Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Роҳҳои фиреби шайтон
1.Шабеҳсозӣ
2. Шубҳаандози
Шайтон мавҷудест рондашуда аз раҳмати илоҳӣ ва малъунест бисёр хатарнок, ки аз Худованд иҷозати гумроҳ кардани инсонро гирифтааст ва ҷолиб ин ки Худованд ҳам чунин иҷозатеро ба ӯ додааст, аммо дар муқобил дасту пои инсон баста нест, ки ӯ ҳар вақт хост бандагони Худоро мунҳариф кунад. Ба шайтон иҷозати инҳироф дода шуд, аммо ба инсон силоҳи мубориза бо ӯ дода шудааст. Шайтон ҳамеша дар пай иғвои инсон аст ва бисёр ҳам бо оромиш ва барномарезишуда ба дунболи гумроҳии башар аст. Ҳар касеро бо роҳу равиши муносиби худаш ба гумроҳӣ мехонад. Аҷала ҳам намекунад, солҳо сабр мекунад, то инсонро гумроҳ кунад. Аз гумроҳ кардани инсон ноумед намешавад, магар ин ки мӯъмин бо тамоми вуҷуд худро дар зери парчами ҳақ қарор диҳад. Роҳи мубоизаи рӯ ба рӯ шудан бо худи ҳақиқӣ аст, яъне содиқона бархӯрд крадн бо худ, дурӣ аз каҷӣ ва инҳирофҳои фикрӣ ва эътиқодӣ.
Дар инҷо роҳҳои нуфузи шайтонро баҳс мекунем, то бештар равшан шавад, ки ӯ аз чи роҳҳое ба инсон ворид мешавад. Бештарин роҳи иғвои инсон аз тарафи шайтон, ду равиш ва роҳ аст: 1) шабеҳсозӣ, 2) шубҳаандозӣ.
1.Шабеҳсозӣ. Аз онҷое ки инсон зотан ва фитратан ҳақхоҳ аст ва таваллудаш бар асоси фитрати иллоҳӣ аст, ботил ва куфр бо чеҳраи ҳақиқии худ наметавонад, ӯро ба сӯи худ ҷазб кунад, лизо шабеҳсозӣ мекунад, яъне ботилро ҳақ нишон медиҳад. Шайтон ва коргузоронаш бо исмҳои палид ва чеҳраҳои зишту ваҳшатнок, ба суроғи инсон намеоянд, балки бо шиъор ва барномаҳои ҷаззобу фиребанда меоянд, то ин ки зиндагӣ ва ҳаёти инсонро дар таҳти нуфузи худ бигиранд ва ӯро дар зери парчами худ қарор диҳанд.
Гоҳе инсонро аз роҳи ибодат ба куфр мекашанд ва аз роҳи некӣ барои инсон инҳироф иҷод мекунанд. Шайтон суратаке аз ҳақ месозад, то инсон фикр кунад ҳақ аст, вале дар ҳақиқат чунин нест, ҳол он ки пушти он сурутаки ҳақнамо шайтон ва ботил аст, зоҳир ибодат аст, вале рӯҳи ибодатро надорад, саҷодаҳо ҳаст, вале суҷуди ҳақиқӣ нест, бахшиш ва инфоқ вуҷуд дорад, аммо на барои Худо, балки барои худфиребӣ, масҷидҳои зебо, вале дар он Худо ибодат намешавад, ҳатто гоҳе Худо ва аҳкомаш маҳкум мешавад.
Барои инсон шиори озодӣ медиҳад, чун инсон зотан озодихоҳ аст ва озодиро дӯст дорад, аммо озодие ки шайтон ва коргузоронаш ба инсон пешниҳод мекунанд, озодӣ аз асорати худ ва истикбор нест, балки озод шудан ва ҷудо шудан аз дину имон ва аз ҳақиқати худаш аст.
Бархӯрд бо худи фиребанда, дар чунин озодие ҳарчи инсон бештар талош кунад, аз Худо дур мешавад ва ресмони бандагии Худо пора мешавад ва аз тарафи шайтон занҷирҳо бештар ва муҳкамтар мегардад. Шайтон ҳеҷ вақт бо чеҳраи воқеӣ бо инсон рӯ ба рӯ намешавад, ӯ ҳамеша ниқоби ҳақ бар чеҳра мекашад, аз ҳар ҳаққе нусхаи тақаллубияшро месозад ва ҷазобияти бештараш медиҳад, то ҷилвагарии бештар дошта бошад.
2. Шубҳаандозӣ. Шубҳа гир ва гиреҳе аст, ки дар зеҳну фикри инсон падид меояд. Шубҳа аз огоҳӣ ва маърифти ноқис ба вуҷуд меояд ва шабеҳи маърифат аст, яъне ин ки инсон фикр мекунад, ки бо огоҳӣ ва маърифат ҳаракат мекунад. Дар шубаҳаандози кори шайтон ва коргузоронаш, гирифтани имон аз инсон аст. Шубҳа имон ва боварҳои инсонро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳадафаш мутазалзил кардани боварҳои ҳақ аст. Агар инсон талош кунад ва бо шубҳа дуруст бархӯрд кунад, боиси пешрафт ва тақвияти имонаш мешавад, аммо замоне ки шубҳа посухи дуруст дода нашавад, инсонро гумроҳ мекунад.
Кори шайтон буридани ресмони умеди инсон ба Парвардигораш, ва эҷоди тарсу ваҳшат дар зиндагӣ аст. Ӯ худи фиребандаро ҳақиқати инсон нишон медиҳад ва қасам ёд крдааст, ки дар роҳ ва масри инсон меистад ва ӯро гумроҳ мекунад, вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин ҳама барномаҳои шайтон замоне аст, ки инсон аз ёди Худо ва зикир Ӯ ғофил шавад:
«وَ مَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطاناً فَهُوَ لَهُ قَرِين»
"Ва ҳар кас аз ёди [Худои] Раҳмон рӯй гардонад, шайтоне барояш мегуморем; ва ӯ барояш ҳамнишин шавад."(Зухруф, 36).
Пас натиҷа ва поёни баҳс ин шуд, ки шайтон ва роҳҳои нуфузи ӯ бештар аз ду роҳ нест: 1. Шабеҳсозӣ, суратаке аз ҳақ месозад, вале дар ҳақиқат ботил аст, монанди инсоне, ки аз дур об мебинад, барои рафъи ташнаги ба сӯи он меравад, вақте мерасад, мебинад обе вуҷуд надорад. 2. Шубҳаандозӣ, дар зеҳну фикри инсон шубҳаафканӣ мекунад. Шубҳа имони инсонро ҳадаф қарор медиҳад, агар инсон талош кунад ва бо шубҳа дуруст бархӯрд кунад, боиси пешрафт ва тақвияти имонаш мешавад, аммо замоне ки ба шубҳа посухи дуруст дода нашавад, инсонро гумроҳ мекунад.
Шабеҳсозӣ ва шубҳаандозӣ барои мӯъминон аст, кофир ва беимон, ниёзе ба онҳо надорад. Инсони ғайри мӯъмин ё худ аз лашкариёни шайтон аст ва ё фарди бетарафе, ки ҳатто шайтон ҳам ба ӯ ниёз надорад.