مناجات های قرآنی (2

رَبِّ هَبْ لِي مِن لَّدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاء[1]

“Парвардигоро! Аз тарафи худ, фарзанди покизае (низ) ба ман ато фармо, ки ту дуоро мешунавӣ!”

أَنتَ وَلِيُّنَا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الْغَافِرِينَ [2]

“Ту валии моӣ ва моро биёмурз, бар мо раҳм кун ва ту беҳтарин омурзандагонӣ!”

رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ وَإِلاَّ تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُن مِّنَ الْخَاسِرِينَ[3]

“Парвардигоро! Ман ба ту паноҳ мебарам, ки аз ту чизе бихоҳам ки аз он огоҳи надорам! Ва агар маро набахши ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд!”

رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ وَمِن ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاء [4]

“Парвардигоро! Маро барпокунандаи намоз қарор деҳ ва аз фарзандонам (низ чунин фармо) Парвардигоро! Дуои маро бипазир!”

رَّبِّ أَدْخِلْنِي مُدْخَلَ صِدْقٍ وَأَخْرِجْنِي مُخْرَجَ صِدْقٍ وَاجْعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلْطَانًا نَّصِيرًا [5]

“Парвардигоро! Маро (дар ҳар кор) бо садоқат ворид кун ва бо садоқат хориҷ соз! Ва аз сӯи худ, ҳуҷҷати ёрикунанда бароям қарор деҳ!”

رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي . وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي . وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِّن لِّسَانِي . يَفْقَهُوا قَوْلِي [6]

“Парвардигоро! Синаамро гушода кун; ва корамро бароям осон гардон! Ва гиреҳ аз забонам бигушой; то суханони маро бифаҳманд!”

رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا[7]

“Парвардигоро! Илми маро зиёд кун!”

رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ [8]

“Парвардигори ман! Маро танҳо магузор (ва фарзанди баруманде ба ман ато кун) ва ту беҳтарин ворисонӣ!”

وَقُل رَّبِّ أَنزِلْنِي مُنزَلًا مُّبَارَكًا وَأَنتَ خَيْرُ الْمُنزِلِينَ [9]

“Парвардигоро! Моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд ор ва ту беҳтарин фурудоварандагонӣ!”

رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ . وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحْضُرُونِ [10]

“Парвардигоро! Аз васвасаҳои шаётин ба ту паноҳ мебарам! Ва аз инки онон назди ман ҳозир шаванд (низ) ба ту паноҳ мебарам!”

رَّبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ[11]

“Парвардигоро! Маро бибахш ва раҳмат кун; ва ту беҳтарин раҳмкунандагонӣ!”

رَبِّ هَبْ لِي حُكْمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ [12]

“Парвардигоро! Ба ман илму дониш бибахш ва маро бо солеҳон мулҳақ кун!”

رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَدْخِلْنِي بِرَحْمَتِكَ فِي عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ [13]

“Парвардигоро! Шукри неъматҳоеро, ки бар ману падару модарам арзони доштаи ба ман илҳом кун ва тавфиқ деҳ то амали солеҳ ки мавҷиби ризояти туст анҷом диҳам ва маро ба раҳмати худ дар зумраи бандагони солеҳат ворид кун!”

رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي فَاغْفِرْ لِي فَغَفَرَ لَهُ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ [14]

“Парвардигоро! Ман ба хештан ситам кардам, маро бибахш! Худованд ӯро бахшид ки ӯ бисёр бахшанда ва меҳрубон аст!”

رَبِّ إِنِّي لِمَا أَنزَلْتَ إِلَيَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ [15]

“Парвардигоро! Ҳар хайру неки бар ман фиристи, ба он ниёзмандам!”

رَبِّ هَبْ لِي مِنَ الصَّالِحِينَ [16]

“Парвардигоро! Ба ман аз солеҳон (фарзандони солеҳ) бибахш!”

رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَّا يَنبَغِي لِأَحَدٍ مِّنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ [17]

“Парвардигоро! Маро бибахш ва ҳукумате ба ман ато кун ки баъд аз ман сазовори ҳеҷ кас набошад, ки ту бисёр бахшандаӣ!”

رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ [18]

“Парвардигоро! Маро тавфиқ деҳ то шукри неъматҳоеро ки ба ману падару модарам доди баҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам ки аз он хушнуд боши ва фарзандони маро солеҳ гардон; ман ба сӯи ту бозмегардам ва тавба мекунам ва мар аз мусалмононам!”

رَبِّ اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيْتِيَ مُؤْمِنًا وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَلَا تَزِدِ الظَّالِمِينَ إِلَّا تَبَارًا [19]

“Парвардигоро! Маро ва падару модараму тамоми касонеро ки бо имон вориди хона мешуданд ва ҳамаи мардон ва занони боимонро биёмурз; ва золимонро ҷуз ҳалокат маяфзо!”



[1] Сураи Оли Имрон, ояти 38.

[2] Сураи Аъроф, ояти 155.

[3] Сураи Ҳуд, ояти 47.

[4] Сураи Иброҳим, ояти 40.

[5] Сураи Исро, ояти 80.

[6] Сураи Тоҳо, оёти 25 то 28.

[7] Сураи Тоҳо, ояти 114.

[8] Сураи Анбиё, ояти 89.

[9] Сураи Муъминун, ояти 29.

[10] Сураи Муъминун, оёти 97 ва 98.

[11] Сураи Муъминун, ояти 118.

[12] Сураи Шуаро, ояти 83.

[13] Сураи Намл, ояти 19.

[14] Сураи Қасас, ояти 16.

[15] Сураи Қасас, ояти 24.

[16] Сураи Софот, ояти 100.

[17] Сураи Сод, ояти 35.

[18] Сураи Аҳқоф, ояти 15.

[19] Сураи Нуҳ, ояти 28.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст