Худованд дар Қуръони Карим нишонаҳои муъминонро ингуна баён мефармояд:
وَ الْمُؤْمِنُونَ وَ الْمُؤْمِناتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِياءُ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَ يَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ يُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَ يُؤْتُونَ الزَّكاةَ وَ يُطِيعُونَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ أُولئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
"Мардону занони боимон (ёру ёвари) якдигаранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва Худо ва Расулашро итоат мекунанд. Ба зудӣ Худо ононро мавриди раҳмати худ қарор медиҳад, Худованд Тавоно ва Ҳаким аст." (сураи Тавба, ояти 71)
Худованди мутаол дар зимни ин ояти шарифа ба панҷ нишона аз нишонаҳои занону мардони муъмин ишора мекунад, ки тақдими шумо хонандаи муҳтарам мекунем.
Нишонаҳои муъминон:
1) Онҳо мардумро ба некиҳо даъвант мекунанд. يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ
2) Мардумро аз бадиҳо бозмедоранд. وَ يَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ
3) Онҳо бар хилофи мунофиқон, ки Худоро фаромуш кардаанд, "намозро барпо медоранд" ва ба ёди Худо ҳастанд ва бо ёду зикри ӯ дилро равшан ва ақлро бедору огоҳ мекунанд. وَ يُقِيمُونَ الصَّلاةَ
4) Молу амволи худро дар роҳи Худо ва ҳимояти халқи Худо ва пешрафти ҷомеа инфоқ мекунанд. وَ يُؤْتُونَ الزَّكاةَ
5) Мунофиқон хориҷ аз фармони ҳақ ҳастанд аммо муъминон итоати фармони Худо ва паёмбари ӯ мекунанд. وَ يُطِيعُونَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ