Муборизаталаби Қурон
Худованд дар Қуръон мефармояд:
وَإِنْ كُنْتُمْ فِی رَیْبٍ مِمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِنْ مِثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدَاءَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِینَ[1]
"Ва агар дар ончи бар бандаи худ (аз Қурон) нозил кардаем шак доред, агар рост мегуед як сура ҳамонанади онро биёваред ва гувоҳони худро ғайр аз Худованд бар ин кор даъват кунед".
Худованд дар Қурон борҳо мухолифони исломро даъват ба мубориза карда аст, ки агар шумо ин китобро аз сӯи Худо намедонед ва сохтаи дасти башар медонед, ба ҷои ин ҳама ҷангу мубориза китобе мисли Қурон биёваред то Паёмбар(с) аз иддаои худ даст бардорад ва садои ислом хомуш шавад! Худованд барои исботи ҳаққонияти Паёмбар(с) ва китоби худ аз як сӯ мухолифонро таҳрик ва аз сӯи дигар ба онон тахфиф дода аст. Худованд дар якҷо мефармояд:
فَأْتُوا بِكِتَابٍ[2] Китобе мисли Қурон биёваред ва дар ҷои дигар фармуда аст:
[3] فَأْتُوا بِعَشْرِ سُوَرٍ مِثْلِهِ даҳ сура мисли онро биёваред.
ва дар ҷои дигар инчунин мефармояд, ки як сура мисли онро биёваред:
فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِثْلِهِ[4] ва барои ин кор метавонед аз тамоми қудратҳо ва ёрон ва ҳамфикрони худ дар саросари ҷаҳон даъват кунед:[5] وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّه
Илова бар ин тахфифҳо анвоъи таҳрикҳоро низ ба кор бурда аст, ки дар сураи Исро инчунин фармудааст: قُلْ لَئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنْسُ وَالْجِنّ[6]ُ
Агар ҷинну инс пушт ба пушти ҳам диҳанд наметавонанд ҳамчун Қуръон биёваранд, ки дар ҳамин оят инчунин ба ин масъала ишора шудааст, ки аз ҳама мағзҳои кураи замин даъват кунед аммо ҳаргиз наметавонед, ки мисли Қурон биёваред. Таърих низ собит карда аст, ки душманон ҷангҳои бисёре бар алайҳи ислом ба роҳ андохтаанд, нақшаҳо кашидаанд, аммо ҳаргиз натавонистаанд ҳатто як сура мисли Қурон биёваранд.
Оё муъҷиза ғайр аз ин аст?
[1] Сураи Бақара, ояти 23.
[2] Сураи Қасас, ояти 49.
[3] Сураи Ҳуд,ояти 14.
[4] Сураи Юнус,ояти 38
[5] Сураи Ҳуд,ояти 14
[6] Сураи Исро, ояти 88