Қуръони Карим аз рӯзи қиёмат ба номҳои мухталифе ёд мекунад ва дар ҳар як ваҷҳе аз вуҷуҳи онро баён мекунад. Порае аз ин номҳо бадин қарор аст:
- یوم القیامه: Ин калима ки 170 бор дар Қуръон омада, асл аст ва ба маънои бархостан. Он рӯз, рӯзе аст ки иснонҳо аз қабр бармехезанд ва мумкин аст қиёмат ба ин маъно бошад ки мардум дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бапо меистанд: یوم یقوم النّاس لربّ العالمین[1]
“Рӯзе ки мардум барои Парвардигори ҷаҳониён ба по мехезанд.”
- یوم الجمع: Рӯзе ки ҳамаи мардум аз аввал то охир ҳама дар як саҳна ҷамъ мешаванд. Шояд далели он ин бошад, ки аъмоли ҳар инсоне бар зиндагии соири одамиён дар тули таърих таъсир дорад ва муҳосибаи аъмол бидуни ҳузури ҳамагони ба анҷом намерасад:
قل انّ الاوّلین والاخرین * لمجموعون الی میقات یوم معلوم[2]
“Бигу: Дар ҳақиқат, аввалин ва охирин, қатъан ҳама др мавхиди рӯзи махлум гирдоварда шаванд.”
- یوم البعث: Рӯзи барангехтан
- یوم الخروج: Рӯзе, ки одамиён аз қабрҳо хориҷ мешаванд.
- یوم الحسره: Ҳасрат ба маънои андуҳ ва ғам барои чизе аз даст рафта аст, шояд қиёмат ба ин маъно рӯзи ҳасрат аст, ки кофирон барои аз даст додани саодати ҷовидона ва дигарон барои пораи кутоҳиҳои худ ва дар натиҷа бар аз даст додани дараҷаҳои волотар ҳасрат мехуранд.
و انذرهم یوم الحسره اذ قضی الامر و هم فی غفله و هم لایؤمنون[3]
- یوم الفصل: Фасл, ҷудо кардани ду чиз аз якдигар аст, қиёмат рӯзе аст, ки ҳаққ ва ботил ошкор шуда аз ҳам ҷудо мешаванд, зеро дар дунё, ботил гоҳе сурати ҳаққ ба худ мегирад ваё миёни парҳезгорон ва маҷруҳон фосила меафтад:
و امتازوا الیوم ایّها المجرمون[4]
“Ва эй гунаҳкорон, имрӯз аз бегуноҳон ҷудо шавед.”
- یوم الازفه: Яъне рӯзи бисёр наздик, дар оёти зиёде ба наздик будани қиёмат ҳушдор дода аст:
و انذرهم یوم الازفه ، اذالقلوب لدی الحناجر کاظمین[5]
“Ва онҳоро аз он рӯзи қарибул вуқуъ битарсон, онгоҳ ки ҷонҳо ба гулугоҳ мерасад дар ҳоле, ки андуҳи худро фуру мехуранд.”
“Замони ҳисобраси мардум наздик шуд дар ҳоле ки онҳо ҳануз дар бехабари ба сар бурад ва бо ҳам низоъ мекунанд.”
- یوم الحساب: Рӯзе ки ба муҳосибаи аъмоли одами пардохта мешавад:
انّ الّذین یضلّون عن سبیل الله لهم عذاب شدید بما نسوا یوم[6]
“Дар ҳақиқат касоне, ки аз роҳи Худо ба дар мераванд, ба сазои онки рӯзи ҳисобро фаромуш кардаанд, азоби сахт хоҳанд дошт!”
- یوم التلاق: Яъне рӯзи мулоқот, қиёмат рӯзе аст ки ҳамаи халоиқ, ё холиқу махлуқ, ё инсону амалаш, ё аҳли осмон ва замин як дигарро мулоқот мекунанд. Ваҷҳи дуввумро оёте таъкид мекунад, ки лиқо (дидори) Парвардигорро дар қиёмат матраҳ мекунад.
10. یوم التناد: Яъне рӯзи нидо, рӯзе ки аҳли азоб якдигарро нидо мекунанд ё аҳли азоб ва аҳли саодат якдигарро нидо мекунанд.
11. یوم الاخر: Қиёмат монанди дунё даврае аз зиндаги аст, аммо бар хилофи он кутоҳ ва поённопазир нест.
Дигар аз номҳои қиёмат, یوم الخلود (рӯзи ҷовидонагӣ), یوم الوعید (рӯзи таҳдид), یوم التغابن (рӯзи мағбун кардани якдигар), یوم الدین (рӯзи ҷазо), الدار القرار (сарои пойдор) ва ... аст.
[1] Сураи Мутаффифин, ояти 6.
[2] Сураи Воқеа, оёти 49 ва 50.
[3] Сураи Марям, ояти 39.
[4] Сураи Ёсин, ояти 59.
[5] Сураи Ғофир, ояти 18.
[6] Сураи Сод, ояти 26.