Сайидбурҳони Акбар

Ҳар мусалмоне шавқ дорад паёмбари Исломро бишиносад ва бидонад он ҳазрат аз назари сурату сират чигуна будааст, ки Худованди мутаъол ба сифотҳои  олӣ ва бе монанд аз ӯ ёд мекунанд.

То онҷо, ки ӯро  барои башарият усваи ҳасана ё ҳамон меҳвару дорандаи ҳамаи хубиҳо муаррифӣ  мекунад. Бале ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчун ҳодӣ ва раҳбари ҷомеа  ва ҳамчун хотами анбиёи илоҳӣ дорандаи чунон сифатҳои олӣ аст, ки дар тамоми замон ва маконҳо қобилияти иҷро ва пайравиро дорад. Аз назари хурдану  ошомидан, хобидану бедоршудан то рафту омад ва навъи ибодат кардан, иҷрои аҳкому одоби иҷтимоӣ то тарбияти зану фарзанд ва ҷомеа ва ҳатто болотарин масоили ҳукуматдорӣ, сиёси ва низоми  метавон он ҳазратро  усва ва намунаи комил нигоҳ кард. Албатта қисме аз рафтору гуфтори он ҳазрат аз  фарзиёт ва воҷиботе ҳастанд, ки ҳар мусалмон бояд муроот кунад. Аммо қисме ҳам  аз суннат ва мустаҳаботе  аст, ки  муъминони Худоҷу  барои наздикӣ ва қурби  бештар ба Худованд он ҳоро амал ва дар зиндагии худ бар ҳамон асос ҳаракат мекунанд. Дар инҷо ба ҷиҳати шинохти  бештари он  ҳазрат ба бахше аз сира ва сурати муборакашон ишора мегардад.

 

 

Шамоил ва сурати он ҳазрат(с)

Паёмбари Аъзам (с) дар сурат, зебоӣ ва ҷаззоби хоссе доштанд, ки ҳар хушдилеро маҷзуб мекарданд. Дар бархурд бо дигарон, бо инки ҳечгуна кибру ғурур надошт аммо азим ва бо виқор дида мешуд. Ва мавриди эҳтиром қарор мегирифт.

Нақл аст, ки шахсеро дар  шаҳри Макка ҳокимони золим ба ноҳақ зулм ва молҳои савдоии уро гирифтанд. Он мард ба амини қавм паноҳ бурд ва аз Муҳаммад инбни Абдуллоҳ ёрӣ хост ва бо ҳам ба дари  хонаи он ғосиб рафтанд. Ҷавони Амин бо вақор ва азамате, ки дошт амволи марди зулмдидаро аз ӯ талаб кард ва ӯ бедаранг ҳаммаи ончиро, ки гирифта буд ба соҳибаш баргардонд.

Он ҳазрат дар мактубот ҳамчун моҳи шаби чаҳордаҳ тавсиф шудааст, ки нурони ва дилрабо буданд.

Он ҳазрат на ончунон лоғар (хароб) буданд ва на фарбеҳ, ки дар чашм намоён гардад.

Ӯ қади миёна чашму абруҳои зебо ва дасту бозувони дурушт дошт.

Хушбуияш чунон буд, ки  дигарон онро ҳамаҷо ба ёд доштанд.

Он ҳазрат муйҳои каме дароз ва маҳосини (риши) миёна (на зиёд дароз) ва тозаву равғани доштанд.

Аз Имом Ҳасан(а) нақл аст, ки фармуданд: Паёмбари Аъзам(с)  кам сухан аммо балиғ ва бурро буданд, бо хулқи неку ва ҷумлаҳои комил доштанд.

Он ҳазрат ҳеч неъматеро бад намегуфт ва ... .

Аз  сечиз дури мекарданд; ҷидол, кашмакаш ва пурҳарфӣ.

Касеро накуҳиш ва сарзаниш намекарданд ва ҷустуҷуи айбу лағзиши дигаронро  намеписандиданд.

Чунон, ки олими бузург Ғаззоли гуфтааст: Расули Акрам аз ҳамма шево ва бурротар ва дар айни инки кутоҳ сухан мегуфтанд комилтарин ҷумлаҳоро баён  мекардан. Садояш бо гуфтаҳояш муносиб ва бо оҳанги зебо баён мекарданд.

 

Сират ва ахлоқи он ҳазрат

Паёмбари Аъзам  худ фармуданд: вақто, ки Худованд ақлро офарид гуфт: махлуқе наофаридам, ки назди ман маҳбубтар аз ту бошад. Он вақт наваду нуҳ ҷузъи  онро ба ман (Муҳаммад) дод ва як ҷузъи дигарро байни дигар бандагонаш тақсим кард.

Худованди мутаъол он ҳазратро  бо беҳтарин сифатҳо ном бурдааст ва уро дорандаи ахлоқи азим муарифи мекунад. Онҷо, ки мефармояд:

انک لعلی خلق عظیم

Имом Содиқ(а) мефармуданд: ҷаддам Паёмбари Акрамро Худованд бо ахлоқи неку ва ҳасан қарор дод, шумо уматаш ҳам ба худ нигоҳ кунед агар  доштед шукр кунед. Дуъо кунед Худованд ба онҳо биафзояд. Сипас он ҳазрат хислаҳоеро баён намуданд, ки Паёмбар(с) доштанд; яқин, қаноат, сабр, шокир, бурдборӣ, хушхулқӣ, саховат, ғайрат, шуҷоат, ҷавонмарди ва... .

 

Мнзили(хонаи) он ҳазрат

Аз Имом Ҳусайн(а) нақл аст, ки фармуданд: аз падарам Алӣ (а) дар бораи манзил ва хонаводаи Расули Худо(с) пурсидам. Падарам  фармуданд: хона рафтанаш дар ихтиёри худаш буд, аммо вақте мерафт вақташро се тақсим  мекард; як қисматаш барои ибодаткардани Худованд, як қисматаш барои хонавода ва як қисматаш барои худашон. Вақте, ки барои худашон доштанд бо мардум ва барои анҷоми корҳои дигарон машғул мешуданд.

Паёмбари Аъзам(с) ҳар шахсу шахсиятеро бо дараҷаи фазлу камолоташ икром ва эҳтиром менамуданд.

 

Дар берун аз манзил

Расули Акрам(с) ҳатто пеш аз шуруъи иблоғи ваҳйи Илоҳӣ, байни мардум ҳамчун Амин, Содиқ, Шуҷоъ, Хушхулқу хушном шинохта шуда буданд.

Дар он рӯзҳои пурхатар ва сахтиҳои аввали беъсат бо ҳамон сифатҳои олӣ ва Илоҳӣе, ки дошт ҳатто душманонашро ҷазб мекард ва имон меоварданд. Баъд аз расидан ба қудрат ва ҳукуматҳои бо ҳамон фазоил ва сифоти каримона бо дигарон бархурд ва ҳатто аз бузургтарин душманонаш баъд аз таслимшуданашон гузашт ва онҳоро бахшид.

Бо ҳар шахси меҳмон, дар шаъну мақоме, ки назди  қабилааш доштабошад рафтор ва бузургони қавмҳоро эҳтироми шоиста мекарданд.

Бале, Ислом чунин Паёмбаре дорад, ки хатми Анбиёи Илоҳӣ ва соҳиби шариъати комил аст.

Ин дин барои се давраи ҳастии башар(одамон) яъне пеш ва пас аз таваллуд то зиндагӣ дар дунё ва рӯзи қиёмат сухану барнома дорад. Ҳуқуқи инсу ҷин то ҳашароту ҷомидот ва ҳар он чӣ дар зарфи ҳастӣ ҷой дорадро дар қомусу қонунаш ҷо додааст.

Ҳамоно ин дини ҳаниф баъд аз садҳо аср бори дигар қалби инсонҳоро зинда ва ба сӯйи ҳақиқат  бо шитоби бештар раҳнамуд гардидааст ва маънои ин сухан барои ҳаммаи башари дар ҳоли рушан шудан аст, ки  ...... ҳар кас дар ин киштии Ислом савор нашавад ҳақиқатан гумроҳ ва дар гирдоби фисқу фасод гирифтор хоҳад гашт ва саъодати дунё ва охиратро нахоҳад ёфт.

اللهم ایاک نعبد و ایاک نستعین  اهدنا صراط المستقیم   و صلی علی محمد و آله و اصحا به المنتجبین

Поянда ва сарфароз бошед.

Сайидбурҳон Акбар

Тоҷикон



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст