Азалият ва абадият
Амири муъминин(а) бар азлийят ва абадийяти Худо аз ҳудус ва финои ашё истидлол меоваранд, агар ашё ҳодисанд ва вуҷудашон нест пас бояд вуҷудро аз мавҷуде дарёфт карда бошад, ки синхи вуҷудаш ҳудусе набошад ва агар интавр набуд суол мешавад, ки чаро он ҳодис мавҷуд шуд ва ин пурсиш посухи муносиб намеёбад, магар он ки ба мавҷуде такя кунад, ки вуҷудаш аз они худаш бошад. Ҳамон гуна, ки финои ашё гувоҳанд, бар ин ки вуҷудашон тифле аст ва дар вуҷуд вомдори дигареанд, бар ин асос он вуҷуд, бояд дар вуҷудаш мустақил бошад ва вомдори дигаре набошад, пас чунин вуҷуде нобуд шуданӣ нест ва вуҷудаш ибтидое надорад
« مستشهد بحدوث الاشياء على ازليته...و بما اضطرها اليه من الفناء على دوامه »
Ба ҳудуси ашё бар азалийяти истишҳод мешавад ... ва ба финое, ки ашёро ба он билзарура муҳтоҷ карда аст бар давомаш.
« و (الدال) بمحدث خلقه على ازليته »
Ҳол, ки ӯ азалӣ ва абадӣ аст азалийят ва абадийяти ӯ замонӣ нест, то дар арзи ӯ мавҷуде бошад, ба ин далел азалийят ва абадийят дар мавриди Худо мунсалах аз замон аст:
« كان بلا كيف يكون، كائن لم يزل بلالم يزل و بلا كيف يكون، كان لم يزل ليس له قبل ، هو قبل القبل»
« ليس لاوليته ابتداء و لالازليته انقضاء، هو الاول و لم يزل، و الباقى بلا اجل
Барои авалияти ӯ ибтидое нест ва барои азалияти ӯ поёне нест, Ӯ аввал аст ва ҳамеша ва бидуни муддат боқӣ аст.
« انت الابد فلا امد لك و انت المنتهى فلا محيص عنك »
Ту абад ҳастӣ, пас муддате барои ӯ нест, Ту мунтаҳое ҳастӣ, ки аз Ту гурезе нест .
« ان قيل كان فعلى تاويل ازلية الوجود و ان قيل لم يزل فعلى تاويل نفى العدم»
« الذي لم يزل قائما دائما اذ لا سماء ذات ابراج و لا حجب ذات ارتتاج و لا ليل داج و لا بحر ساج..»
Қадим буданӣ Худо
Ҳамон тавре, ки зикр гашт Алӣ(а) ҳудуси ашёро далел бар азалияти Худо қарор дод, аз инру ҳудуси ашё далел бар қадим будани Худо ҳам ҳаст чаро, ки лозимаи азалӣ будан қадим будан аст, аз инру Амири муминин(а) бар қадим буданӣ Худо аз ҳудуси ашё истишҳод меоварад:
« و (مستشهد) بفطورها [الاشياء ] على قدمته...و بما اضطرها اليه من الفناء على دوامه»
Ба мафтур ва махлуқ будани ашё бар қадим будани Худо... ва ба фаное, ки ашёро ба он музтар карда бар доимӣ буданаш истишҳод шуда аст.
«[كفى] بحدوث الفطر عليها قدمة »
Ваҳдати Худо
Худованд комил аст, яъне ҳар камоли мафрузеро бидуни ҳечгуна шоибаи нақсе дорост, бинобар ин вуҷуди ду фард аз комили мутлақ имкон пазир нест, зеро агар комили мутлақ ду фард ё бештар дошта бошад бояд ҳар як дорои баҳраи вижае аз вуҷуд дошта бошад, ки дигаре надорад, бинобар ин ҳар як бояд нисбат ба он вижагӣ ноқис бошад дар ҳоле, ки мафруз он аст, ки ӯ комил аст ва ҳечгуна нақс ва айбе надорад, натиҷа қаҳрии ин истидлол он аст, ки Худо воҳид аст ва шарике надорад:
« اشهد ان لا اله الا وحده لا شريك له»
Ваҳдати Худованд ададӣ нест зеро ваҳдати ададӣ дар ҷое фарз мешавад, ки фарди дигаре аз синхи маъдуд ҳам арази ӯ қобилӣ фарз бошад, ки бо фарзи таксир битавонем ҳар як аз онҳоро бо шуморае муқаяд кунем, вале дар арзи вуҷуди Худо ҳеч мавҷуде наметавонад арзи андом кунад чаро, ки дар ин сурат ҳар як аз онҳо дорои камол хоҳанд буд, ки дигаре надорад ва дар натиҷа Худо ҳам фоқиди баъзе аз камолҳо хоҳад буд, ки бо комили мутлақ будани ӯ носозгор аст, бинобарин мумкин нест ваҳдати Худо ваҳдати адади бошад:
واحد لا من عدد
Якка аст на аз (синхи) адад; Амири муъминин(а) дар посух ба суоли шахсе, ки аз ваҳдати Худованд пурсида буд фармуд: Эй аъробӣ, ин ки Худо воҳид аст бар чаҳор қисм аст:
Ду ваҷҳи он бар Худои азза ва ҷал раво нест ва ду ваҷҳи дигар дар Худо собит аст, аммо он ду ваҷҳе, ки бар Худо раво нест, гуфтаи гуянда аст "воҳид" ки ба он боби аъдодро дар назар мегирад, пас ин чизе аст, ки ҷойиз нест зеро чизе, ки дуввумӣ барояш нест, ки гуфт севуми сегона! солис салоса ва гуфтаи гуяндаро, ки ӯ воҳиде аст, ки ба он навъе аз ҷинсеро қасд карда аст, пас ин бар Худо ҷойиз нест. Зеро ин ташбеҳ аст ва парвардигори мо бартар аз он аст.
Аммо он ду, ки дар Худо собитанд гуфтаи гуянда аст: "Худои азза ва ҷал воҳид аст", дар миёни ашё мисле надорад, инчунин аст парвардигори мо ва гуфтаи гуяндаи Худои азза ва ҷал иҳдалмаъно аст, ки ба он қасд кард, ки Худо на дар вуҷуд ва на дар ақл ва на дар ваҳм тақсим намешавад ва чунин аст парвардигори мо азза ва ҷал
«کل مسمی بالواحدة غیره قلیل»
«الاحد بلا تأویل عدد»
Азамат ва бузургӣ Худованд
Худованд аз онрӯ, ки комили мутлақ аст ва ҳеҷгуна маҳдудияте надорад, аз ҳар мавҷуде бузургтар аст ва агар ин набошад лозим меояд, ки комили мутлақ набошад.
Бинобар ин, на танҳо бузургтар аз Худо номумкин аст, балки мавҷуде ба бузургӣ Ӯ мумкин нест:
«سبق فی العلو فلا شیئ أعلی منه»
Дар бузургӣ сибқат гирифт пас чизе бартар аз Ӯ нест.
«لا تحویه الاماکن لعظمته»
Ба сабаби бузургии Ӯ, маконҳо Ӯро дар бар нагирифтааст. На танҳо аз ҳар бузурге бузургтар аст, балки бузургтар аз Ӯ фаоз намешавад. Аз инрӯ ҳақиқати Ӯ дастёфтанӣ нест. Зеро агар касе ҳақиқати Ӯро дарёбад, дар ин сурат Ӯ маҳдуд хоҳад буд дар ҳоле, ки Ӯ номаҳдуд аст:
« وفات لعلوه على اعلى الاشياء مواقع رجم [وهم ] المتوهمين و ارتفع عن ان تحوي كنه عظمته فهامة رويات المتفكرين»
.
Маъийяти Худованд
Комили мутлақ аст, аз инру инсбат ба ҳар мавҷуде фоилийят дорад. Бинобар ин аз ҳамаи мавҷудот ҷудост. Аммо ҷудоии Худо аз махлуқоташ ба ин маъно нест, ки бо ашё беиртибот аст, зеро мавҷуди бартар мавҷудест, ки дар ҳар зарфе аз зуруфи вуҷудӣ ҳузур дорад ва мавҷуде, ки дар зарфе мавҷуд аст ва дар зарфи дигаре вуҷуд надорад маҳдуд аст ва аз ҳадди вуҷудӣ ранҷ мебарад. Вале Худое, ки номаҳдуд аст, дар ҳамаи аволими вуҷуд ҳузур дорад ва ҳузури Худо дар ҳамаи аволими вуҷуд, ҳузури қайюмӣ аст, чаро ки ҳар мавҷуде дар ҳар оламе дар вуҷудаш вобаста ба вуҷуди Худост. Вуҷуди Худо дар он зарф ӯро кифоят мекунад, пас аз ҳамаи мавҷудот ҷудост. Дар айни ҳол бо ҳамаи мавҷудот ҳаст ва аз онҳо ҷудо нест. Зеро ҷудоӣ аз ашё худ нақсе аст, ки аз соҳати қудси Худо дур аст.
« فارق الاشياء لا على اختلاف الاماكن و تمكن منها لا على الممازجة »
Аз ашё ҷудост, на (ба маънои) ихтилофи маконҳо ва бо онҳост на ба шакли мамзуҷшудан бо онҳо.
«لم يحلل فى الاشياء فيقال هو فيها كائن و لم ينا عنها فيقال هو عنها بائن و لم يخل منها فيقال له اين و لم يقرب منه بالالتزاق و لم يبعد عنها بالافتراق بل هو فى الاشيا بلا كيفية و اقرب من حبل الوريد...فمن زعم ان اله الخلق محدود فقد جهل الخالق المعبود»
Дар ашё ҳулул накард, то гуянд Ӯ дар ашё вуҷуд дорад, ва аз онҳо дур нест то гуянд Ӯ аз ашё ҷудост, бо часпидан ба ашё наздик нашуд ва бо ҷудойӣ аз онҳо дур нагашт. Балки бидуни кайфият дар ашёст ва Ӯ наздиктар аз раги гардан аст ... пас касе, ки гумон кунад илоҳи махлуқот маҳдуд аст, ҳар оина холиқи маъбудро ҷоҳил аст.
« مع كل شىء لا بمقارنة و غير كل شىء لا بمزايلة »
Бо ҳар шайъе ҳаст, на ба шакли муқорин ва муғойир бо ҳар шайъест, на бо ҷудойӣ.
« سبق فى العلو فلا شىء اعلى منه و قرب فى الدنو فلا شىء اقرب منه فلا استعلاؤه باعدة باعده عن شىء من خلقه و لا قربه ساواهم فى المكان به»
Дар бузургӣ сибқат гирифт пас чизе бартар аз Ӯ нест, ва дар наздикӣ (чунон) наздик шуд, пас чизе наздиктар аз Ӯ нест, пас на бартарӣ Ӯ вайро аз халқ дур дошт ва на наздикӣ Ӯ дар макон Ӯро бо халқаш яке кард.
« قريب من الاشياء غير ملابسی بعيد منها غير مباين »
Наздик ба ашёст бидуни омехтагӣ, дур аз ашёст бидуни ҷудойӣ.
« ليس فى الاشياء بوالج و لا عنها بخارج ».
Дар ашё фуру нарафт ва аз онҳо хориҷ нагашт.
« بان من الاشياء بالقهر و القدرة و بانت الاشياء منه بالخضوع له و الرجوع اليه »
Аз ашё ба воситаи қоҳирийят ва қудрат ҷудо шуд ва ашё аз Ӯ бо хузуъ дар баробари Ӯ ва бозгашт ба Ӯ аз вай ҷудо шуданд.