Сураи Фотиҳа дар Макка нозил шудааст ва 7 оя дорад.

Ба номи Худое кунам ибтидо,

Ки раҳмат кунад, ҷумла мавҷудро.

Бувад соҳиби раҳмати хос низ,

Басе омилонро намояд азиз. (1)

Тамоми ситоиш сазовори ӯ.

Ки тарбияти олам аст, кори ӯ. (2)

Мураббӣ, ки аз раҳмати ӯ мудом,

Ҳама баҳра доранд, аз хоссу ом.

Бувад соҳиби раҳмати хос низ,

Басе омилонро намояд азиз. (3)

Ба рӯзи дигар, чунки рӯзи ҷазост,

Фақат ӯ дар он рӯз фармонравост. (4)

Аз ин рӯ туро мепарастему бас.

Биҷӯем ёрӣ фақат аз ту пас. (5)

Ҳидоят намо бандагон, эй Раҳим!

Ба роҳе, ки бошем дар он мустақим. (6)

Ба роҳи касоне , ки неъмат ато,

Бикардӣ ба лутфи худ, эй Кибриё!

Бар ин роҳ монданд, нагаштанд ақаб,

Накардӣ бар онҳо ту хашму ғазаб.

Накарданд парвандаи худ сиёҳ,

Ки то гум насозанд як лаҳза роҳ. (7)

С. М.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст