Малакаи Сабо мегӯяд: Сулаймон номаи бузургворонае ба ин мазмун барои ман фиристода аст:

بِسْمِ اللّه‏ِ الرَّحْمنِ الرَّحیمْ

قَالَتْ یَا أَیُّهَا المَلَأُ أَفْتُونِی فِی أَمْرِی مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّى تَشْهَدُونِ [1]

“Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон,

(Сипас) гуфт: Эй ашроф ва бузургон, маро дар корам ёри диҳед, зеро ман ҳеҷгоҳ пеш аз онки шумо дар назди ман ҳузур ёбед анҷомдиҳандаи коре набудаам.”

Чунонки мебинем ин зан, фармонравост, аммо ҳаргиз золимона назари худро таҳмил накард. Ҳангоме, ки номаи Сулаймон расид, бузургони мамлакати худро гирд овард ва номаро, ки таҳдиде барои онон шумурда мешуд, бари ҳама хонд. Ва ба онҳо гуфт:

“Пешниҳодоти худро иброз кунед, ман золим нестам ва намехоҳад назари худро ба шумо биқабулонам, ҳар чанд ман фармонравои шумо ҳастам, аммо дар чунин мавориде, ки сарнавишти мардумро рақам мезанад, бояд бо андешамандон машварат шавад то назари муносиб гирифта шавад.”

Мардон дар ҷавоб чи гуфтанд?

قَالُوا نَحْنُ أُوْلُوا قُوَّةٍ وَأُولُوا بَأْسٍ شَدِیدٍ وَالْأَمْرُ إِلَیْكِ فَانظُرِی مَاذَا تَأْمُرِینَ[2]

“Гуфтанд: Мо дорои нерӯ (бузург ва артиш ва имконот) ва соҳибони шуҷоат ва тавони олои разми ҳастем ва фармон бо туст, пас бингар чи фармон медиҳӣ.”

Онон нерӯи бадани худро ба ӯ арза карданд, аммо ӯ ниёзманди қудрати бадании онҳо набуд, балки дар пайи баҳраманди аз нерӯи фикр ва андешаи онон буд.

Бо ин вуҷуд, ҳангоме ки сарони қавм ӯро танҳо гузоштанд ва ӯ дар нигарони ва парешони назар додан фуру рафт, ғарқ дар андеша шуд ва пас аз муддате гуфт:

قَالَتْ إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْیَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً وَكَذَلِكَ یَفْعَلُونَ

وَإِنِّی مُرْسِلَةٌ إِلَیْهِم بِهَدِیَّةٍ فَنَاظِرَةٌ بِمَ یَرْجِعُ الْمُرْسَلُونَ»[3]

“Гуфт: Бетардид подшоҳон чун ба шаҳр (ё кишваре) дароянд онҷоро ба табоҳи кашонанд ва сарон ва қудратмандони онро хор созанд ва (онҳо маъмулан) чунин мекунанд. Ва албатта ман ба сӯи онҳо ҳадяе мефиристам, пас мунтазир мемонам, ки фиристодагонам ба чи (ҳол ва ҷавоб) бозмегарданд.”

Малакаи Сабо бо чунин бинише барои  ҳазрати Сулаймон(а) фадяе фиристод. Сулаймон низ дар пайи фарҷоми ин моҷаро буд. Ҳангоме, ки ҳадя ба Сулаймон (а) расид ва пас аз муддате малакаи Сабо ба вижагиҳои Сулаймон пай бурд ва дар фазои ҳукумати Сулаймон муддате монд, беонки чун зани мутаассиб, бо чанг ва дангон аз мероси подшоҳии худ дифоъ мекунад, ба ҷанг бо Сулаймон бархезад, ҳақиқатро дарёфт ва бо тамоми вуҷуд гуфт:

وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَیْمَانَ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِینَ[4]

“Ва инки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён ҳамроҳи Сулаймон ислом овардам.”

Дидани азамати қаср ва собиқаи амри ҳудҳуд ва овардани курсии подшоҳии ӯ боиси ба ислом  рӯ овардани ишон шуд.



[1] Сураи Намл, ояти 32.

[2] Сураи Намл, ояти 33.

[3] Сураи Намл, оёти 34 ва 35.

[4] Сураи Намл, ояти 44.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст