Масъалаи муҳимми имрӯзии инсонҳо, на қабули дин ва Ислом, балки фаҳмиши саҳеҳи он аст!
Бар ҳамин асос аст, ки агар соатҳо ва ҳатто солҳо рӯи масъалаи шинохти саҳеҳи дин ва Ислом кор шавад арзиш дорад ва аз аҳамияташ кам намегардад. Ба унвони мисол, баъд аз чаҳордаҳ аср аз асри рисолат ва ҳукумати набавӣ(с), ҳануз касоне ҳастанд, ки Ӯро на муассиси низоми сиёсӣ ва ҳукуматӣ, балки ҳатто дорои он шаъният намедонанд. Дар як калом секулориза намудани дини Исломро ҳадафи худ қарор додаанд ва дар даруни хонаводаи Ислом ҳам гуруҳе онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар идома навиштореро пешкаш хоҳем намуд, ки метавонад дар роҳи шинохти динамон то ҳудуде моро роҳнамоӣ ва равшангарӣ дошта бошад.
Албатта бо таваҷҷуҳ додани хонандагон ба ин масъала, ки муҳтаво ва манзури навиштор ба худи нависанда тааллуқ дорад, онро пешкаши шумо хонандагон мегардонем.
Мақолави зер навиштаи Мусои Иброҳим ва нашр шуда дар сомонаи nahzat.tj мебошад, ки бо унвони
Фиръавн символи диктаторҳои таърих омадааст.
Вижагии низомҳои худкома ва диктотурӣ
Якум. Низоми табақотӣ
Дуюм. Худбузургбинӣ:
Сеюм. Инҳисори имконоти иқтисодӣ ва сармояҳои миллӣ дар дасти як гурӯҳ
Чорум. Тарсондани мардум ва зиёд кардани лашкар
Панҷум. Қасрсозӣ барои намоиши қудрат
Шашум. Рафтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Охирсухан
Дар Қуръони Карим 72 бор номи Фиръавн ва 131 бор номи Мусо (а) зикр шудааст. Номи ягон паёмбар ва кофире ба ин андоза дар Қуръон зикр нашудааст.
Чаро достони Мусо ва Фиръавн бо ин шарҳу тафсил дар Қуръон зикр шудааст? Оё Фиръавн як ном аст ё як символ? Оё шахс аст ё нишонаи як ниҳод? Қуръон Фиръавнро ба унвони як шахс мавриди баррасӣ қарор додаст ё ба унвони самбули(символи) як низом? Билохира ҳадаф аз баёни ин достон чист?
Достони Мусо (а) ва Фиръавн дар Қуръон ягона достоне аст, ки зиёд ва муфассал омадааст. Агар ба ин достон каме амиқтар нигоҳ кунем, мебинем, ки ҳадафи Қуръон аз баёни ин достон асосан баёни муборизаи ҳақу ботил аст. Дар ин достон Фиръавн намояндаи тамоми диктаторҳои таърих аст ва Мусо (а) намунаи ҳамаи паёмоварони адолат ва озодӣ.
Паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) ҳам фармудааст: «Ҳар даврае Фиръавне дорад ва дар баробараш Мусое ҳаст. Фиръавни уммати ман Абуҷаҳл аст».
Агар достони Фиръавнро дар Қуръон бо диққат бихонем ва дар бораи он фикр кунем, мебинем, ки ҳадафи достон муаррифии ҳокимони худкома ва низомҳои истибдодӣ аст.
Вижагии низомҳои худкома ва диктотурӣ
Худованд вижагии низомҳои истибдодӣ ва диктаторҳои худкомаро ба гунае баён кардааст, ки дар ҳар давру замоне ин вижагиҳо мазмум ва номақбул аст. Чеҳраи низоми фиръавнӣ ва ҳокими худкома дар ин достон чунин тарсим шудааст.
Якум. Низоми табақотӣ:
Дар ин низом мардум ба дастаҳои гуногун ва бо ҳуқӯқу имтиёзоти мухталиф тақсим шудаанд. Дар ҳоле,ки Худованд ҳамаи онҳоро яксон офаридааст ва ҳамаашонро ҳуқӯқи баробар додаст. Ин низом мардумро чунин табақабандӣ кардааст.
- Ашрофзодагон ва сарватмандони қавми Фиръавн, ки Қуръон онҳоро дарбориён ҳам гӯфтааст.
- Кормандони ҳукумат ва мушовирони Фиръавн, ки Ҳомон намунаи онҳо дар ин достон аст.
- Сарбозон ва неруҳои қудратӣ. Қуръон онҳоро ба унвони лашкариён ёд кардааст.
- Соҳирон ё ҷодугарон, ки ба унвони пешвоёни динӣ шинохта мешуданд ва вазифаашон тарсондану ба итоати низоми Фиръавн водоштани мардум буд.
- мустазъафон, ки аксарияти ҷомеаро ташкил медоданд ва аз ҳамаи ҳуқӯқу мазоё маҳрум буданд. Гурӯҳе, ки ба корҳои сахт водор мешуданд ва натиҷаи талоши онҳо рифоҳу сарватмандӣ ва хушгузаронии Фиръавну дарбориёнаш буд.
Дуюм. Худбузургбинӣ:
Раҳбарони ин низом худро аз лиҳози насаб (маҳал) ва ҳайсияти иҷтимоӣ аз ҳама бартар мепиндоранд ва худро молики ҳамаи сарватҳои кишвар мешуморанд, ҳар гуна истифода аз сармояи миллиро барои худ ҷоиз медонанд ва худро аз ҳар қонуну муқаррароте болотар медонанд.
Қуръон мефармояд: «Фиръавн дар замин бартарӣ ҷуст ва мардумашро ба дастаҳо тақсим кард. Гурӯҳеро ба ғуломӣ мегирифт, писаронашонро ба қатл мерасонд ва духтаронашонро зинда мегузошт. Бидуни шак, ӯ аз ҷумлаи табаҳкорон аст». (Сураи қасас, ояи 4)
Ин оят аз як тараф амалҳои табъизомези Фиръавн ва ноадолативу зулми ӯро баён мекунад ва аз тарафи дигар дар ҳолати заъфу нотавонӣ қарор додани мардумро аз вижагиҳои аслии чунин ҳукуматҳо меҳисобад. Агар дар он замон писаронро мекуштанд ва дар ин замон онҳоро ба муҳоҷирати корӣ мефиристанд.
Бархе муфассирон куштори писаронро ба он хобе тафсир кардаанд, ки Фиръавн дида буд ва ба хотири он ҳамаи навзодони писарро дар қавми Бани Исроил аз дами теғ гузаронд. Яъне диктаторҳо барои ҳифзи қудрати худ ба чунин амалҳо даст мезананд ва ҳатто аз куштор ва нобудии мардуми худ ҳам парво надоранд. Ҳамчуноне, ки дар Либия ва Сурия мо шоҳиди чунин амал аз суи Фиръавнҳои ин замон ҳам ҳастем. Дар ҳоле, ки истеъфои Башшор Асад метавонад ҷони аксарияти мардуми Сурияро ҳифз кунад. Ҳамонгунае, ки Ҳомон ба Фиръавн машварат дод, ки бо куштор ва саркубу тарсондани мардум пеши роҳи эътироз кардан ва исёни мардумро бигирад, имрӯз ҳам чунин машваратҳо ба ҳокимон аз суи мушовирон ба гунаҳои мухталиф мушоҳида мешавад.
Дар ҷои дигар Қуръон Фиръавнро чунин васф мекунад: «Фиръавн дар миёни қавми худ гӯфт, ки эй бани Исроил! Оё ҳукумат ва кишвари Миср ва ин рудҳои равон аз они ман нестанд? Магар (заъфи Мусо) ва шукӯҳи маро намебинед»?
Фиръавн худро соҳиби тамоми дороиҳо ва сарватҳои Миср медонист. Қуръон ҳам ҳар касеро, ки худро соҳиби сармояҳои миллии кишвари худ бидонад, Фиръавн мехонад. Касе, ки сарватҳои миллии кишварро дар ихтиёри гурӯҳҳои хос қарор медиҳад, шомили ин таъбир мешавад. Коре, ки имрӯз дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ба як амри табии табдил шудааст.
Сеюм. Инҳисори имконоти иқтисодӣ ва сармояҳои миллӣ дар дасти як гурӯҳ
Фиръавн дар воқеъ мардуми худро дар ҳоле нигоҳ медошт, ки тавони ҳеҷ эътирозеро надошта бошанд. Сармояи кишварашро танҳо ӯ ва атрофиёнаш истифода мекарданд. Мардуми оддӣ аз ҳар амали муфид ва даромадноке маҳрум буданд.
Нуктаи ҷолиби дигари достон онҷое аст, ки вақте Мусо (а) аз Фиръавн мехоҳад мардумро ба ҳоли худашон бигзоранду аз асорату бандагиаш раҳо созад, Фиръавн ба Мусо хитоб карда мегӯяд магар ту дастпарвардаи мо нестӣ?
Дар сураи Шуъаро ояти 22: «Мусо (а) дақиқан ба Фиръавн хитоб намуда мегӯяд ту ба ман миннат мегузорӣ, чун қавми бани Исроилро бардаи худат кардаӣ. Ба ман мегӯӣ шукр кунам, ки дастпарвардаи ту ҳастам, вале мардумро бардаи худ мекунӣ. Ба ман пешниҳод мекунӣ, ки ҳарчӣ мехоҳам дошта бошаму эътирозе накунам. Ман чунин чизеро намепазирам ва рисолати ман озодии қавми бани Исроил аст.»
Чорум. Тарсондани мардум ва зиёд кардани лашкар
Фиръавн бо ҳар роҳи мумкин мардумро метарсонд ва онҳоро бо зур мутеъ ва фармонбардори худ карда буд. Аксарияти дороии худро барои бештар кардан ва омода намудани лашкараш истифода мекард. Дар замони Фиръавн вазъият ба гунае буд, ки лашкар на барои ҳимоят аз кишвар, балки барои ҳимоят ва ҳифзи низом аз исёну эътироз ба кор мерафт. Ба ҳамин хотир, лашкариёни Фиръавн ҳамеша хеле зиёд буданд ва аз салоҳиятҳои бисёр зиёде бархурдор буданд. Ҳамон гунае, ки дар Мисри замони Муборак ҳам теъдоди милитсия ва неруҳои амниятӣ аз артиши ин кишвар бештар буд. Албатта, милитсияҳои дорои салоҳиятҳои зиёд дар аксари кишварҳои диктаторӣ вуҷуд дорад ва ин амр ҳам мероси фиръавнии онҳост.
Панҷум. Қасрсозӣ барои намоиши қудрат
Пирамидаҳои Миср то имрӯз ҳам мавриди таваҷҷӯҳи мардуми ҷаҳон ҳастанд. Имрӯз ҳам ҳар касе ба онҷо меравад ва онҳоро аз наздик мебинад, ба фикри он меафтад, ки онро чигуна сохтаанд. Вақте ба ин масъала андеша мекунед, беихтиёр қудрати Фиръавн ба зеҳнатон меояд. Сохтани имороту иншоотҳои баланд имрӯз ҳам барои намоиши қудрат аст. Дар ҷое бурҷи баландтарин месозанду дар ҷои дигар расадхонаву байрақу дигар баландаринҳоро. Агар чунин сохтанҳо мутобиқ ва мувофиқ бо шароити мардуми ин кишварҳо бошад, онқадар аламовар нест. Аммо вақте мушоҳида мешавад, ки мардум бадтарин шароитро доранду раҳбарон дар фикри сохтани баландтаринҳову дарозтаринҳоянд, беихтиёр ба зеҳнаш меояд, ки хуи фиръавнӣ дар вуҷуди онҳо авҷ гирифтааст.
Дар сураи қасас ояти 38-40: «Фиръавн ба Ҳомон дастури аз хишти пухта бино кардани қасреро медиҳад, ки битавонад аз болои он Худои Мусоро бибинад, вале таъкид мекунад, ки ман медонам, ки Мусо дуруғ мегӯяд.»
Худованд дар ҳамин оятҳо таъкид мекунад, ки Фиръавн ва сипоҳиёнаш дар Миср такаббур варзиданду гумон карданд, ки ба сӯи мо боз намегарданд. Аммо мо онҳоро ба самти дарё бурдем ва ғарқашон сохтем. Ин поёни кори ситамкорон аст. Қуръон дар чеҳраи Фиръавн ҳамаи диктаторонро ба чунин поёни коре таҳдид кардааст. Барои исботи ин гуфтаи Қуръон шавоҳиди таърихии фаровоне вуҷуд дорад. Барои мисол Гитлер, Мосулинӣ, Саддом, Қаззофӣ, Муборак ва дигароне, ки фиръавнмаобӣ карданду Худованд поёни корашонро ҳам шабеҳи Фиръавн гардонд.
Шашум. Рафтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ
- Дастабандии мардум ба худӣ ва ғайрихудӣ. Дар сураи Қасас ояти 4 мехонем, ки «Фиръавн мардуми Мисрро дастабандӣ намуд ва ба гурӯҳҳо тақсим кард».
Диктаторҳои муосир мардуми кишварҳои худро ба дастаҳои «шиаву суннӣ, курду турку арабу форсу ғайра ва ҳатто онҳоро ба қавмҳо ва маҳалҳо тақсим мекунанд.
- Куштан ва мунзавӣ кардани родмардони мубориз. Дар идомаи ҳамин оят мебинем, ки Худованд мефармояд «Фиръавн фарзандони ғаюри мухолифонашро мекушт».
Террор кардан, эъдом кардан, табъид ва зиндонкардани мухолифон равиши муштараки ҳамаи диктаторҳо аз гузашта то ҳол аст.
- Ба бардагӣ гирифтани занон ва заифон. Фиръавн занон ва заифони мухолифонашро барои баҳракашӣ ва фишор овардан бар мухолифонаш зинда мегузошт.
Равише, ки ҳоло ҳам вуҷуд дорад ва аз суи низомҳои диктаторӣ фаровон истифода мешавад. Аз занон ва фарзандон ба унвони василаи гирифтани эътироф ва ворид кардани фишор ва ҳатто таҳмили баъзе масоил бар мухолифон истифода мекунанд.
- Ситамгарӣ ва зулм. Ба хотири ҳифзи қудрат ва ҷамъоварии сарват диктаторҳо мардуми худро аз имконот ва фурсатҳо маҳрум мекунанд. Онҳо имконот ва сарвати миллии як кишварро дар ихтиёри ақвому наздикони худ қарор дода, аксарияти мардуми худро аз он маҳрум мекунанд. Бо камтарин эътироз бархурди шадид карда, садои мухолифро шунидан намехоҳанд. Дар аксарияти чунин низомҳо аксарияти мардум дар фақру нодорӣ басар мебаранд ва гурӯҳи ҳоким дар неъмату сарват ғарқ мешаванд, ки ин худ зулму ситами ошкор аст.
Оятҳои 128-130 сураи Шуаро тамоми ин шабоҳатҳоро ба таври равшан чунин баён мекунад: «Оё шумо болои ҳар баландӣ ва теппае кохҳои сар ба фалак кашида месозед ва ба хушгузаронӣ мепардозед, қасрҳое месозед, ки гуё ҷовидона мемонед. Ва ҳангоме ки муҷозот мекунед аз ҳад мегузаронед, дар баробари камтарин ҷурм сахттарин муҷозотро раво мебинед ва ҳамчун саркашону ситамгорон кайфар медиҳед ва адолату тараҳҳуме надоред.»
Охирсухан
Бинобар ин, мебинем, ки дин на танҳо мухолифи низомҳои диктаторӣ ва авторитарӣ аст, балки аз замонҳои гузашта то ҳол бо он мубориза бурдааст. Асли дин ба хотири озодии мардум омадааст. Ҳукумати мавриди назари дин ва махсусан Ислом ҳам наметавонад диктаторӣ ва авторитарӣ бошад ва ягон гурӯҳи маъсум дар Ислом вуҷуд надорад, ки бар дигарон бартарӣ дошта бошад ва бар ҳамагон ҳукумат намояд. Бо ин ҳисоб ҳукумати мавриди назари Ислом ҳам мубтанӣ бар арзишҳои озодӣ, мардуммеҳварӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ аст.
Пас, ҳар ҷомеае, ки дар он ин арзишҳо ҳоким бошад он ҷомеаи исломӣ аст, агарчи номаш дигар бошад. Рисолати дин номгузории кишвар ё ҷомеа нест, балки саодати инсон ва ҳифзи каромати ӯст. Рисолати дин ҳоким кардани арзишҳо дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоии инсонҳост.
nahzat.tj