Сифоти Аллоҳ дар калимоти амири муъминон Алӣ(а)
Агар Аллоҳ комили мутлақ аст чизе бар Ӯ сибқат надорад, бинобар ин сибқати замонии чизе бар Ӯ мумкин нест. Хоҳ ончиз замон бошад ё замонӣ.
Аз инру замон бар Ӯ муқаддам нест, хоҳ замонро мустақил аз ашёи замонӣ дар назар бигирем ва хоҳ имтидод ва буъди ашёи замонӣ бидонем, зеро бе шак замонро наметавон мавҳуми маҳз донист, ки ба таври куллӣ орӣ аз ҳақиқат бошад.
Ва низ агар Ӯ комили мутлақ ва номаҳдуд аст зиёда ва нуқсон дар Ӯ роҳ надорад чаро, ки дар ҳар ду сурат худ бояд маҳдуд бошад, ки бо афзоиши чизе бар он зиёда ва бо костани чизе аз он ноқис гардад. Номаҳдуд на костанист ва на афзуданӣ ва низ наметавон гуфт: Худо дар куҷост ва маконеро ба Ӯ нисбат дод чаро, ки дар ин сурат аз сойири амкина холӣ хоҳад буд. Равшан аст, ки мавҷуде, ки дар ҳар маконе ҳозир бошад аз камолӣ бештаре бар хурдор аст нисбат ба мавҷуде, ки чунин нест.
« الَّذِي لَمْ يَسْبِقْهُ وَقْتٌ وَ لَمْ يَتَقَدَّمْهُ زَمَانٌ وَ لَمْ يَتَعَاوَرْهُ زِيَادَةٌ وَ لَا نُقْصَانٌ وَ لَمْ يُوصَفْ بِأَيْنٍ وَ لَا بِمَكَان»
Худое, ки вақт бар Ӯ сибқат нагирифта ва замон бар вай муқаддам нагашта ва Ӯро зиёда ва нуқсоне ориз нагашта ва на ба куҷоӣ тавсиф гардад ва на ба макон.
« ولا له مثل فيعرف به
Барои Худо масале нест, то ба он шинохта шавад.
Ду мисл дар ҷое мумкин аст, ки ҳар ду маҳдуд бошанд, зеро агар ҳар ду номаҳдуд дар назар гирифта шаванд касрат нахоҳанд дошт, зеро касрат дар ҷойе имконпазир аст, ки ҳар як аз мутакассирҳо воҷиди чизе бошад, ки дигаре фоқиди он аст ва ин дар мавҷуде, ки комили мутлақ аст ва ҳеч ҳад ва марзе надорад мумкин нест. Бинобар ин Худоро наметавон бо мислаш шинохт.
«ولایعدله شیئ»
Чизе Ӯро ҳамадл(баробар) нест.
Зеро агар Ӯ комили мутлақ аст комили мутлақ иқтизо дорад, ки Ӯро ҳамтое набошад вагарна нисбат ба ҳамтояш комил нест. Ва низ агар Ӯро ҳадде нест чизе бо Ӯ баробарӣ намекунад зеро дар ин сурат ҳар як аз онҳо маҳдуд хоҳанд буд.
«ما زال لیس کمثله شیئ»
Ҳамеша мисле барои Ӯ нест
« ولا ممازج مع ما ولا خیال وهما لیس بشبح فیری ولا بجسم فیتجزی ولا بدی غایة فیتناهی »
На бо чизе махлут аст ва на хиёле дар ваҳм, шабаҳе нест то дида шавад ва на ҷисме, то таҷзия гардад ва на дорои ғоят, то ба интиҳо бирасад зеро агар бо чизе махлут шавад дигаргун гардад ва ҳувияташро аз даст диҳад ва агар ба ваҳм ояд маҳдуд гардад. Аз инру Амиралмуъминин(а) дар ҷойи дигар мефармояд:
«لم تقع علیه الاوهام فتقدره شبحاماثلا»
Авҳом бар Ӯ науфтода, то Ӯро ба миқдори шабаҳе, ки осори он аз байн рафта бошад мутамойил карда бошад ва агар шабаҳ бошад бо чашм дида хоҳад шуд ва чун шбаҳ нест ба чашм дида намешавад ва агар ҷисм бошад тика пора шавад ва низ агар дорои ғояте бошад маҳдуд гардад ин ҳама авсоф бо комили мутлақи номаҳдуд носозгор аст.