Устод Ҷаводии Омулӣ:
Такя бар ақл ва дониш танҳо, инсонро аз файзу баракати ваҳй илоҳӣ маҳрум месозад ва такя бар ваҳй беабзори ақл низ сар аз таҳаҷур, ва ташбеҳ, таваққуф ва қишригарӣ дар меоварад. (Яъне агар инсон худро аз Қуръон бениёз бидонад ва ба илм ва ақлаш такя кунад дар ҳақиқат худро аз неъмати Қуръон маҳрум сохта аст ва ҳамчунин агар инсон ба ақл таваҷҷӯҳ накунанд ва оёти илоҳиро таҳлил ва барраси накунанд ва оёти муташобеҳро аз муҳкамот тамйиз надиҳад дар ҳақиқат боз ҳам худро аз неъмати Қуръон маҳрум сохта аст).
Имом Содиқ(а) мефармоянд: Худованд ду ҳуҷҷат бар мардум қарор дода аст, ки ба василаи онҳо аз инсон бозхост мекунад, ҳуҷҷати ошкор, ки ҳамон Пайғамбарон ва фиристодагон ва пешвоён динанд ва ҳуҷҷати пинҳон, ки ҳамон ақл ва хирадҳое аст, ки дар мардумон қарор дода аст.
Устод Ҷаводии Омулӣ. Ваҳй ва нубуват дар Қуръон сафҳаи 31