Барои ҷавоби ин савол, ба чанд нукта таваҷҷуҳ кунед:

А).Вижагиҳоҳи хосси минтақаи нимҷазираи Арабистон

Б).Хусусиёти мунҳасир ба фарди забони араби аст, баён мекунем:

1.Минтақаи шебҳи ҷазираи Арабистон маҳалли парвариш ва тавсеаи адён ва шариатҳои мухталиф буда аст.

2.Хонаи Каъба ба унвони яке аз бузургтарин маконҳои муқаддас, дар ин минтақа бино шуда аст.

3.Ошкор аст заомне, ки Қуръони Карим бар мухотабини арабзабон, нозил шуд, бояд бо забоне ҳамонҳанг бо онон бошад ва агар ғайр аз ин буд, ин савол ҷо дошт, ки гуфта шавад чаро Қуръон ба забони ҳамоҳанге бо мухотабинаш нози нашуда аст.

وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوْمِهِ لِیُبَیِّنَ لَهُمْ فَیُضِلُّ اللَّـهُ مَن یَشَاءُ وَیَهْدِی مَن یَشَاءُ وَ هُوَ الْعَزِیزُ الْحَكِیمُ

“Ва мо ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем то (битавонад ба василаи он забон, паёми ваҳйро ба равшани) барои онон баён кунад. Пас Худо ҳар касро бихоҳад (ба кайфари таассуб ва инодаш) гумроҳ мекунад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад ва ӯ тавонои шикастнопазир ва ҳаким аст.”

4. Дастраси минтақаи Арабистон ба роҳи абрешам, нақши муҳимме дар доду гирифти афкор ва ақоидро ифо мекарда, ки дар натиҷаи он гуфтаи дини Исломро ба дигар нуқтаҳо ба ҳамроҳ дошта аст.

Бадин ҷиҳат, ошкор аст замони дини мубини Ислом метавонист саросари ва ҷаҳони гардад, ки ибтидо ин дин дар минтақаи беъсати Паёмбар(с) мавриди қабул воқеъ шуд ва арабҳо ба он имон оварда бошанд ва сипас баъда аз он интизори густариш ба дигар минтақаҳоро дошт.

5.Забони араби яке аз васеътаин ва комилтарини забонҳо аз ҷиҳати луғат ва вожаҳо аст.

Забоншиносон ақида доранд, ки забони араби дорои вижагиҳое аст, ки дар дигар забонҳо нест, ва луғатҳои фаровоне дар ҳар куҷое ки бихоҳем дорад.

Барои мисол дар забони араби, тамоми исмҳо муаннас ва музаккар доранд ва феъло ва замирҳо ва сифатҳо тибқи онҳо мебошанд. Дастури забон ва илми фасоҳат ва балоғати он низ, ин забонро аз дигар забонҳо ҷудо карда аст. Аз инру дар бораи забони арабии Қуръон, Худо мефармояд:

نزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِینُ ، عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِینَ ، بِلِسَانٍ عَرَبِیٍّ مُّبِینٍ

“Нозил кардем (Қуръонро) ва василаи Ҷабраили амин, бар қалби ту то инки боши аз мунзирон, бо забони арабии ошкор.”

 

Дар ҳадисе мехонем:

Дар бораи тафсири ояти بلسان عربی مبین аз имом Содиқ(а) савол намуданд. Ҳазрат ҷавоб доданд: Яъне он забонҳоро равшан мекунад ва онро забонҳо равшан намекунанд.

6.Забони араби, забони аҳли биҳишт низ муаррифи шуда аст. Ҳазрати Расули Акрам(с) мефармоянд:

اُحبُّ العربَ؛ لثالث، لأنّی عربی والقرآن عربی و كلام اهل الجنة عربی،[

“Ман арабро ба хотири се чиз дуст медорам: Аввал инки худам араб ҳастам, дувум инки Қуръон араби аст, севвум инки забони аҳли биҳишт араби аст.”

7.Шевои ва расои ин забон ба ҳадде аст, ки метавон бидуни ибҳом, мақсуди худро ба таври равшан ба мухотаб фаҳмонд. Чунончи Худованд низ дар каломи худ мефармоянд:

« قُرْآنًا عَرَبِیًّا غَیْرَ ذِی عِوَجٍ لَعَلَّهُمْ

“Қуръоне аст гуё ва равшан бидуни ҳаргуна инҳироф ва кажи, барои инки (дар сояи таълимаш аз ширк, исён ва фасод) бипарҳезанд.”

8. Бо вуҷуди ба ҳаким будани Худованд ва инки ӯ холиқ ва муаллими забони инсонҳост ва мартабаҳои устувор ва кайфияти забонҳоро медонад, назил нашудани Қуръон ба забони араби чизе ҷуз муқтази маслиҳат ва ҳикмаи илоҳӣ нест.

كِتابٌ أُحْكِمَتْ آیاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِیم خَبِیر

“Ин китобе аст, ки оёташ истеҳком ёфта, сипас ташреҳ шуда, аз назди Худованди Ҳаким ва гогоҳ нозил гардида аст.”

Сухани поёни

Қуръони Карим дар бораи мушриконе, ки инчунин саволҳоеро ба қасди шубҳа афкани баён мекунанд, мефармояд:

« وَلَوْ نَزَّلْنَاهُ عَلَىٰ بَعْضِ الْأَعْجَمِینَ  فَقَرَأَهُ عَلَیْهِمْ مَا كَانُوا بِهِ مُۆْمِنِینَ

“Агар онро бар бархе аз ғайри арбаҳо нозил карда будем ва ӯ онро бар арабҳо мехонд, боз ҳам ба он имон намеоварданд.”

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст