Манбаи маънавият

қисми аввал

Қуръони Карим аз ҳангоми нузул то замони ҳозир, манбаъ ва марҷаи аслии маънавиятбахш ба ақл ва қалби мухотабинаш буда аст. Қуръон ҳам маънавияти ба маънои руҳоният ва қуддусиятро доро аст ва ҳам маънавият ба маънои маънодиҳӣ ва маънобахшӣ ба зиндагии муслиминро ва ин дар ҳоле аст, ки китоби муқаддаси масеҳиён яъне Аҳди Қадим ва Ҷадид маҷмуан шомили 73 китоб аст ва дар тули таърих дастхуши таҳаввулот ва тағйироти қобили мулоҳизае буда ва пур аз масоил ва омӯзаҳои хилофи ақл аст.

Санади Инҷил монанди муҳтавои он суст ва беэътибор аст. Масеҳиён худ дар бораи чаҳор Инҷил муътақиданд, ки ҳавориюн онҳоро солҳо пас аз ҳазрати Исо(а) нигоштаанд. Тумос Мишел, ки худ як кашиши масеҳӣ аст дар ин замина менависад: Дар солҳои нахуст, масеҳиён китоби муқаддасе ҷуз китоби Яҳуд надоштанд кам кам Пулус ва нависандагони аноҷили чаҳоргона ва Потрис ва Яҳудо ва дигарон барои навиштани наҳваи имонашон ба ончи Худо ба василаи Исо(а) муҳақақ сохтааст даст ба кор шудаанд. Эшон дар ҷои дигар эътироф мекунад, ки ҳамаи нависандагони бахшҳои Аҳди Ҷадидро намешносанд ва дар китоби хеш таҳти унвони каломи масеҳӣ ки дар он ба муаррифии оини Масеҳият ва ба навъе ба таблиғи он ҳамат гумошта аст, Қуръон ва Китоби Муқадасро аз нигоҳи муслимин ва масеҳиён ин гуна муқоиса мекунад: Ба ҳар ҳол дар назар мерасад, ки эътибори Инҷил ва аснодаш ба ваҳйи илоҳӣ аз Таврот мавҷуд заифтар аст: зеро тақсими он ба чаҳор Инҷил бо инки Инҷили аслӣ яке беш набуда аст. Инсонро нисбат ба он бештар ба шаку тардид во медорад. Калисо барои он ки доманаи ихтилофро кутоҳ кунад, аз миёнй ҳудуди ҳаштод инҷил фақат чашор китобро пазируфта аст, ки шомили Мато, Юҳанно,Мирқум ва Луқо мешавад.

7)ТАҲРИФ ДАР МАСЕҲИЯТ

Амо ҳамаи донишмандҳо қабул доранд танҳо дине, ки матни осмони дорад ,дини Ислом аст. Фарз бигирем мо баҷои Қуръон, торихй табари ё Сираи ибнй Ҳишом ва монанди онҳоро доштем, он вақт вазъияти мо низ ҳамонаоди масеҳият буд. Бо ин тафовут, ки Ибни Ҳишом аз як воқеъият гзориш медиҳад, вале нависандаи Инҷили онҳо, аз мукошифаи худаш гузориш мекунад.

8)Аз суи дигар масеҳият қоил ба Таслис буда ва барои Худой Мутаол се ақнум дар назар гирифтаанд ва Исо(а) ро таҷалли ва таҷасуми Худованд бар руи замин медонанд. Зидияти ин масъала бо ақл ба гунай аст, ки эътирофи баъзе аз донишмандҳои масеҳиятро низ банобар мухолифат бо ақл ба дунбол дошта аст, ба гунае, ки бархи аз олимонй масеҳи мегӯянд :Қазияй Таҷасум қазияе аст, ки бо ақл ва мантиқ ва ҳис ва мода ва мусталаҳоти фалсафи таноқуз дорад, вале мо тасдиқ мекунем ва имон дорем ки мумкин аст агар чи маъқул набошад.

9)Эътиқод ба гуноҳи зотм ва омуза (фадой)аз дигар эътиқодоти ботил ва хурофи масеҳиён аст (мутобиқи ин эътиқ:нажодй инсон вориси гуноҳи Одам (а)аст ва инсонҳо на ба хотири бади аъмоли худашон балки танҳо бадин ҷиҳат ки аз табори Одаманд зотан гуноҳкор би дунё меояд ва мақсуд аз гуноҳй зоти он аст, ки инсонҳо бидуни тарс аз Худо, бидуни такия бар ӯ ва бо майли шаҳвони мутавалид меишаванд)

10)Дар ҳамин робита Тумон окуйнос чунин мегӯяд:(гуноҳе, ки бо он зода шудаем бар мо се асар мегузорад нахуст рӯҳи мо ро олуда месозад, мо тамюли фитри ба гуриз аз Худованд дорем ва мекушем то худамонро ба шеваҳои хилофи ақл ва қонунй Илоҳи ирзоъ ва имтиноъ кунем.дувум мо ҳасири шайтон,зода шудаем...)

11)Ин дар ҳолй аст ки аз дидгоҳи Ислом инсон бо зоти пок ва фитрати Илоҳи мутавалид шуда аст,офариниши ӯ ба гунаи аст, ки ба шинохти Худо ва паоастиши ӯ тамойл дорад одамиён бо кумак ва роҳнамои фитратй Илоҳии худ ва низ бо иршоди анбиё(а) ва кутуби осмони қудрат меёбанд масири ҳидояти Илоҳй ро ташхис дода ва бо ғалаба намудан бор ҳавоҳой нафсони ва шайтони худро ба камол ва мақсад бирасонад.

12)Бидъатҳо ва инширофот мав0ҷуд дар оини масеҳият, ки бархе аз онҳо ишора шуда бар манобеи ривоёти Аҳлулбайт (а).

13)Таҳрифоте аст, ки тавасути шахсе ба номи Пулус дар масеҳият ростин ба вқуъ пайваста аст.(Пулс ро дувумин муъасиси оини масеҳият медонанд ӯ, ки замони аз мухолифани Хазратй Исо(а)буд ва барои озор ва азият шогирдон ва пайравон авалияи Исо(а) талош мекардаю:ногоҳ ба идаъои мукошифа, тавба кард ва ба таблиғи оини масеҳият пардохт,амо масеҳияте, ки ӯ онро таблиғ мекард,оини ибдоъи ва илтиқои буд, ки худи Пулус аз омехтани афкори гуногуни Юнони,яаҳуди,Мисри,ва...ба вҷуд оварда буд)

14)Харчанд, ки муалифи китоби (Каломи масеҳи)дар мақоми дифоъ ва танзия Пулус баромада аст, вале ончи,ки эшон мактуб доштаанд беш аз он, ки Пулус ро ҷойгоҳи рафеъ бахшад,нохоста ва ба тавре зимни ҳақиқат ва идиои моро собит карда аст: чаро, ки барои дифо аз пулус дар садади кучик шумурдани ҳавориюни ҳазрати Исо(а) баромад ва бидуни ин, ки пулис аз ҳавориюн бошад ӯро нисбат ба хавориюн бар тар бахшида аст у чунин менависад (ба ақидаи масеҳиён Пулус,бузургтарин илоҳиёт шиноси аҳд ҷадид аст. Шигифт овар аст, ки вай бо он ки дар тули зиндагии худ бо масиҳ мулоқоте накарда аст, муҳим тарпн муфасири зиндагп ва корҳоп Исо(а) шинохта шуда аст...вай донишманди буд, ки китобҳои муқадаси яаҳудро омухта ва дар шариати онон тахасус дошт:вале ҳавориюн давоздаҳ гона ва соири шогирдони Масиҳ(а) моҳигирони сода дил буданд.илова бар ин пулус дар шаҳр бузург шуда буд ва дар натиҷа:тавоной онро дошт, ки паёми ъисо ро дар сатҳй фаҳм мардуми шаҳрҳой бузург императури рӯм нақл кунад).

15)Маънавият, ки бихоҳад аз чунин манобеъи нашъат бигирад дорои инҳирофоти бисёр мешавад.ин фарқи асоси байни маънавият дар масеҳият ва Ислом аст яъне маънавият ба маънои суннати он, бо таваҷу ба арзиши манобеи масеҳият қобили қабул нест ва аҳёнан мухолифи ақл аст ва наметавонад талоби камолро ба сари манзили мақсуд бирасонад. Ба қулияке аз андишмандон:(ман намидонам маънавият чигуна метавонад аз

доираи ақл берун бошад ё хилофи ақл бошад яъне маънавияте дошта бошем, ки хилофи ақл бошад...оё маънавияте, ки зидди ақл аст ва бо ақл таноқуз дорад маънавият аст банда чунин маънавиятеро намешносам)

16)Мабоҳиси монанди тарки дунё, азалият гузини ва... ки таъобири инсони аз маънавият аст, инҳирофоте аст, ки аз ҳамин ҷо нашъат гирифта аст. албата бояд таваҷуҳ дошт, ки ин ҳама(инҳирофот ва бидатҳо)бо растагори бархе аз пайравони ин оини,модоме, ки интихоби онҳо аз ҷаҳл бошад ва дар ин амр муқасир набошад (ҷоҳили қосир бошад),мунофот надорад.ин ҳақиқат, ки идае аз пайравони оини масеҳият ҳамонанди мусалмонон хоҳони камоли ҳаётй руҳони ва қурб ба Худои Мутаъол ҳастандро метавон дар кирдор ва гуфтори бархе аз ишон мушоҳида кард.

МАЪНАВИЯТ ДАР ҒАРБ

Лозим ба зикр аст, ки имруз ончи дар дунё ғрб ба номи маънавият таблиғ мешавад ҳато аз омӯзаҳои Масеҳ низ холи аст ва метавон гуфт маънавияти имрӯзй ғарб ҳатто аз ин навъ иттисол заъиф ба Ваҳи низ маҳрум аст.

Дар ин бора устод Раҳимпури Азғадй баён доранд ки қобили таваҷуҳ

аст. Эшон мегуянд:ончиро,ки ба номи маънавият мудран дар ғарб номиданд ,аз қарнй19 ба ин тараф дар 150соли ахир буда аст. аз он ҷо, ки маънавияти масеҳи дини мудатҳо решааш дар ғарб зинда шуда аст,як маънавияти секулористи би ҷои он дуруст карданд барои ин ки корро барои башари санъати анҷом бидаҳад бедуни ин ки ба решаҳои ақлони ва лавозими ҳуқуқии он таваҷӯҳ кунанд: яъне робитаи маънавият аз як тараф бо ақлоният қатъ шуда ва аз як тараф бо адолат ва як маънавияти дурӯғин ва сохтаги дуруст шуда аст. дар воқеъ ба як санъат табдил шуда аст, санъати маънавияти текнулужи. ва вазифаи он оромиш додан ва тахдир аъсоби касоне аст, ки дигар тавҷиҳи борои зиндаги кардан надорад ва маънои борои зиндаги наме фаҳманд ва қасд дорад борои зиндаги маънои битарошад.таваҷҷуии маънавият бидуни ғарб як тавҷеҳи модихулиёй ба нафъи дунёпарасти аст ва дар воқеъ ҳукми дар сар баъд аз балъидан хун сармоя дориро дар фарҳанги мудерни ғарб дорад. Имрӯза як мактаби роиҷ дар ғарб, ки би исми маънавият секулористи аз он таъбир мешавад ва матраҳ аст мактаби руҳгарои ё ба истилоҳи маъногарои (испиричулисм)як гароише аст, ки аз тарафи решаҳои маърифати онро қатъ кардаанд аз як тараф решаҳои вуҷуди ва онтулужик онро қатъ кардаанд ва баъд барой ҷуброни ниёзи шадид фитри башар ба маънавия тушруъ карда ба сохтани маънавиятҳои сохтаги ва дурӯғин ва дар воқеъ маънавияти дуняви ва ихтироъи маънавият. Ҳамон тавре, ки арз кардам воқеан ба ин сурат аст, ки дар фарҳангт сармоя дорт секулор маънавияти суфориш медаҳад ҳамон ткуре, ки питзо сифориш медиҳи.

Ин испиричулисм ё маънавият гарои, ки дар ғарб ба вҷуд омада аст бар хилофи маънавият тавҳиди ва анбиёи як маънавияти мантаж шуда аст .як тика аз Ҳиндӯисм ва Будисм бар медоранд бо як тика аз масеҳият махлут мекунанд мабонии илҳоди қишри пузитйюистйро бармедоранд ва руи он масолеҳ ва орзу (агзистонисёлисти)кор мигзоранд як чизи сарҳам банди ва мантаж мекунанд ба тавре, ки ба онҳо оромиш бидаҳад бидуни инки аз онҳо амал бихоҳад ,бидуни ин ки қонун, ва ахлоқ ва арзиш гузори дошта бошад ва бидуни ин ки аз онҳо ақидае би чизе ро биталабад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст