Худованд дар Қуръони Карим дар сураи Муъминун ояти 115 мефармояд:
(أَ فَحَسِبْتُمْ أَنَّما خَلَقْناكُمْ عَبَثاً وَ أَنَّكُمْ إِلَيْنا لا تُرْجَعُونَ
“Оё гумон караед, ки мо шуморо беҳуда офаридем ва ба сӯи мо бозгашт нахоҳед кард?!”
Ин ҷумлаи кутоҳ ва пурмаъно яке аз зиндатарин далелҳои қиёмат ва ҳисоб ва ҷазои аъмолро баён мекунад ва он инки агар рости қиёмат ва маоде дар кор набошад зиндагии дунё абас ва беҳуда хоҳад буд, зеро зиндагии ин ҷаҳон бо тамоми мушкилоте, ки дорад ва бо инҳама ташкилот ва муқаддамот ва барномаҳое ки Худо барои он чида аст агар тамоман барои ҳамин чанд рӯз бошад бисёр пуч ва бемаъни мебошад.
Ва аз онҷо ки ин гуфтор яъне абас набудан хилқат, сухани муҳимме аст, ки ниёзе ба далели муҳкам дорад дар ояти баъд изофа мекунад
(فَتَعالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ لا إِلهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْكَرِيمِ).
“Худованде ки фармонравони ҳаққ аст ҳеҷ маъбуде ҷуз ӯ нест ва Парвардигори арши карим аст.”
Бартар аз он аст ки чаҳони ҳастиро беҳуда ва беҳадаф офарида бошад.
Дар воқеъ касе кори пуч ва беҳадаф мекунад, ки ҷоҳил ва ноогоҳ ё заъиф ва нотавон ё зотан вуҷуди ботил ва беҳуда бошад, аммо Худованде, ки ҷомеъи тамоми сифатҳои камолия аст. (اللَّهُ).
Худованде, ки фармонраво ва молики ҳамаи олами ҳасти аст. الْمَلِكُ
Ва Худованде, ки ҳаққ аст ва ҷуз ҳаққ аз ӯ содир намешавад الْحَقُّ чигуна мумкин аст офарини ӯ абас ва беҳадаф бошад.
Ва агар тасаввур шавад, ки мумкин аст касе ӯро аз расидан ба ҳадафаш боз дорад бо ҷумлаи لا إِلهَ إِلَّا هُوَ “ҳеҷ Худое ҷуз ӯ нест” онро нафй мекунад ва бо таъкид бар рубубияти Худованд(رَبُّ الْعَرْشِ الْكَرِيمِ) ки мафҳуми молики муслиҳ аст ҳадафдор будани ҷаҳонро мушаххастар месозад.
Хулоса инки дар ин оят иловат бар зикри калимаи “Аллоҳ” ки худ ишораи иҷмоли ба тамоми сифатҳои камолияи Худо аст бар чор сифат ба таври ошкор такя шуда: моликият ва ҳокимияти Худо, сипас ҳақонияти вуҷуди ӯ, адами вуҷуди шарике барои ӯ ва саранҷмои мақоми рубубият ва инҳо ҳама далеле аст бар инки ӯ коре беҳадаф анҷом намедиҳад ва дунё ва инсонҳоро абас наёфарида аст.
Намуна, ҷ 14, саҳ 345.