Парвардигори Карим дар оёти 23 ва 24 сураи Каҳф мефармояд:
«وَلَا تَقُولَنَّ لِشَیْءٍ إِنِّی فَاعِلٌ ذَلِكَ غَدًا إِلَّا أَن یَشَاء اللَّهُ ...»؛
“Ва ҳеҷ гоҳ бо қотеият (сад дар сади) магу, ки фардо чунин кореро анҷом хоҳам дод, магар онки онро вобаста ба хост ва машяти Парвардигор намоӣ.”
Аз ин оят метавон бардошт кард, ки гуфтани Иншоаллоҳ дар ҳар коре писандида аст.
Дар оёти зиёде ҳам ба ин амр таъкид шуда аст. Баъзе вақтҳо мутаассифоан пеш меояд, ки бархе аз афрод хеле роҳат дар мавриди оянда тасмимгириҳои сад дар сади анҷом медиҳанд ва масал намегуянд дар фалон замон ман ҳатман ин корро анҷом медиҳам, бо инки ҳатто аз панҷ дақиқаи баъди ҳам хабар надоранд, ки чи иттифоқе анҷом хоҳад гирифт.
Фоидаи гуфтани Иншоаллоҳ
Камтарин фоидаи он ин хоҳад буд, ки дар муқобили Худованди Мутаол фурутан нишон медиҳем он аст, ки агар бар фарзи инки дар анҷоми он кор талош кардем, аммо ба ҳар далеле он кор анҷом нашуд хилофи ваъда ваё дуруғе аз мо сар назада аст чунки мо онро вогузор кардем ба хост ва иродаи Худованд.(мо тамоми саъй ва талоши худро барои анҷоми додем вале ба ҳар далеле анҷом нашуд.)
Паёмҳо
1.Дар сухан гуфтан ва тасмимгири Худоро фаромуш накунем.
2.Ҳаргиз худро мустақил аз Худо надонем ва ба таври қатъ аз анҷоми коре ҳарчанд майда, дар оянда хабар надиҳем.
3.Ба имконот ва тавони худ такя накунем, ки фароҳам будани шароит, ҳатман ин кор анҷом хоҳад шуд.
4.Инсон пайваста ниёзманди Худост ва дар ҳар коре бояд худро вобаста ба иродаи илоҳӣ бидонад.
5. Ҷуброни аз даст рафтаҳо лозим аст.
6.Паёмбарон низ ба таълим ва ҳидояти илоҳӣ ниёз доштанд.
7.Изҳори умедвори ба кумакҳои илоҳӣ, яке аз шеваҳои саҳеҳи дуо аст..