بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَدْخِلْنِي بِرَحْمَتِكَ فِي عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ
Раббӣ авзиънӣ ан ашкура неъматакал латӣ анъамта алайя ва ало волидайя ва ан аъмала солиҳан тарзоҳу ва адхилнӣ бираҳматика фӣ ибодикас солиҳин. (Намл, 19)
Парвардигоро! Ба ман илҳом кун (ва тавфиқ деҳ) то неъмате, ки ба ман ва падару модарам бахшидаӣ шукр кунам ва амали солеҳе, ки онро меписандӣ анҷом диҳам ва дар сояи раҳмати худ маро дар зумраи бандагони шоистаат ворид кун.
Сулаймон бихандид бар ҳарфи мур
Пас онгоҳ бигуфто ба Раббӣ ғафур
Ману волидайни маро аз карам
Басе луфтҳо кардаӣ дам ба дам
Кунун пас ту тавфиқ медеҳ маро
Ки шукрат ба ҷо оварам эй Худо
Маро соз омил бар он рост кор
Ки онро писандӣ ту эй Кирдигор
Ҳам аз раҳмати худ чу солеҳ ибод
Маро низ месоз некӯву род
Паёмҳо
- Дуо махсуси ҳолати ночорӣ нест. Анбиё(а) дар авҷи азамат ва қудрат дуо мекарданд. رَبِّ
- Тавфиқи шукргузориро аз Худованд бихоҳем. رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ
2.3. Инсон дар баробари неъматҳое, ки ба ӯ расида бояд шукр кунад ва дар баробари масъулияти оянда бояд ба фикри амали солеҳ ва ҷалби ризояти Худо ва пайвастан ба некон бошад. أَشْكُرَ أَعْمَلَ صالِحاً...
- Шукри Худо танҳо бо забон нест, балки амали солеҳ ва истифодаи дуруст аз неъматҳо низ шукр аст. أَشْكُرَ... أَعْمَلَ صالِحاً
- Дуо ва талоши ҳокимон бояд барои кори хуб бошад. أَعْمَلَ صالِحاً
- Кор ба шарте нек аст, ки Худописанд бошад. صالِحاً تَرْضاهُ
- Олитарин мақсад дар ҳукумати солеҳон ризои Худо аст. تَرْضاهُ
- Бархурдорӣ аз имконот ва қудрати имрӯзи худро нишонаи расидан ба раҳмати илоҳӣ надонед ва барои рушд ва таолии худ дуо кунед. وَ أَدْخِلْنِي
- Имконоти инсон натиҷаи кори ӯ нест, балки аз раҳмати илоҳӣ сарчашма мегирад. بِرَحْمَتِكَ
- Ҳар кас, ҳатто Паёмбарон(а) дар ҳар шароите бояд ба раҳмати Худо мутавассил шавад. بِرَحْمَتِكَ