Расули Худо(с) фармуданд:
“Моҳи Рамазон фаро расида моҳе бо баракат ки Худо рӯзаашро бар шумо воҷиб гардонид. Дарҳои биҳишт дар ин моҳ боз мешавад ва шайтонҳо дар ғиллу занҷиранд дар ин моҳ шаби қадр аст, ки фазилати он аз ҳазор моҳ бештар аст. Дар ҳақиқат маҳрум касе аст, ки аз баракатҳои он шаб маҳрум бошад.”[1]
Расули Худо(с) фармуданд:
“Пас ҳангоме, ки шаби охири моҳи Рамазон ба поён расид Худо ҳамаи бандагонашро мебахшад марде пурсид: оё дар шаби қадр эй Расули Худо(с)? Ҳазрат(с) фармуд: Оё надидаи ки ҳаргоҳ кори коргар тамом шуд муздашро медиҳанд.”[2]
Имом Ризо(а) фармуданд:
“Моҳи Рамазон моҳе аст, ки дар он Қуръон нозил гашта аст ва дар ин моҳ ба Паёмбар(с) ваҳй шуда ва дар он шаби қадр аст. Шабе ки аз ҳазор моҳ болотара ст. Дар он шаб ҳар коре муҳкам ва барқарор мешавад ва масъалаҳое, ки дар он солҳо аз неки ва бади, суду зиён, зиндаги ва марг вуҷуд дорад рақам зада мешавад ва ба ҳами ҷиҳат аст ки қадр қадр номида шуда аст.”
Муҳаммад ибни Муслим аз имом Боқир(а) аз шаби қадр савол мекунад ҳазрат мефармояд: Аломати шаби қадр ин аст, ки бӯи хуше аз он пахш мешавад. Агар дар сармои зимистон бошад гарм ва мулоим ва агар дар гармои тобистон бошад хунак ва муътадил ва неку хоҳад буд.[3]
Имом Содиқ(а) фармуд:
“Шаби қадр дар ҳар соле ҳаст ва рӯзи он монанди шабаш некӯст.”[4]
Аз Паёмбари Акрам(с) савол шуд ки агар шаби қадрро дарк кунем аз Худо чи бихоҳем? Фармуд: Саломати бихоҳед.[5]
[1] Таҳзиб, ҷ 4, саҳ 152.
[2] Биҳор, ҷ 93, саҳ 364.
[3] Васоил, ҷ 7, саҳ 256.
[4] Ҳамон.
[5] Мустадрак, ҷ 7, саҳ 457.