Расули Худо (с) фармуданд: Парвардигори шумо фармуд: Ба иззат ва ҷалолам қасам, ҳатман аз золим дар дунё ва охират интиқом хоҳам гинифт ва ҳатман аз касоне, ки мазлумеро мебинанд, ки ба ӯ зулм мешавад ва тавоноии ёрияшро доранд, аммо кумакаш намекунад низ интиқом хоҳам гирифт.[1]
Адли илоҳӣ ҳамвора оромбахши дили мазлумонест, ки аз гирифтани ҳаққи худ аз золимон нотавонанд. Ин сифат аз он сифоти Худои мутаол аст, ки дар миёни диндорон зиёд мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифтааст, то онҷое, ки бархе аз мазоҳиби исломӣ онро аз усули дин қарор додаанд.
Маънои адл
Адл ба маънои қарордодани ҳар чиз дар ҷои худ ва додани ҳақ ба соҳиби он аст ва зулм, ки дар муқобили адл қарор дорад иборат аст аз қарор надодани ҳар чиз дар ҷояш ва гирифтани ҳақ аз соҳиби он. Чунонки мавлавӣ гуфтааст:
Адл чӣ бувад вазъ андар мавзеаш
Зулм чӣ бувад вазъ дар ло мавзеаш
Адл чӣ бувад об деҳ ашҷорро
Зулм чӣ бувад об додан хорро
Вақте мегуем Худованд одил аст яъне ӯ ҳар чизеро дар онҷо, ки ҳаққи он аст қарор додааст ва ҳақро ба соҳиби он медиҳад. Агар инсоне бандагии ӯро карда ва ҳуқуқи дигаронро риоят карда бошад ба ӯ подош медиҳад ва агар касе аз бандгии ӯ саркашӣ карда ва ҳуқуқи дигар бандагони худоро муроот накарда бошад ӯро азоб мекунад. Худованд ҳаргиз пайғамбареро ба дузах намебарад ва ҳаргиз золиме, ки як умр ситам ва зулм карда ва бе онки тавба карда ва гузаштаро ҷуброн карда бошад аз дунё биравад, ба биҳиш нахоҳад бурд. Ин аст маънои қарор додани ҳар чиз дар ҷое, ки ҳаққи он аст.
Ин (ҳокимияти адл дар ҳастӣ) қонуни худост ва ҳар кас бар хилофи он амал кунад ба дасти адли илоҳӣ муҷозот ҳоҳад шуд. Дар тули таърих дида ва ё хондаем, ки ҳамвора золимон дер ё зуд ба сазои амали худ расидаанд. Бояд диққат дошта бошем, ки таърих такрор мешавад ва касонне, ки аз ҳоводиси он ибрат намегиранд ба ҳамон сарнавиште, ки гузаштагон дучор шудаанд, гирифтор хоҳанд шуд.
Адолати иҷтимоӣ ҳадафи Паёмбарон
Адолат қивоми ҷомеа аст ва агар дар ҷомеае адл ҳоким набошад табоҳ ва нобуд хоҳад шуд. Яке аз муҳимтарин аҳдофи омадани пайғамбарон ва китоҳои осмонӣ, барпо шудани адл дар ҷомеа будааст чунон, ки дар Қуръон мехонем: Мо пайғамбарони худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китоби осмонӣ ва мизон (василаи шиносоии ҳақ аз ботил ва қавонини одилона) нозил кардем, то мардум қиём ба адолат кунанд. [2]
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин ки адолат танҳо дар сурати дар ҷомеа бар по мегардад, ки бар асоси дини худо ва қонуни ӯ, ки ба воситаи паёмбарон ба инсонҳо расидааст идора шавад. Ин чизест, ки таърих ба мо нишон додааст. Дар гузари таърих ҳамеша ин гуна бада, ки ҳокимон ва сарватмандон ба раият ва зер дастони худ зулму ситам карда ва ҳаққи ононро зери по гузоштанд. Паёмбарон меомаданд ва аз ҳаққи мазлумон дифоъ карда дар муқобили золим меистоданд. Чи бисёр пайғамбароне, ки дар ин роҳ ба воситаи ҳокимон ва золимони замони худ ба шаҳодат расидаанд. Дар ҳар сурат Худои Одил дар камини золимон аст ва рӯзе аз онон интиқом хоҳад гирифт.
Дар ривояте Расули Худо (с) мефармояд: Он рузро, ки дар пешгоҳи худо нигаҳдошта хоҳед шуд, ба ёд дошта бошед зеро ӯ подшоҳи одилест ва барои ҷавоб гуфтан ба саволҳояш омода шавед.[3]
Қуръон дар мавриди гуноҳкорон ва ситамгарон фармудааст: Онҳоро (ситамкоронро дар канори дузах) нигоҳ доред, ки бояд мавриди савол ва бозпурсӣ қарор гиранд.[4]
Инсон масул аст ва баъди мурдан дар бораи рафтор ва кирдораш аз ӯ савол хоҳад шуд. Яке аз муҳимтарин масулиятҳои инсон рафтораш бо ҳуқуқи дигарон ва пойбандӣ ба адолатӣ иҷтимоист, агар дар зиндагии дунё ҳаққеро поймол карда бошад дигар ҷавобе дар он рӯз нахоҳад дошт. Бинобарин бояд дар фикри он рӯз буда ва ба ҳангоми қудрат, қудрати худо бар хешро фаромуш накунем.
Алӣ (а) мефармояд: Ҳангоме, ки ситам мекунӣ адли худоро ба ёд дошта бош ва ба ҳангоме, ки қудрат дорӣ қудрати худо бар худро фаромуш накун.[5]
[1]. Алмуъҷамул кабир, ҷ.10, с.278.
[2] . сураи ҳадид, ояти 25. ( لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ)
[3]. Аламолӣ, с. 352.
[4]. сураи соффот, 24. ( وَقِفُوهُمْ إِنَّهُم مَّسْئُولُونَ)
[5]. Ғурарулҳикам, ҳ. 2349.
Таҳия кунандa: Баҳриддини Қурбон,