна зиндаги кунам?
Гуфт: “وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ”
Ва (ҳамеша) дар роҳи некиву парҳезкори якдигарро кӯмак кунед! Ва ҳаргиз дар роҳи гуноҳ ва таҷовуз кардан ҳамкори накунед! (Сураи Моида, ояти 2)
Гуфтам: Зану мард чигуна дар корҳои хайр мукаммили якдигаранд?
Гуфт: “هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ”
Онҳо либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо (ҳар ду зинати ҳам ва сабаби ҳифзи якдигаред). (Сураи Бақара, ояти 178)
Гуфтам: Чаро дар Қуръон ҳазрати Закариё ва ҳамсараш як завҷи намуна муаррифи шудаанд?
Гуфт: “إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًا وَكَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ”
Онон (ханадоне буданд, ки) ҳамеша дар корҳои хайр ба суръат иқдом мекарданд ва дар ҳоли тирму умед моро мехонданд ва пайваста барои мо (хозеъ ва) хошеъ буданд. (Сураи Анбиё, ояти 90)
Гуфтам: Чаро ҳамсари ҳазрати Нуҳ ва Лут мавриди мазаммат қарор гирифтаанд?
Гуфт: “كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا”
Он ду таҳти сарпарастии ду банда аз бандагони солеҳи мо буданд, вале ба он ду хиёнат карданд. (Сураи Таҳрим, ояти 10)
Гуфтам: Чаро занон набояд бо номаҳрам нозук ва нарм суҳбат кунанд?
Гуфт: “فَيَطْمَعَ الَّذِي فِي قَلْبِهِ مَرَضٌ”
Чунки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд. (Сураи Аҳзоб, ояти 32)
Гуфтам: Баъзе аз занҳо ҳар вақт бихоҳанд бо худороӣ аз хона берун мераванд.
Гуфт: “وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى”
Дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти нахустин (дар миёни мардум) зоҳир нашавед. (Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Гуфтам: Баъзе аз онҳо зери галуяшон пайдост.
Гуфт: “وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ”
Ва (атрофи) русариҳои худро бар сина афкананд (то гардан ва сина бо он пушонда шавад). (Сураи Нур, ояти 31)
Гуфтам: Мутаассифона дар баъзе аз филмҳо ҳам ингуна саҳнаороӣ мекунанд.
Гуфт: “إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَن تَشِيعَ الْفَاحِشَةُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ”
Касоне, ки дӯст доранд зиштиҳо дар миёни мардуми боимон ривоҷ ёбад, азоби дардноке барои онон дар дунё ва охират аст. (Сураи Нур, ояти 19)
Гуфтам: Зани шоиста дар набуди ҳамсараш чи вазифае дорад?
Гуфт: “فَالصَّالِحَاتُ قَانِتَاتٌ حَافِظَاتٌ لِّلْغَيْبِ بِمَا حَفِظَ اللّهُ”
Ва занони солеҳ, заноне ҳастанд, ки мутавозеъанд ва дар ғиёби (ҳамсари худ) асрор ва ҳуқуқи ӯро дар муқобили ҳуқуқе, ки Худо барои онон қарор додааст, ҳифз мекунанд. (Сураи Нисо, ояти 34)
Гуфтам: Оё мешавад зане ҳамсари ношоиста дошта бошад, аммо бо сабру таҳаммул аҳли биҳишт шавад?
Гуфт: “وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِّلَّذِينَ آمَنُوا اِمْرَأَةَ فِرْعَوْنَ”
Ва Худованд барои муъминон ҳамсари Фиръавнро масал зада аст. (Сураи Таҳрим, ояти 11)
Дар як калом зиндагии мо бар чи асосе бошад?
Гуфт: “لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ”
Ба дурусти, ки барои шумо дар зиндагии Расули Худо сармашқи некӯӣ буд. Барои онҳо, ки умед ба раҳмати Худо ва рӯзи қиёмат доранд. (Сураи Аҳзоб, ояти 21)
Гуфтам: Вақти Худо ҳофизӣ ва дуост.
Гуфт: “رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا”
Парвардигоро! Аз ҳамсарон ва фарзандонамон мояи рушании чашми мо қарор деҳ ва моро барои парҳезкорон пешво гардон! (Сураи Фурқон, ояти 74)