Сароғози гуфтор номи Худост,
Ки раҳматгару меҳрубон халқрост.
Чу бо ёрии Кирдигори башар,
Аён гашт роёти фатҳу зафар,1
Бубини ҳама даста даста зи роҳ,
Биёянд дар дини якто илоҳ.2
Ситоиш кун онгоҳ Парвардигор,
Ту омурзише хоҳ аз Кирдигор.3