Қуръон барои офариниши инсон ҳадафҳоеро баён карда аст аз ҷумла:

1.Ибодат. [1] وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

“Ман ҷин ва инсро наёваридам магар барои инки ибодатам кунанд”

Ва аз ин роҳ такомул ёбанд ва ба ман наздик шаванд.

2.Озмоиш. [2] خَلَقَ الْمَوْتَ وَ الْحَياةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا

“(Худованд) марг ва ҳаётро офарид то шуморо биёзмояд, ки кадом як аз шумо беҳтар амал мекунед.”

3.Барои дарёфти раҳмати илоҳӣ. إِلَّا مَنْ رَحِمَ رَبُّكَ وَ لِذلِكَ خَلَقَهُمْ»[3]

“Магар касе, ки Парвардигорат ба ӯ раҳм кунад ва (Худованд) барои ҳамин (раҳмат) мардумро офарид.”

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: «رحم الله امرء عرف قدره

“Худованд раҳмат кунад касеро ки арзиш ва эътибори худро бишиносад.”[4]

Ва бидонад, ки аз куҷо омада, акнун дар куҷост ва сипас ба куҷо меравад.

Имом Ҳусейн(а) фармуд:

«ان الله ما خلق العباد الا ليعرفوه فاذا عرفوه عبدوه فاذا عبدوه استغنوا بعبادته عن عبادة من سواه

“Худованди Мутаол бандагонашро наёфарида аст магар барои инки ӯро бишиносанд, онгоҳ ки ӯро шинохтанд, ибодаташ кунанд ва чун Худоро ибодат карданд, бо парастиш ва ибодати ӯ аз парастиши ғайри ӯ бениёз шаванд.[5]

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: [6]«الدنيا خلقت لغيرها و لم تخلق لنفسها»

“Дунё барои дигаре офарида шуда ва барои худ офарида нашуда аст. (дунё василае аст барои расидан ба охират).

Бале, касоне ки ҳамаи ҳадафҳои худро дар даруни дунё ҷустуҷу мекунанд, замингаро ва замингир мешаванд. Чунонки дар суари Аъроф ояти 176 омада аст:  أَخْلَدَ إِلَى الْأَرْضِ”

Ҳар дам аз умр гироме ҳаст ганҷ Бедил,

Меравад ганҷе чунин ҳар лаҳза бар бод оҳ оҳ.

Баргирифта аз тафсири Нур


 

[1] Сураи Зориёт, ояти 56.

[2] Сураи Мулк, ояти 2.

[3] Сураи Ҳуд, ояти 119.

[4] Ғурарулҳикам.

[5] Биҳор, ҷ 5, саҳ 312.

[6] Наҳҷул балоға, ҳикмати 463.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст