مناجاتهای قرآنی 1

رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ[1]

“Парвардигоро! Ба мо дар дунё (неки) ато кун! Ва дар охират низ (неки) марҳамат фармо! Ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор!”

رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ[2]

“Парвардигоро! Паймонаи шикебои ва истиқоматро бар мо бирез! Ва қадамҳои моро собит бидор! Ва моро бар ҷамъияти кофирон, пирӯз бигардон!”

رَبَّنَا لاَ تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا[3]

“Парвардигоро! Агар мо фаромуш ё хато кардем, моро муохиза макун!”

رَبَّنَا وَلاَ تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا[4]

“Парвардигоро! Таклифи сангине бар мо қарор мадеҳ, он чунон ки (ба хотири гуноҳ ва туғён) бар касоне ки пеш аз мо буданд, қарор додӣ!”

رَبَّنَا وَلاَ تُحَمِّلْنَا مَا لاَ طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَآ أَنتَ مَوْلاَنَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ[5]

“Парвардигоро! Ончи тоқати таҳаммули онро надорем, бар мо муқаррар мадор! Ва осори гуноҳро аз мо бишуй! Моро бибахш ва дар раҳмати худат қарор деҳ! Ту мавло ва сарпарасти моӣ, пас моро бар ҷамъияти кофирон, пирӯз гардон!”

رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ[6]

“Парвардигоро! Дилҳоямонро, баъд аз онки моро ҳидоят кардӣ, (аз роҳи ҳақ) мунҳариф магардон! Ва аз сӯи худ раҳмате бар мо бибахш, зеро ту бахшандаи!”

رَبَّنَا إِنَّكَ جَامِعُ النَّاسِ لِيَوْمٍ لاَّ رَيْبَ فِيهِ إِنَّ اللّهَ لاَ يُخْلِفُ الْمِيعَادَ[7]

“Парвардигор! Ту мардумро, барои рӯзе ки тардиде дар он нест, ҷамъ хоҳи кард; зеро Худованд, аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад. (Мо ба ту ва раҳмати бепоёнат ва ба вахдаи растохез ва қиёмат имон дорем.)”

رَبَّنَا إِنَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ[8]

“Парвадигоро! Мо имон овардаем; пас гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ, нигадор!”

رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنزَلَتْ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ [9]

“Парвадигоро! Ба ончи нозил кардаӣ, имон овардем ва аз фиристодаи (ту) пайрави намудем; моро дар зумраи гувоҳон бинавис!”

ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ [10]

“Парвадигоро! Гуноҳони моро бибахш! Ва аз тундравиҳои мо дар корҳо, чашмпуши кун! Қадамҳои моро устувор бидор! Ва моро бар ҷамъияти кофирон, пирӯз гардон!”

رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ[11]

“Парвардигоро! Инҳоро беҳуда наёфаридаӣ! Муназзаҳи ту! Моро аз азоби оташ, нигоҳ дор!”

رَبَّنَا إِنَّكَ مَن تُدْخِلِ النَّارَ فَقَدْ أَخْزَيْتَهُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ [12]

“Парвардигоро! Ҳаркиро ту (ба хотири аъмолаш) ба оташ афкани, ӯро хор ва расво сохтаӣ! Ва барои афроди ситамгар, ҳеч ёваре нест!”

رَّبَّنَا إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيًا يُنَادِي لِلإِيمَانِ أَنْ آمِنُواْ بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا [13]

“Парвардигоро! Мо садои мунодии (туро) шинидем, ки ба имон даъват мекард ки : Ба Парвардигори худ имон биёваред! Ва мо имон овардем.”

رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّئَاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ الأبْرَارِ[14]

“Парвардигоро! Гуноҳони моро бибахш! Ва бадиҳои моро бипушон! Ва моро бо некон (ва дар роҳи онҳо) бимирон!”

رَبَّنَا وَآتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَى رُسُلِكَ وَلاَ تُخْزِنَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّكَ لاَ تُخْلِفُ الْمِيعَادَ[15]

“Парвардигоро! Ончиро ба василаи паёмбаронат ба мо ваъда фармуди, ба мо ато кун! Ва моро дар рӯзи растохез, расво магардон! Зеро ту ҳеҷгоҳ аз ваъдаи худ, тахаллуф намекунӣ.”

رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ [16]

“Парвардигоро! Мо ба хештан ситам кардем! Ва агар моро набахши ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд!”

رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِينَ [17]

“Парвардигоро! Сабр ва истиқомат бар мо фуру рез! (Ва охирин дараҷаи шикебоиро ба мо марҳамат фармо!) ва моро мусалмон бимирон!”

رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ وَمِن ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاء[18]

“Парвардигоро! Моро барпокунандаи намоз қарор деҳ ва аз фарзандонам (низ чунин фармо), Парвардигоро! Дуои маро бипазир!”

رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ [19]

“Парвардигоро! Ману падару модарам ва ҳамаи муъминонро, дар он рӯз ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз!”

رَبَّنَا آتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا [20]

“Парвардигоро! Моро аз сӯи худат раҳмате ато кун ва роҳи наҷоте барои мо фароҳам соз!”

رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ [21]

“Парвардигоро! Мо имон овардем; моро бибахш ва бар мо раҳм кун; ва ту беҳтарин раҳмкунандагонӣ!”

رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا [22]

“Парвардигоро! Азоби ҷаҳаннамро аз мо бартараф гардон, ки азобаш сахт ва пурдавом аст!”

رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا [23]

“Парвардигоро! Аз ҳамсарон ва фарзандонамон мояи равшании чашми мо қарор деҳ ва моро барои парҳезгорон пешво гардон!”

رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ  [24]

“Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро ки дар имон бар мо пеши гирифтаанд биёмурз ва дар дилҳоямон ҳасад ва кинае нисбат ба муъминон қарор мадеҳ! Парвардигоро! Ту меҳрубон ва раҳимӣ!”

رَّبَّنَا عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا وَإِلَيْكَ أَنَبْنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ [25]

“Парвардигоро! Мо бар ту таваккул кардем ва ба сӯи ту бозгаштем ва ҳамаи фарҷомҳо ба сӯи туст!”

رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُوا وَاغْفِرْ لَنَا رَبَّنَا إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ[26]

“Парвардигоро! Моро мояи гумроҳии кофирон қарор мадеҳ ва моро бибахш, эй Парвардигоро мо ки ту азиз ва ҳакимӣ!”



[1] Сураи Бақара, ояти 201.

[2] Сураи бақара, ояти 250.

[3] Сураи бақара, ояти 286.

[4] Сураи бақара, ояти 286.

[5] Сураи бақара, ояти 286.

[6] Сураи Оли Имрон, ояти 8.

[7] Сураи Оли Имрон, ояти 9.

[8] Сураи Оли Имрон, ояти 16.

[9] Сураи Оли Имрон, ояти 53.

[10] Сураи Оли Имрон, ояти 147.

[11] Сураи Оли Имрон, ояти 191.

[12] Сураи Оли Имрон, ояти 192.

[13] Сураи Оли Имрон, ояти 193.

[14] Сураи Оли Имрон, ояти 193.

[15] Сураи Оли Имрон, ояти 194.

[16] Сураи Аъроф, ояти 23.

[17] Сураи Аъроф, ояти 126.

[18] Сураи Иброҳим, ояти 40.

[19] Сураи Иброҳим, ояти 41.

[20] Сураи Каҳф, ояти 10.

[21] Сураи Муъминун, ояти 109.

[22] Сураи Фурқон, ояти 65.

[23] Сураи Фурқон, ояти 74.

[24] Сураи Ҳашр, ояти 10.

[25] Сураи Мумтаҳана, ояти 4.

[26] Сураи Мумтаҳана, ояти 5.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст