Набошад ҷуз Аллоҳ Парвардигор,

Ки зиндасту поянда он кирдигор.

Нагирад Худоро касолат фаро,

На ҳаргиз ба хоб андар ояд Худо.

Замину самовот аз они ӯст,

Ҳамаи мулки гети ба фармони ӯст.

Ба даргоҳи Эзад чи касро сазост?

Ки созад шафоат магар он ки хост.

Зи рӯзи азал то ба шоми абад,

Бидонад ҳама чиз аз хубу бад.

Ба чизе зи илми ягона илоҳ,

Иҳота надорад касе ҳеҷ гоҳ,

Ҷуз ончи бихоҳад Худои накӯ,

Ки мардум бидонанд аз илми ӯ.

Бувад вусъату илми ӯ бекарон,

Фаротар зи арз асту ҳафт осмон.

Надорад бар ӯ заҳмате ҳифзашон,

Аливу азим аст он бенишон.

Умеди Маҷд

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст