قال رَسُولُ اللّهِ - صلي الله عليه وآله - : مَنْ زارَ عالِماً فَكَأنَّما زارَني، وَ مَنْ صافَحَ عالِماً فَكأنَّما صافَحَني، وَ مَنْ جالَسَ عالِماً فَكَأنَّما جالَسَني، وَ مَنْ جالَسَني فِي الدُّنْيا أجْلَسْتُهُ مَعي يَوْمَ الْقِيامَةِ.[1]

Расули Худо(с) фармуд: “Ҳар кас бо дидор ва зиёрати олим ва донишманде биравад мисли он аст, ки маро зиёрат карда, ҳарки бо донишманде даст диҳад мисли онки бо ман даст дода, ҳар шахсе ҳамнишини донишманде гардад мисли он аст ки бо ман ҳамнишин шуда аст ва ҳарки дар дунё бо ман ҳамнишин шавад дар охират ҳамнишини ман хоҳад гашт.”

قال رَسُولُ اللّهِ - صلي الله عليه وآله - : مَنْ تَزَوَّجَ إمْرَأةً لِمالِها وَ كَلَهُ اللّهُ إلَيْهِ، وَ مَنْ تَزَوَّجَها لِجَمالِها رَأي فيها ما يَكَرَهُ، وَ مَنْ تَزَوَّجَها لِدينِها جَمَعَ اللّهُ لَهُ ذلِكَ.[2]

Расули Худо(с) фармуд: “Ҳар кас занеро ба ҷиҳати сарват ва молаш издивоҷ кунад Худованд ӯро ба ҳамон вогузор менамояд ва ҳарки бо зане ба ҷиҳати зебои ва ҷамолаш издивоҷ кунад хуши нахоҳад дид ва касе ки бо зане ба ҷиҳати дин ва имонаш издивоҷ намояд Худованд хостаҳои ӯро таъмин мегардонад.”

ـ قال رَسُولُ اللّهِ - صلي الله عليه وآله - : مَنْ قَلَّ طَعامُهُ، صَحَّ بَدَنُهُ، وَ صَفا قَلْبُهُ، وَ مَنْ كَثُرَ طَعامُهُ سَقُمَ بَدَنُهَ وَ قَسا قَلْبُهُ.[3]

Расули Худо(с) фармуд: “Ҳарки хурокаш камтар бошад баданаш солим ва қалбаш бо сафо хоҳад буд ва ҳар кас хурокаш зиёд бошад бемориҳои баданаш ва сангини қалбашро фаро хоҳад гирифт.”



[1] Мустадракул васоил, ҷ 17, саҳ 300.

[2] Таҳзибулаҳком, ҷ 7, саҳ 399.

[3] Биҳор, ҷ 59, саҳ 268.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст