Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам(с) дар бораи сураи Ҳамд инчунин мехонем, ки фармуд:

و الذی نفسی بیده ما انزل اللَّه فی التوراة و لا فی الزبور و لا فی القرآن مثلها هی ام الکتاب[1]

“Қасам ба касе, ки ҷони ман ба дасти ӯст, Худованд на дар Таврот ва на дар Инҷил ва на дар Забур ва на дар Қуръон, мисли ин сураро нозил накарда аст. Ва ин уммул китоб (модари Қуръон) аст.”

Далели ин сухан бо тааммул дар муҳтавои ин сура равшан мешавад. Чунки ин сура дар ҳақиқат феҳристе аз маҷмӯӣ муҳтавои Қуръон аст.

Бахше аз он тавҳид ва шинохти сифоти Худо аст, бахше дар заминаи маъод ва қиёмат сухан мегӯяд ва бахше аз ҳидоят ва гумроҳӣ, ки фарқи мӯъминон ва кофирон аст, сухан мегӯяд. Дар ин сура ишорае аст ба ҳокимияти мутлақи Парвардигор ва мақоми рубубият ва неъматҳои бепоёнаш, ки ба ду бахши умумӣ ва хусусӣ (бахше раҳмоният ва раҳимият) тақсим мегардад. Ҳамчунин ишора ба масъалами ибодат ва бандагӣ ва ихтисоси он ба зоти поки ӯ шуда аст.

Сураи Ҳамд, дар ҳақиқат ҳам баёнгари тавҳиди зот аст, ҳам тавҳиди сифот, ҳам тавҳиди афъол ва ҳам тавҳиди ибодат.

Ва ба таъбири дигар ин сура мароҳили сегонаи имон; эътиқод ба қалб, иқрор ба забон ва амал ба арконро дар бар дорад ва медонем, ки “умм”ба маънои асос ва реша аст.

Шояд ба ҳамин далел аст, ки Ибни Аббос мегӯяд:

ان لکل شی ء اساسا. .. و اساس القرآن الفاتحة

“Ҳар чизе асос ва пояе дорад. ... ва асос ва пояи Қуръон, сураи Ҳамд аст.”

Паёмбари Ислом(с) мефармояд:

ایما مسلم قرأ فاتحة الکتاب اعطی من الاجر کانما قرأ ثلثی القرآن، و اعطی من الاجر کانما تصدق علی کل مؤمن و مؤمنة[2]؛

“Ҳар мусулмоне сураи Ҳамдро бихонад подоши ӯ ба андозаи касе аст, ки ду севуми Қуръонро хонда аст ва гӯи ба ҳар фарде аз мардон ва занони мӯъмин ҳадяе фиристода аст.”

Таъбир ба ду севуми Қуръон шояд ба хотири он аст, ки бахше аз Қуръон таваҷҷӯҳ ба Худо аст ва бахше таваҷҷӯҳ ба қиёмат ва бахше дигар аҳком ва дастурот аст, ки бахши аввал ва дуюм дар сураи Ҳамд омада ва таъбир ба тамоми Қуръон (дар бархе дигар аз ривоятҳо) ба далели он аст, ки ҳамаи Қуръонро аз як назар дар имон ва амал метавон хулоса кард, ки ин ҳар ду дар сураи Ҳамд ҷамъ шуда аст.[3]



[1] Биҳор, ҷ. 89, саҳ 259.

[2] Биҳор, ҷ. 89, ссаҳ 259.

[3] Намуна, ҷ. 1, саҳ. 3 то 5.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст