Камфурӯшӣ яке аз гуноҳони кабира аст ва ҳаром буданаш аз тариқи Қуръон ва суннат исбот шудааст.
Қуръони Маҷид барои камфурӯш ошкоро ваъдаи азоби шадид додааст ва як сураи Қуръони Маҷид бо номи Мутаффифин (камфурӯшон) махсуси ин мавзӯъ аст. Худованд дар ин сура мефармояд: "Вайл" бар кам фурӯшон аст. (Вайл номи чоҳе аст дар дӯзах ва низ калимаи ҷомеи ҳамаи бадиҳо аст, яъне анвои азобу итоб ва сахтӣ ва ранҷ насиби камфурӯшон аст). Онҳое, ки вақте аз мардум чизе мехаранд паймонаро барои худ тамом ва ба зиёдатӣ мегиранд ва ҳар гоҳ барои мардум бо тарозу ва паймона чизе мефурӯшанд кам медиҳанд (ва ба онон зарар мезананд). Оё камфурӯшон гумон надоранд, ки пас аз мурдан барои рӯзи бузурге барангехта мешаванд? Рӯзе, ки мардум барои амри Парвардигори оламиён ба по хоҳанд истод.
Бояд аз камфурӯшӣ битарсанд ва нороҳат шаванд ва азоби рӯзи ҷазоро ба ёд дошта бошанд. Ҳақиқатан номаи аъмоли фоҷирон дар Сиҷҷин аст, (яъне ҷояшон ба сабаби кирдори бадашон Сиҷҷин аст ва он чоҳе аст дар ҷаҳаннам ё он ки аъмолашон дар Сиҷҷин навишта мешавад, ки он дафтари аъмоли куффор ва фосиқон аст) ва ту намедонӣ, ки Сиҷҷин чист? Мактубе аст навишташуда ё ин ки аъмолашон дар Сиҷҷин ҳукме аст муқарар ва навишташуда.
Ва аз забони Шуайб(а) чунин мефармояд: Паймона ва тарозуро ҳангоми муомила бо мардум кам накунед. Ба дурустӣ, ки шуморо дар тавонгарӣ ва фаровонии неъмат мебинам. (Яъне мӯҳтоҷ нестед, ки мӯҳтоҷ будан шуморо ба хиёнат водорад, балки тавонгаред ва расми ҳақгузорӣ он аст, ки мардумро аз моли худ баҳраманд кунед на он ки аз ҳуқуқашон бигиред). Ва эй қавми ман бо мардум ба адолат ва баробарӣ муомила кунед ва чизҳои мардумро кам накунед ва дар замин фасод накунед ва табоҳӣ маҷӯед дар ҳоле ки табаҳкор бошед, (зеро камфурӯшӣ назми ҷомеа ва амнияти умумиро барҳам мезанад).
Камфурӯш имон надорад
Аз ояҳои Қуръон истифода мешавад, ки камфурӯш ба рӯзи ҷазо ва ҳисоби рӯзи қиёмат имон надорад, зеро агар яқин, балки гумони масъулият медошт, ки дар рӯзи қиёмат аз ӯ бозхост мешавад ва ҳарчи ба мардум кам дода аз ӯ талаб хоҳад шуд ҳаргиз ба чунин хиёнате даст намезад ва агар имон медошт медонист, ки ҳарчанд мумкин аст соҳиби ҳақ аз хиёнаташ ғофил ва бехабар бошад, аммо Парвардигори олам ҳозир ва муроқиби аъмоли ӯст.
Панҷ сифат ва панҷ бало
Нақл шудааст, ки Расули Худо(с) фармуд: Панҷ хислати нописанд аст, ки бо панҷ бало ҳамроҳ аст. 1) Ҳар гурӯҳе, ки паймоншиканӣ кунанд Худо душманашонро бар онҳо ҳоким мекунад. 2) Ҳар гурӯҳе, ки ба ғайри ҳукми Худо ҳукм кунанд фақирӣ дар миёнашон ошкор шавад. 3) Ҳар гурӯҳе, ки дар миёнашон фоҳиша (корҳои ношоиста) пайдо шавад, марг дар онҳо пайдо шавад. 4) Ҳар гурӯҳе, ки камфурӯширо пеша кунад, аз наботот ва ризқҳо маҳрум гарданд ва ба қаҳт ва бало ҷазо дода шаванд. 5) Ҳар гурӯҳе, ки закотро ба аҳлаш надиҳанд, борон аз онҳо гирифта мешавад.
Насиҳати ҳазрати Алӣ(а)
Ҳазрати Алӣ(а), ҳангоме ки аз идораи ҳукумат фориғ мешуд ба бозори Куфа меомад ва мефармуд: Эй мардум аз Худо битарсед ва дар хариду фурӯш вазнро комил бидиҳед ва адолатро дар он риоят кунед ва аз тарозӯ кам назанед ва ба мардумон кам надиҳед ва дар замин фасод накунед.
Рӯзе мардеро дар бозор дид, ки заъфарон мекашад ва он каффае, ки дар он заъфарон буд сангинтар мекард. Ҳазрат донист, ки тарозуяш дуруст нест заъфаронро аз тарозӯ бардошт ва фармуд аввал тарозуро ба адл рост кун баъд аз он агар хоҳӣ бештар деҳ.
Миёни ду кӯҳ аз оташ
Пайғамбари Акрам(с) мефармояд: Ҳар касе дар тарозу хиёнат кунад фардо ӯро ба қаъри дӯзах ворид мекунанд ва дар миёни ду кӯҳи оташ ҷояш медиҳанд ва ба ӯ мегӯянд ин кӯҳҳоро вазн кун ва ӯ ҳамеша ба ин амал машғул аст.
Молики Динор мегӯяд: Ҳамсояе доштам, ки бемор шуд. Ба диданаш рафтам. Дар ҳоли ҷон додан буд. Дод мезад, ки ду кӯҳи оташ қасди ман мекунанд. Гуфтам: Эй мард ин фақат хаёл аст, ки ба ту менамояд. Гуфт: На, чунин нест, балки ҳақ аст, зеро ман ду тарозӯ доштам яке кам ва дигаре зиёд. Бо кам мефурӯхтам ва бо зиёд мехаридам ва ин сазои он аст.
Кам додан ба шумора ҳам ҳаром аст
Чизҳое ҳам, ки монанди матоъ ва замин ба метр хариду фурӯш мешавад агар як сантиметр ҳам кам бидиҳад камфурӯшӣ кардааст. Ва чизҳое ҳам, ки бо адад муомила мешавад монанди тухми мурғ, агар як дона камтар бидиҳад камфурӯшӣ кардааст ҳарчанд соҳибаш нафаҳмад ва он чи дар бораи камфурӯшон гуфта шуд шомили ӯ ҳам мешавад.
Фурӯшанда қарздор мешавад
Ҳар миқдоре, ки камфурӯш кам бидиҳад ба ҳамон миқдор аз харидор қарздор аст ва воҷиб аст онро баргардонад ва агар мурдааст бояд ба ворисонаш ба нисбати ирс бидиҳад ва дар сурате, ки аслан ӯро намешиносад (бинобар эҳтиёт бо иҷозаи шаръ) аз тарафи соҳибаш садақа диҳад. Агар миқдореро, ки кам додааст аслан надонад, бояд бо харидор ба маблағе мусолиҳа кунад ва харидор вафот карда бошад бо ворисонаш ва агар харидор номаълум бошад бо ҳукми шаръ мусолиҳаро анҷом диҳад.
Мизони адл барои ҳар кас
Ба таври куллӣ мизони адл ва қоидаи куллии худоӣ дар риояти ҳуқуқи халқ ҳамон ҷумлае аст, ки дар васияти ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандаш Имом Ҳасани Муҷтабо(а) аст. Он ҳазрат мефармояд: Фарзандам худатро мизон байни худ ва дигарон қарор деҳ. Пас ҳарчӣ барои худат дӯст медорӣ барои дигарон ҳам дӯст бидор ва ҳарчӣ барои худат намехоҳӣ барои дигарон ҳам махоҳ ва бар дигарон ситам макун чунонки дӯст надорӣ, ки бар ту ситам кунанд ва ба дигарон некӣ кун чунонки дӯст дорӣ, ки бо ту некӣ намоянд ва он рафтореро, ки аз дигарон бад медонӣ худат ҳам онро анҷом надеҳ. Монанди дурӯғгӯӣ ва айбҷӯии дигарон, ки онро бад медонӣ худат ҳам онро тарк кун ва ҳарчи аз худат меписандӣ аз дигарон ҳам биписанд на ин ки чун ин корро ту анҷом додаӣ хуб аст, аммо агар ҳамин корро дигарон анҷом диҳанд нописанд аст.
Бояд шахс он чӣ аз мардум интизор дорад, ки ба ӯ бикунанд худаш низ дар бораи мардум дареғ надошта ва бепарво набошад ва аз ин маъно дар ривоятҳо таъбир ба инсоф шудааст.
Бибарӣ моли мусулмону чу молат бибаранд,
Бонгу фарёд барорӣ, ки мусулмонӣ нест.
Пас касе, ки дар гуфтору кирдораш бо мардум аз мизоне, ки ҳазрати Алӣ(а) баён фармуд берун равад "мутаффиф" аст ва аз роҳи рост ва адолат берун рафта ҷузъи ситамкорон ба шумор меравад.
Ҳар чизеро паймонае аст
Барои тамоми умури эътиқодӣ ва малакоти нафсонӣ ва ҳар навъ сухан ва амал мизоне аст, ки бояд он эътиқод ва сифат ва сухан ва амал бо мизонаш санҷида шавад то адли ҳақиқӣ риоят шавад чунонки дар сураи Ҳадид мефармояд: Пайғамбаронро бо мӣъҷизот фиристодем ва барояшон китоб ва мизонро фурӯ фиристодем, то ин ки мардум адлро барпо доранд.
Умедворем ҳамаи мо дар бораи оқибати ин амали ношоиста ва яке аз гуноҳони кабира бияндешем ва аз анҷоми он худдорӣ намоем то ҷомеаи солим дошта бошем ва ҳаққи касе ба гарданмон набошад.
Бемории камфурӯшӣ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1757