آثار و فضیلت تلاوت قرآن

Тааммуқ дар Қуръон дар худ хондан ва тиловати ин китоби илоҳӣ, фазилатҳо, осор ва фоидаҳои дунёӣ ва охирати фаровоне вуҷуд дорад; борварии имон, тахфифи гуноҳон, дармони бемориҳои руҳи ва равонӣ, умри бобаракат, қабулии дуо, сафои хона, аз байн бурдани ғам ва андуҳ, паймудани дараҷоти камол ва тараққи аз ҷумла подошҳои тиловати Қуръон аст.

Каффораи гуноҳон

Инсон дар зиндаги гоҳ дучори гуноҳ ва лағзишҳои майда ва бузург мешавад ки бархе аз онон каффора дорад, тиловати Қуръон каффораи гуноҳон аст. Қуръон бихон ки хондани Қуръон каффораи гуноҳон, сипари оташ ва амон аз азоби илоҳӣ аст.[1]

Борвар шудани имон

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

Тиловати Қуръон, мояи борварии имон аст.[2]

Яке аз роҳҳои таъсиргузор дар рушд ва борварии имон дар ҳар фард фироати Қуръон аст.

Гуфтугу бо Худованд

Барои инсони муъмин ва боимон чи чизе метавонад зеботар аз сухан гуфтан бо Худованд бошад ва чи воситае ва ҳамкаломи беҳтар, ки он қироати Қуръон аст. Паёмбари Ислом(с) фармуд:

Ҳар ки дуст дорад бо Худояш сухан бигуяд Қуръон бихонад.[3]

Нурони шудани хона

Хонаҳои худро бо тиловати Қуръон нурони кунед; хонае ки зиёд дар он Қуръон тиловат шавад хайру баракаташ зиёд шавад ба аҳлаш фарохи расад ва нураш ба аҳли осмон равшаноӣ диҳад; бадон сон ки ситораҳои осмон ба аҳли замин, равшаноӣ диҳанд.[4]

Чи бисёр афроде ҳастанд ки дар зиндагии худ нуронияти ошкоре бо тиловати Қуръон эҳсос кардаанд ва рӯзи ва баракати худро маюни Қуръон ҳастанд.

Аз байн бурдани зангҳои қалб

Паёмбари Ислом(с) фармуд:

Қалбҳои шумо ҳамонанди оҳан, зангор мегирад. Пурсиданд ҷалодиҳандаи он чист? Фармуд: Тиловати Қуръон.[5]

Қалби инсон дар мароҳили мухталифи зиндаги дучори зангорҳое мешавад ва агар барои ҷалло додани он андешаҳое надошта бошем ҳалокат ҳатто ба суроғамон меояд ки яке аз беҳтарини ин роҳҳо барои пок кардани зангорҳо қироати Қуръон аст.

Қарор гирифтан дар шуои нури нубувват

Касе ки Қуръон бихонад шуои нури нубувват ӯро фаро мегирад бо ин тафовут ки ба ӯ ваҳй намешавад.[6]

Инсонҳое ки қалби пок ва растгори доранд ва худро аз ҳаргуна гуноҳ ва олудаги дур медоранд дар ҳангоми қироати Қуръон подошҳои фаровоне насибашон мешавад.

Қудрати азим

Қуръон қудрат ва неруи азиме аст барои касе ки онро дуст бидорад ва бино ва сохтмони муҳкаме аст ки пояҳои он мунҳадим намегардад ва Қуръон қудрате аст ки пайравон ва ёронаш шикастнопазиранд ва дарёе аст ки умқашро наметавон дарк намуд.

Қуръон танҳо паноҳгоҳ

Расули Худо(с) фармуд:

Замоне ки фитнаҳо бапо хост ба тавре ки наметавонистед исломи ноб ва холисро ташхис диҳед, (монанди шаби торике ки наметавон роҳро ташхис дод) бар шумо лозим аст ки ба Қуръон муроҷиа кунед.[7]

 

 


[1] Васоил, ҷ 4, саҳ 839.

[2] Ғурар, саҳ 263.

[3] Канзулуммол, ҷ 21, саҳ 510.

[4] Кофи, ҷ 2, саҳ 610.

[5] Канзулуммол, ҷ 2, саҳ 241.

[6] Кофи, ҷ 2, саҳ 610.

[7] Биҳор, ҷ 92, саҳ 17.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст