Худованд дар Қуръони Карим дар сураи Аҳзоб ояти 53 чунин мефармояд:
يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا لا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلاَّ أَنْ يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلى طَعامٍ غَيْرَ ناظِرينَ إِناهُ وَ لكِنْ إِذا دُعيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذا طَعِمْتُمْ فَانْتَشِرُوا وَ لا مُسْتَأْنِسينَ لِحَديثٍ إِنَّ ذلِكُمْ كانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيي مِنْكُمْ وَ اللَّهُ لا يَسْتَحْيي مِنَ الْحَقِّ
“Эй касоне ки имон овардаед, бидуни иҷоза вориди хонаҳои Паёмбар нашавед; магар онки барои хурдани хурок ба шумо иҷоза дода шавад. Зудтар аз вақт ҳам ҳозир нашавед вале вақте шуморо даъват карданд, ворид шавед ва ҳангоме ки хурок хурдед, пароканда гардед ва ҷаласаи гуфтугу ва унс ташкил надиҳед, ки ин кор боиси озори Расули Худо мешавад. Ин (кор ки биншинед ва саргарми сухан гардед) Паёмбарро озор медиҳад ва аз шумо ҳаё мекунад (ки берунатон кунад) вале Худо аз ҳаққ ҳаё намекунад.”
Дар ин ояти шарифа тавсеяҳое барои рафтан ба меҳмони вуҷуд дорад ки қобили таваҷҷуҳ аст:
1.Бе иҷоза ва даъват ба хонаи касе наравем.
2.Агар барои хурдани хурок даъват шудаем; зудтар нарафта ва дар онҷо ба интизори хурок нанишинем.
3.Пас аз хурдани хурок зудтар баланд шуда ва онҷоро тарк кунем.
4.Пас аз ҷамъ шудани суфра аз нишастани беҳуда ва саргарм шудан ба гуфтугу парҳез кунем.
5.Ин зудтар рафтанҳо ва дертар баланд шуданҳо, соҳибхонаро ки барои худ кор ва барнома дорад озор медиҳад ва табиати кор ин аст ки ӯ аз эътироз ва берун рондани шумо шарм дорад; аммо шумо ин вазифаеро ки Худо баён кард бидонед ва ба он амал кунед.